Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим қонунҳои миллӣ буда, ба монанди обу ҳаво заруранд.
Дар ин бора Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-декабр зимни як нишасти хабарӣ, ки аз фаъолияти солонаи ин ниҳод маълумот медод иброз дошт.
Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини кишвар афзуд: “Мо дар таҷрибаи 21-солаи давлатамон ду қонуни миллӣ қабул карда будем, яке Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дигаре Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд. Ин қонун барои он аст, ки мо барои фарзандон шароит муҳайё кунем, то илм омӯзанд.таърихи шашҳазорсолаи давлатдории инсоният собит кардааст, ки илм наҷоти инсоният аст. Ҳамин қонун таъкид бар он дорад, ки фарзандро пеш аз ҳама илм омӯхтан даркор. Ислом ҳам илм омӯхтанро фарз ҳисоб кардааст”.
Номбурда иброз дошт, ки дар бисёре ҳадисҳои дигар мақом ва мартабаи илмро баландтар аз ибодат гузоштаанд. Ҳадафи қонун аз он иборат аст, ки мо фарзандонамонро илм диҳем, дониш диҳем, басавод кунем.
Ба назари оқои Холиқов Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бамаврид қабул гардида, он ба мисли обу ҳаво дар ҷомеъаи имрӯза зарурат дорад: “Қонун ҳам аз назари ахлоқӣ ва ҳам аз назари ҳуқуи байналмилал ва ҳам аз ҳисоби ояндабинӣ барои давлати Тоҷикистон, пеш аз ҳама барои мову шумо ва фарзандонамон мисли обу ҳаво зарур буд”.
Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини кишвар дар ҳоле аз зарурати Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд сӯҳбат мекунад, ки он рафтани ҷавонони синашон аз 18 поинро ба масҷид манъ мекунад.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос ва собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон дар арафаи татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба расонаҳои хабарӣ гуфта буд: “Намоз фарз аст ва ба масҷид рафтани аз дувоздаҳсола боло барои касоне, ки мусулмон ҳастанду эътиқод доранд воҷиб мебошад. Бинобар ин, ҷавонони аз 13 то 18-сола аз дидгоҳи шариат шахсони оқилу мукаллафу болиғ ҳастанд. Намози ҷамоъат рафтани онҳо воҷиб аст. Манъ кардани онҳо аз намози ҷамоъат гуноҳи кабира аст ва ҳар касе инҳоро манъ мекунад, ба ҳамон таҳдиди илоҳӣ, ки дар сураи Бақара Худо мегӯяд, кист золимтар аз касе, ки манъ мекунад мардумро аз ибодат дар масҷидҳои Худо, дохил мешавад”.
Аммо ҷаноби Холиқов мегӯяд, кӯдак (то 18-сола) ҳақ надорад муассиси иттиҳодияи динӣ бошад ва дар фаъолияти маъмурии иттиҳодияи динӣ иштирок намояд.
Инчунин, ба фаъолияти таблиғи динӣ, кӯдак тибқи конвенсияи байналмилаӣ, мутобиқ ба хулосаҳои Созмони Милали Муттаҳид ин ҳанӯз тифле аст, ки ҷаҳонбинии диниии ӯ ба пуррагӣ пухта нарасидааст ва ӯ дар доираи оила тарбия меёбад. Бинобарин кӯдаконро истифода бурдан дар кори таблиғоти дин ё дар кори ақидаи дингаравӣ, ё ба сӯйи дингаравидан қонун манъ мекунад. Давлат аз рӯйи ақлу хирад ҳам вазифадор аст, ки иҷозат надиҳад.
Аҷобат дар он аст, ки дар ҷомеъаи муосир афроди аз 14-сола болоро наврасон ва ё ҷавонон мегӯянд, аммо бар пояи “қонуни миллӣ”-и мо 18-солаҳо ҳанӯз ҳам кӯдак маҳсуб мешаванд. Аҷиб нест?
Ибодуллоҳи Тоир,
Абдулғанӣ Абдулваҳҳоб