Ҳаҷми сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба 48 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ, ҷаласаи 3-юми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор гардид.
Зимни ҷаласа масоили рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва ахборот оиди Анҷумани иқтисодӣ бо унвони «Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон: Имкониятҳои рушд», ки 14 -уми сентябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, муаррифӣ гардиданд.
Айни ҳол бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар кишвар чор минтақаи озоди иқтисодӣ, «Панҷ», «Данғара», «Суғд» ва «Ишкошим» созмон ёфтаанд. То имрӯз дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 14 хоҷагӣ ва дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 2 хоҷагӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми сармоягузориҳояшон дар ин минтақаҳо 48 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои расмӣ, минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор доранд. {jathumbnail off}