Сабукдӯш кардани мудирони кафедраҳо, муовин ва деканҳо танҳо ба хотири синну сол, аз рӯйи адолат нест. Зеро эшон таҷрибаи бузурги методӣ ва педагогӣ доранд, аммо ҷавонон бошанд, аз лиҳози донишу таҷриба ба онҳо баробар шуда наметавонанд…
Роҳбарияти донишгоҳи давлатии Кӯлоб (ДДК) 23 нафар аз устодонеро, ки сину солашон ба нафақа расидааст ва дар асоси шартнома дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доштанд, аз вазифа сабукдӯш намуд.
Бино ба иттилои Абдуллоҳ Табаров, ректори донишгоҳ, ин амал тибқи як номаи расмии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон рӯйи кор омадааст. Ба ҷойи эшон мутахассисони ҷавон интихоб ва таъин гаштаанд. Оқои Табаров афзуд, сабукдӯшгаштагон як академик, 15 доктори илм ва 5 номзади илм мебошанд: «Аммо онҳо фонди тиллоии донишгоҳ мебошанд ва барои рушду пешрафту сифати таълим маъмурият аз кори эшон истифода хоҳад бурд. Яъне, ин устодон ҳатман ба кор фарогир мешаванд ва дар тарбияи донишҷӯён саҳмгузор мемонанд».
Амалиёти сабукдӯшкунии устодони кӯҳансол дар ДДК-ро коршиносон ҳар гуна баҳогузорӣ мекунанд. Баъзеҳо ба ин назаранд, ки сабукдӯш кардани мудирони кафедраҳо, муовин ва деканҳо танҳо ба хотири синну сол, аз рӯйи адолат нест. Зеро эшон таҷрибаи бузурги методӣ ва педагогӣ доранд, аммо ҷавонон бошанд, аз лиҳози донишу таҷриба ба онҳо баробар шуда наметавонанд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз дигар соҳибаназарон мегӯянд, устодони кӯҳансол ҳарчанд доктору номзади илм ҳам бошанд, аммо самти фаъолияташон ҳанӯз «просоветӣ» мебошад, ки дар замони навин ва асри 21 тақрибан нодаркор мемонад. Аз ин хотир, ҷалби мутахассисони ҷавон дар вазифаҳои роҳбарӣ дар донишгоҳ саривақтӣ ва мувофиқ ба талаботи замон аст.
Гуфтанист, замони соҳибвазифа будани ин олимон, даҳҳо тан аз донишҷӯён дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар берун аз ҷумҳурӣ қарор доштанд, вале чун донишҷӯ аз курс ба курс мегузаштаанд. Ректорони собиқи ДДК баробари ба мансаб расидан, ин камбудиҳоро ошкор кардаву дар нишастҳои матбуотӣ барои журналистон аз он хабар ҳам медоданд. Аммо бо гузашти солҳо, ин мушкил ҳалли мусбати худро наёфт ва донишҷӯёни «муҳоҷир» ҳанӯз ҳам роҳат аз курс ба курс мегузаранду соҳиби диплом мешаванд.
Абдуллоҳ Табаров, ректори тозатаъини донишгоҳи мазкур мегӯяд, «тибқи санҷиши комиссияи махсус аз шӯъбаи таълимӣ муайян гардид, ки 21 нафар аз донишҷӯён дар муҳоҷиратанд, аммо номи онҳо дар журнали синфи сабт аст.
Аслиддин Достиев
РS: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (дар гузашта- Институти педагогии шаҳри Кӯлоб) соли 1947 таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир ин ҷо 350 омӯзгор ба 7 ҳазор донишҷӯ дарс медиҳанд. Ин мактаби олӣ 8 факултаву 34-кафедра дорад ва барои истеҳсолот аз рӯи 34 ихтисос корманд омода менамояд.