Ба гузориши хабаргузории "Форс", гурӯҳҳои ҳомии Мурси ва Қонуни асосӣ аз ҷумла ҳизби озодӣ ва адолат ва салафиҳо хоҳони густардаи муштараки мардумӣ дар ҳамапурсии Қонуни асосӣ ҳастанд ва ин дар ҳолест, ки аҳзоби норозӣ бар мавзеъи худ барои таъвиқи ҳамапурсӣ исрор доранд. Амру Мусо: аз мардум мехоҳем,ки раъйи "на" дар ҳамапурсӣ бидиҳанд
Раиси ҳизби кунгура ва аз аъзои ҷабҳаи наҷоти миллии муориз таъкид кард, ки мавзеъи вай ва ҷабҳаи наҷот ҳамчунон мувофиқат бо лағв ё таъвиқи замони баргузории ҳамапурсии Қонуни асосӣ аст.Вай таъкид кард, ки ба таъвиқ афтодани ҳамапурсӣ мушкилоти зиёдеро ҳал мекунад ва боис мешавад, ки дар мавориди ахлоқии Қонуни асосӣ таҷдиди назар шавад ва фурсат барои баррасии пешниҳодот фароҳам ояд. Амру Мусо таъид кард, ки дар сурати исрор бар баргузории ҳампурсии Қонуни асосӣ, аз шаҳрвандон мехоҳад, ки раъйи " на" бидиҳанд.
Ал-бародаъӣ: ҷабҳаи наҷоти миллӣ ҳануз тасмиме нагирифтааст
Муҳаммад Ал-бародаъӣ, раиси ҳизби Ал- дастур ва аз аъзои ҷабҳаи наҷоти миллии муоризи Миср эълон кард, ки муборизаи мусолиматомез то расидани миллат ба беҳтарин пешнависи Қонуни асосиро идома медиҳанд, ба вижа ин ки 70% мардуми Мирс хоҳони ихвонӣ ё салафӣ ҳастанд.Вай афзуд, ки ҷабҳаи наҷоти миллӣ ҳануз барои таҳрим ё мушорикат дар ҳамапурсӣ нагирифтааст.Ал-бародаъӣ изҳор дошт, ки дар сурати ба таъвиқ афтодани ҳамапурсии Қонуни асосӣ омодааст бо Муҳаммад Мурси- раиси ҷумҳури ин кишвар вориди гуфтугӯ шавад. Вай афзуд, мумкин ас,т миллати Мисрро ба додани раъйи "на" ба Қонуни асосӣ фаро бихонад, аммо беҳтар аст баргузории ҳамапурсӣ ба таъвиқ биафтад. Вай таъкид кард, ки замони мушаххасе барои гуфтугӯ бо Мурси надорад, аммо агар ҳамапурсӣ ба таъвиқ афтад , ҳозир аст бо Мурсӣ гуфтугу кунад.
Абул-фатуҳ: ба ҳамапурсии Қонуни асосӣ раъйи манфӣ медиҳем
Номзади собиқи раёсати ҷумҳурии Миср эълон кард, ки ҳизби " Мисри қавӣ" таҳти раҳбарии вай ба далели нодида гирифта шудани хостаҳои инқилоби 25 январ дар Қонуни асосии ҷадид дар ҳамапурсии рузи шанбе раъйи манфӣ хоҳад дод.
Абдулмунъам Абулфатуҳ бо интишори баёнияе эълон кард: ҳизби "Мисри қавӣ" аз миллат мехоҳад, ки дар ҳамапурсии рузи шанбе ба пешнависи Қонуни асосӣ раъйи манфӣ бидиҳанд.Бар асоси ин гузориш, ҳизби исломгарои миёнарави "Мисри қавӣ" оғози таблиғоти манфӣ алайҳи тасвиби пешнависи Қонуни асосии ҷадидро таъид кард ва муддаӣ шуд, ки Қонуни асосии ҷадид аҳдофи инқилобҳои 25 январро муҳаққақ намесозад. Муассиси ҳизби Мисри қавӣ ҳамчунин таъкид кард: ин ҳизб шеваи тадвин ва тасвиби ин санади миллиро маҳкум ва аз инки аҳзоби сиёсиро водор ба пазириши вазъи мавҷуд кардаанд , интиқод мекунад.
" Ҳизби ислоҳ ва тавсеа" хостори мушорикати мардумӣ ва эътои раъйи манфӣ шуд
Намояндаи собиқи порлумон ва раиси ҳизби ислоҳ ва тавсиа ва узви истеъфододаи маҷлиси муассисон таъкид кард, ки тасмим дорад дар ҳамапурсии Қонуни асосӣ ширкат карда ва ба он раъйи "на" бидиҳад. Муҳаммад Анваруссодот афзуд: ин мавзеъи сареъи ман аст ва ман аз мардум мехоҳам, ки мувофиқ ё мухолиф дар ҳамапурсӣ ширкат кунанд ва ба натоиҷи сандуқи раъй эҳтиром бигузоранд.
Ҳизби Ал-вафд: пойбанди тасмимоти " ҷабҳаи наҷоти миллӣ" ҳастем
Алсайд Ал- бадвӣ, раиси ҳизби Ал-вафд, ки дирӯз бо Муҳаммад Мурси дидор кард, таъкид кард, ки ин ҳизб пойбанди мавзеъҳои ҷабҳаи наҷоти миллӣ ва тасмимоти он дар хусуси Қонуни асосӣ ва ҳамапурсӣ аст. Вай таъкид кард, ки ба таъвиқ афтодани ҳамапурсии Қонуни асосӣ боби гуфтугуи миллӣ барои расидан ба Қонуни асосии мавриди тавофуқи миллиро боз мекунад.