RSF: Барои озодии хабарнигор Усмонов кӯшиш кунед
Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» (RSF) баёнияи навбатиашро дар мавриди Ӯрунбой Усмонов, журналисти боздоштшудаи радиои Би-Би-Сӣ дар шимоли Тоҷикистон ба нашр расонид.
Зимни изҳороти ин ташкилоти байналмилалӣ, ки қароргоҳаш дар Парижи Фаронса воқеъ аст, аз ҷумла омадааст: «Аз ҳамаи ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башар, расонаҳои ҳамагонӣ ва журналистон дар саросари ҷаҳон даъват мекунем, барои озодии фаврии хабарнигори бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов, ки дар маҳбас ба сар мебарад, садо баланд кунанд. Иттиҳомоти нав бар зидди вай бепоя баромад ва ин нақзи озодии матбуот дар Тоҷикистон ба шумор меравад».
Ёдрас менамоем, бино ба хабари дафтари матбуотии ВКД рӯзи 14- уми июни соли равон, кормандони мақомоти интизоми хабарнигори радиои «Би –Би- Сӣ» (BBC) дар вилояти Суғд Ӯрунбой Усмонови 60-соларо бо ҷурми узвият дар ҳизби фаъолияташ табушудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт карданд. Гуфта мешавад, мавсуф аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ин ҳизби ғайриқонунӣ шомил гашта, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст. Дар ҳамин ҳол, Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи вай мегӯяд, «лағви иттиҳоми узвияти вай гувоҳӣ медиҳад, ки нирӯҳои амниятии Тоҷикистон бар зидди вай далели кофӣ надоранд. {jathumbnail off}