Аммо ҳамин бародарӣ ба чӣ хотир ва барои кию чӣ зарур мебошад, то ҳол касе дарк карда наметавонад. Бародарони бузургу пешрафтаи дунё, Ҳамадонии Эрон ва Намури Белгиё, ки тақрибан аввали ҳамин аср бо Кӯлоб риштаи дӯстиву аҳди бародарӣ намуда буданд, баъди имзои шартномаву паймон, дигар парвои Кӯлоб накардаанд. Ва баръакс, Кӯлобшаҳр ҳам дигар ёди он бародарон накардаву ва бегумон, ёд ҳам нахоҳад кард.
Аз ин шаҳрҳои бародар танҳо дар Кӯлоби Тоҷикистон шояд дар кадом утоқи корманди ҳукумате ва ё осорхонае Паймони бародарии ин шаҳрҳо боқӣ монда бошад ва ё монад, вале дигар аз ин бародарӣ чизе боқӣ нахоҳад монд. Болоиҳамрафта, шаҳри овозадори Қунияи Туркиё аввали ҳамин ҳафта бо Кӯлоб риштаи бародарӣ бипайваст. Баъди ин аҳд, тақрибан дар ҳама ҷо аз ин бародарӣ сухан мекарданд.
Аксарият, воқеан мардуми оддӣ, хушҳол аз он буданд, ки шаҳрдори Кӯлоб, ки дар сафари кории президенти Тоҷикистон ҳамроҳ буд, ин паймонро ба имзо расонидаву шояд дар оянда ин аҳд ба пешрафти Кӯлобшаҳр мусоидат намояд. Вале, некназарон аз муносиботи бародарии собиқ ду бародаршаҳри дигар қоиланд, ки аз бародари саввуму дигар бародаршаҳрҳои навбатӣ чизеро набояд интизор шуд.
Ба пиндори оқилон, нашояд аз бародаршаҳрии кадом давлате манфиате ҷуст, зеро дар ҳич давру дар ҳич замон набуду нест ҳолате, ки барои фоидаи дигаре кореро ба анҷом расонид. Аз назари як хонандаи мактаби миёна бо номи Сафархон, «Кӯлоб бо шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ҳам бародаршаҳр гашта буд. Аммо баъди имзои шартнома, дигар бародарон пурсони ҳолати якдигар нестанд, агарчӣ ҳамхунанд. Чӣ расад ба бародаршаҳрии кадом давлати бегона».
Воқеан, гумон меравад бародаршаҳрӣ имрӯзҳо ба бародарии инсонҳо якранг гаштааст. Замони ахир, бародарони ҳамхуну аз як падару модар омада, дигар мушфиқу дастгири якдигар нестанд. Як нафаре қасру кушк бунёд мекунаду кушиши дар ҳар шаҳру ноҳияе хонасозӣ дорад, аммо бародарони ҳамширааш дар қашоқиву бечорагӣ, мӯҳтоҷ ба бурдаи ноне ба сар мебаранд. Бародари доро аз ҳоли эшон ҳич пурсоне намешавад, агарчӣ миёни бегонагон лофи бародариву дӯстӣ мезанад. Гузашта аз ин, худро шарики шодиву ғами бародарон унвон мекунад. Куҷо расад ба бародарии аҷнабие, он ҳам бошад дар сурати шаҳрҳову давлатҳо…
Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон бар он назаранд, ки Қуния яке аз шаҳрҳои таррақикардаву саноатии Туркиё буда, баъди бародар гаштанаш ҳатман барои Кӯлоби Тоҷикистон судгузор мегардад. Ин шаҳр гуё метавонад дар рушди саноати Кӯлоб мусоидат намояд. Вале гурӯҳи дигар бар онанд, ки Қуния метавонад Кӯлобро ба манфиати худ, дар тиҷорати молу колояш истифода барад.
Гумони ғолиб бар он аст, ки ин шаҳри бародар ҳам дигар Кӯлобу Тоҷикистонро ба як бор аз ёдҳо берун хоҳад кард, мисоли эрониҳову белгиёгиҳо ва ё ба монанди бародарии инсонҳо, танҳо аз манфиати худ кор гирифта, вале сарбаландона миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷор хоҳад зад, ки «бародаршаҳри тоҷикии худро» дастгир шудааст.
Воқеан, Тоҷикистонро дарси кӯҳна ҳанӯз фаромӯш нагаштааст, ки 15-ҷумҳурии бародар дошту тайи беш аз 70 сол қафомондатарин аз бародарон буд, агарчӣ имрӯзҳо собиқ бародарон лоф мезананд, ки Тоҷикистонро кумакҳо кардаанд.
Аслиддин Достиев