Ба ифтихори 60-солагии сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии самбо
Ӯ
нафарест оддӣ, заминӣ ва хоксор. Мардест, ки исми Тоҷикистонро борҳо дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст. Нафарест, ки шогирдонаш пайваста дар сабқатҳои Осиё ва ҷаҳон мақомҳои сазоворро ишғол мекунанд. Нафарест, ки тайи 40 соли фаъолият дар риштаи варзиш беш аз 300 маротиба шогирдонаш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, байрақи Тоҷикистонро баланд бардоштаанд. Фарзандонаш ҳам парчамбардори Тоҷикистонанд. ? нафарест, ки пайваста кӯшиш мекунад, шогирдонаш рӯҳафтода нашаванд ва умед мебандад, рӯзе ҳатман меҳнати ӯ ва шогирдонашр қадр мешавад.
Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хисравов, Умед Раҳматуллоев, Комроншо Устопиров, Бобоҷон Зоиров, Қиёмиддин Авазов, Нозим Охиров, Азизи Ризвон, Қандилҷони Рустамзода, Зайналобуддинов аз шумули шогирдони номдори Маҳмадшариф Сулаймонов ҳастанд, ки пайваста дар сабқатҳои ватаниву байналмилалӣ муваффақ мешаванд.
Маҳмадшариф Сулаймоновро аксарият чун паҳлавони номдори Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Аз хӯрдӣ варзишро дӯст медошт, балки ин шуғлро аз гузаштагонаш мерос гирифтааст. Бобояш Амонат Муҳаммадгиёев, падараш Муҳаммадсулаймон Амонатов ва бародаронаш ҳамагӣ гуштигирони номдор буданд.
Маҳмадшариф ҳам паҳлавони даврони худ аст.
Маҳмадшариф Сулаймонов баъди хатми мактаби миёна ба шаҳри Душанбе омада ба факултаи Физика ва математикаи Донишгоҳи педагогии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳояшро месупорад. Баъди чанд моҳи таҳсил донишгоҳто тарк карда, соли 1970 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дохил мешавад. Донишкадаро ҳамроҳ бо Саидмӯъмин Раҳимов хатм мекунад. Чанд муддат дар донишгоҳ ба ҳайси муаллим кор кардааст.
Аз суҳбат бо хешони наздики Маҳмадшариф дарёфтем, ки ба ғайр аз гуштигирӣ ҳунари овозхонӣ ҳам доштааст. Овони мактабхонӣ ҳамеша дар кружоки худфаъолиятии мактаб ва кружокҳои байнимактавӣ дутор навохта, сурудхонӣ мекардааст.
Саидмаҳмуд Саидаброров, яке аз ҳамкасбони Маҳмадшариф Сулаймонов мегӯяд, 40 сол аст, ки ӯро мешиносад. "Соле, ки ба Донишкадаи варзиши Тоҷикистон дохил мешудам устод Маҳмадшариф ҳамон сол имтиҳони дохилшавии моро қабул карда буданд. Аз ҳамон замон ӯро мешиносам. Дар шахси Сулаймонов як нафари хоксору заминиро мебинам. Нисбати шогирдонаш ғамхор буда, ба онҳо ҳам тамрин медиҳад, ҳам дарси одобу маданият меомӯзад".
Акмалиддин Каримов, ки тули 12 сол аст дар тарбияи Маҳмадшариф Сулаймонов асту пайваста бо роҳбарии ӯ машқу тамрин мекунад, яке аз муваффақтарин шогирдони
ӯ мебошад. Акмалиддин, устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, қаҳрамони секаратаи чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва ҷавонон, барандаи ҷойи сеюми чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон, ду карат чемпиони ҷаҳон байни ситораҳои ҷаҳон, ҷойизадори нишони нуқраи Ҷоми ҷаҳон миёни калонсолон, дар солҳои 2011-2012, ду карат чемпиони Осиёи миёни ҷавонон ва калонсолон ва ду карат чемпиони Осиё миёни наврасон аст. Акмалиддин мегӯяд, ҳарчанд устоди мо одами заминӣ ва хоксор аст, вале ҳангоми тамрин бисёр самимӣ ва сахтгир мебошад: "Масалан аз миёни мо шогирдон ҳар касе, ки набошад ва чӣ муваффақияте надошта бошад, агар ба машқ дер ояд ва тамринашро дар вақташ иҷро накунад, сарзаниш мекунанд. Бо вуҷуди ҳамаи сахтгириҳояшон устод бисёр меҳрубон ҳам ҳастанд, доимо моро дилбардорӣ намуда мегӯянд, ки рафту дар ягон мусобиқа шикаст хӯрдед дилшикаста нашуда, баръакс пайваста кӯшиш намоед, то дар сабқатҳои байналмилалӣ бештар ширкат намоед ва нуфузи Тоҷикистони азизро боло бардоред. Маҳз ҳамин сахтгириҳо ва меҳнатҳову меҳрубониҳои ӯ буд, ки мо шогирдонаш дар арсаи ҷаҳон номбардор ва парчамбардори кишвари хеш шудем".
Собир Сулаймонов, писари Маҳмадшариф мегӯяд, падараш дар вақтҳои холӣ ба кабкбозӣ машғул мешавад ва бештари вақти худро ҳамроҳи наберагонаш мегузаронад.
Маҳмадшариф Сулаймонов аз шогирдонаш умеди зиёд дошта, мегӯяд дар оянда ният дорад, шогирдонаш қулаи тайкардаи Саймуъмин Раҳимовро фатҳ намоянд.
Маҳмадшариф Сулаймонов 25 дафъа қаҳрамони Тоҷикистон дар намудҳои гӯштии миллӣ ва самбо аст. 28 маротиба дар мусобиқаҳои умумииттиҳодӣ (ҳозира байналмилалӣ) дастболо шудааст. Се карат чемпиони ҷаҳон байни устодон мебошад.
Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гуштии миллӣ, Устоди Иттиҳоди шуравӣ дар намуди самбо ва ҷудо, Устоди шоистаи варзиш Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гуштии самбо, мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон, Довари дараҷаи байналмилалии сифати олӣ.
Маҳмадшариф Сулаймонов 1-уми январи соли 1953 дар деҳаи Рованди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Ҳамагӣ баъди чанд рӯз ба сини мубораки 60 қадам мегузорад. Ба ин муносибат ӯро самимона табрик мегӯем!
Ибодуллоҳи ТОИР