Бо гузашти беш аз 20 сол аз истиқлолияти кишвар ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани мизони зиндагӣ ва таъмини сарчашмаҳои моддӣ барои шаҳрвандон тадбири дурусте роҳандозӣ нашудааст.Ҳарчанд, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҳамаи маҷлису нишастҳои ҳукуматӣ ва мулоқотҳояш бо сокинони кишвар сари ин масъала сӯҳбат мекунад ва супориш медиҳад, аммо барои бархе масъулин, «аз ин гӯш ба ун гӯш…» Дуруст аст, ки дар поён, масъулони шаҳру навоҳӣ ба ҳангоми пешниҳоди президент дар марҳилаи аввал, аниқтараш соли нахуст баҳри «дар амал татбиқ намудани супориши Ҷаноби олӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд», аммо бо гузашти танҳо як мавсим, дигар касеро парвои амру супориши президенту ҳукумат нест. Зеро, дигар аз боло ҳам нафари масъуле аз ин пешниҳодҳои муфиду саривақтӣ ва ҳатто амру фармони сардори давлат пурсон намегардад ва он (амру супориш) аз фикрҳову масъулиятҳо дур мемонад.
Таври мисол як намуна меорем, он ҳам дар мавриди кишти такрории заминҳо. Мусаллам аст, ки президент ҳарчанд масъулияти аз ин болотарро дорад, вале барои беҳтар шудани некӯаҳволии сокинон пешниҳод кард ва супориши қатъӣ дод, ки дар майдонҳои кишт, кишти дубора ва себораи маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ монанд. Соли гузашта кишоварзони навоҳии минтақаи Кӯлоб аз ин супориш ҷонибдорӣ намуда, чандин ҳазор гектарро кишти такрорӣ карданд. Ба масал, соли 2011-ум соли меҳнати зарбдор, ё худ «ударний год» барои раисону хоҷагидорону кишоварзон буд.
Тақрибан, дар ҳамаи навоҳии минтақа хоҷагие набуд, ки кишти такрории маҳсулотро ба роҳ намонда бошад. Аммо мушоҳида ва далелҳо нишон доданд, ки ҳамаи ин омор нодурусту ғалат буданд. Зеро то имрӯз нест ноҳияе, ки дар бозорҳояш маҳсулоти истеҳсоли худӣ ба савдо бароварда шавад. Ҳатто дар мавсим (сезон)-и ҳосилғундорӣ ҳам, бозорҳои ҷумҳуриро меваву сабзавоти хитоиву покистонӣ, эрониву ҳиндӣ ва ҳатто африқоиву русӣ пур кардаву тамоми сол канда намешавад. Пас, он оморе, ки масъулини шаҳру навоҳиву вилоят ва вазорати кишоварзӣ бо ифтихор пешниҳод менамоянд, дурӯғу ғалат нест? Чаро боре масъуле намепурсад, ки ин ҳама маҳсулоти омории ғундошта куҷо мешавад? Чаро дар кишваре, ки вобаста бо шароити обу ҳавояш беҳтарин меваву дигар маҳсулоти кишоварзӣ мерӯяд, молу маҳсулоти хориҷӣ бозоргир аст?
Ҳатто бозорҳои навоҳии кӯҳистон, Мӯъминободу Шӯрообод ва Балҷувону Ховалинги вилояти Хатлон, ки воқеан замоне бо меваҳои ширинаш ангуштнамо буданду ҳам сабзавоту картошкаву пиёз кишт мекарданд, имрӯз пуропури себу картошкаву пиёзи хориҷӣ гаштаанд. Вале агар оморро варақ занӣ, ҳуш аз сарат мепаррад. Зеро, дар он истеҳсоли садҳо тонна меваву картошка нишон дода шудааст ва агар ҳамин маҳсулоти нишондодашуда дуруст мебуду дар бозорҳои худӣ ба савдо бароварда мешуд, бегумон тамоми навоҳии минтақаи Кӯлобро басанда мебуд.
Имсол бошад, дар ҳоле, ки аз идораҳои кишоварзӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар мавриди гузаронидани кишти такрорӣ пурсон мешудем, масъулин ҳайрон ва баъзан, ҳатто хандида савол медоданд, ки ҳоло ҳам аз кишти такрорӣ мепурсед? «Хайр дурнамо ҳаст, онро пурраву барзиёд иҷро мекунем, кишти такрорӣ ҳам мегузаронем, ҳосили хуб ҳам мегирем. Аммо намешавад ҳамаро барои кишти такрорӣ гузаронидан маҷбур кард. Деҳқон бо зораву зӯрӣ кишт мекунад, фоидаро худаш мебинаду даъвояш болои сари мо».
Ин аҷиб аст, не?
Дар ҳамин ҳол, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дурнамои кишти такрорӣ дар аксари маврид иҷро намегарданд ва масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ барои «гап нашунидан аз боло», ба изофанависӣ даст мезананд. Ҳатто маълумоти идораҳои зердаст бо ҳам мувофиқ намеоянд. Барои мисол, тибқи иттилои Мирзоалӣ Ҳакимов, сардори идораи кишоварзии шаҳри Кӯлоб, соли равон дар ноҳия дар майдони 2004 гектар кишти такрории маҳсулот гузаронида шудааст, ки нақшаи пешбинишуда 100 фоизи бутун иҷро гардидааст.
Аммо Тоҳир Саидов, раиси кумитаи заминсозии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, мутобиқи ченаки кормандони ин идора ҳаҷми умумии майдони кишти такрорӣ дар Кӯлоб 1589 гектар будааст. Вале идораи дигари давлатӣ, кумитаи омори шаҳр, ба тасдиқи ҷаноби Саидов, ин оморро 1431 гектар нишон додааст. Ба ҳамин монанд, дар ҳамаи навоҳии минтақа маълумот оид ба гузаронидани кишти такрорӣ дар мувофиқа нестанд.
Ноҳияи Муъминобод бо ҳисоби кумитаи заминсозӣ дар 297 га кишти такрорӣ, омор бошад, онро 70 га, ноҳияи Восеъ, кумитаи заминсозӣ 2578 га, омор 2726, ноҳияи Ҳамадонӣ кумитаи заминсозӣ 3654 га, омор 3620-га, ноҳияи Фархор, кумитаи заминсозӣ 3730 га, омор 3800-га, Данғара кумитаи заминсозӣ 1631 га, омор 1651 га маълумот пешниҳод мекунанд.
Аз маълумоти гуногуни идораҳои давлатӣ бармеояд, ки онҳо аз ҳақиқат дуранду танҳо ба хотири «галочка» ва «гап нашунидан» ҳисобот пешниҳод мекунанд. Зеро, ба дурустӣ медонанд, ки ин омор танҳо ба хотири маълумот ҳасту бас. Дигар аз ягон ҷониб аз он санҷиш ва назорат бурда намешавад ва низ касеро парвои он нест. Дар ҳамин ҳол, саволе ба маврид аст, ки ба кӣ ва барои чӣ лозим аст омори росту ғалат?
Аслиддин ДОСТИЕВ