18-уми декабр дар аксари кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон «Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон» ҷашн гирифта мешавад.
Чанд рӯз қабл дар саросари ҷумҳурӣ ба муносибати ин сана силсилачорабиниҳои мухталиф доир гардид ва дар назар аст, ки фардо низ идома ёбанд.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон гуфт, дар баробари Тоҷикистон дар бисёр мамлакатҳои дигар ин рӯз ҷашн гирифта шуда, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар навбати худ паҳн намудани маълумотҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии муҳоҷиронро бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои гуногун ва семинарҳои корие, ки қонун дар бораи муҳоҷиронро дар бар мегиранд, саҳми худро мегузоранд.
Рӯзи 18-уми декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзоёни оилаи онҳоро қабул намуд ва дар санаи 4-уми декабри соли 2000 ассамблеяи мазкур Рӯзи байналмилалии муҳоҷирро, ки ҳамасола 18-уми декабр ҷашн гирифта мешавад, ба расмият даровард. Гуфта мешвад, ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳоҷир аз он сарчашма мегирад, ки солҳои охир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми дунё рӯз то рӯз меафзояд.
Ассамблея дар оянда риояи қонунҳои ҳимояи инсон ва озодиҳои асосии ҳамаи муҳоҷиронро муҳим ҳисобидааст.
Сухангӯи Хадамоти муҳоҷират таъкид намуд, ки ҳамасола дар ин рӯз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал меоранд, ки давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи хосаро ба шумораи зиёди муҳоҷирон, ки дур аз ватананд ва дар ҳолати вазнин қарор доранду ба кӯмаку дастгирӣ ва ҳимояти худ эҳтиёҷ доранд, равона созанд.
Номбурда мегӯяд, мувофиқи санҷиши гузаронидаи коршиносон ҳар нафари сиву панҷуми кураи замин муҳоҷир буда, дур аз ватани хеш кору фаъолият дорад: «Бояд зикр намуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун падида таърихи ҳазорсола дорад ва дар ҳама давру замон ин раванд буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷаҳони муосир як раванди ногузир маҳсуб гардида, бархе аз мамолики пешрафта онро ҳамчун василаи табодули таҷриба, тарбияи мутахассисон ва ҷалби сармоя медонанд».
Тибқи омори Созмони байналмилалии муҳоҷират имрӯз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 214 миллион расида ва мувофиқи пешбиниҳои СБМ то соли 2050 ин шумора ду баробар зиёд гардида ба 405 миллион мерасад.
Аз ин хотир, кишварҳои хориҷи дуру наздик ба равандҳои муҳоҷират диққати ҷиддӣ дода, кӯшиш менамоянд то ин равандро танзим ва ба шакли дуруст ба роҳ монанд.
Масъулини Хадамоти муҳоҷират мегӯянд, масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ яке аз афзалиятҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳалли саривақтии худро талаб менамояд. Зеро ба қавли намояндагони ин ниҳоди давлатӣ ҳар сол аз Тоҷикистон ба хориҷа зиёда аз 700 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар равона мегарданд ва онҳо нигарони он ҳастанд, ки мақомоти дахлдори давлатӣ доир ба таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Алишер ЗАРИФӢ