Бо таваҷҷӯҳ ба як соли фаъолияти идораву вазоратхонаҳои Тоҷикистон ва бурду бохти ҳукумат, "Озодагон" пурсиши мазкурро дар миёни коршиносон гузошт. Инак, посухи эшон:
Сайфулло Сафаров, муовини раиси МТСДар маҷмуъ фаъолияти хуб дошт. Ба назарам аъзои Ҳукумат ҳамин сол аз чорабиниҳои зиёд аслан хоб надоштанд. Лекин шояд барои баъзеҳо ин маълум набошад.Чунки онҳое, ки газета намехонанд, телевизор тамошо намекунанд, аз рӯзномаҳои оппозитсионӣ маълумот мегиранд, худашон шаҳрвандони фаъол нестанд, фикр кунанд, ки ҳукумат кам кор мекунад. Лекин одами чашми сар дошта ва аз рӯи овозаҳо хулоса намекардагӣ наметавонад гуяд, ки Ҳукумат кам кор кард. Агар нақшаҳои Ҳукуматро бо супоришҳои Президент дар вақташ иҷро кунанд, захираҳои кадриву молиявӣ расанд аз Ҳукумати мо дида Ҳукумати фаъол нест. Лекин бояд донист, ки Ҳукумат дар кадом шароит фаъолият дорад ва чи қадар захираҳои молиявӣ, техникӣ, кадрӣ ва иқтисодӣ дорад. Вобаста ба имкониятҳои мавҷуда Ҳукумат корҳои зиёдеро анҷом дод, ки дар аввали соли 2013 раиси Ҳукумат дар ҳисоботи хеш онҳоро барои халқи Тоҷикистон нишон хоҳад дод. Он вақт баҳо диҳем беҳтар аст.
Дилшоди Абдумаҷид, муҳаррирСоли аввал нест, ки Ҳукумат ҳадафҳои стратегиашро таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ эълон мекунад. Дар ин самт, пеш аз ҳама, Ҳукумат вазифадор аст, ки ислоҳоти оғозёфта ё эълоншуда ва афзалиятҳои муқарраргардидаро тадриҷан амалӣ намояд. Аммо мутаассифона, дар баъзе самтҳо ин барномаҳо суст амалӣ мешаванд. Масалан, ҳамасола бо ширкати президент даҳҳо корхонаҳо барои таъмин кардани ҳамватанон бо ҷойи кор ва паст кардани шумораи бекорону сатҳи камбизоатӣ ташкил мешавад, вале тавре мебинем, баъди чанд моҳи кушодашавӣ бештари ин корхонаҳо бо мушкили гаронии андоз ва ё дастрас накардани ашёи хом ва ё фурӯши маҳсулот, ки он низ ба ситонидани андоз алоқамандӣ дорад, баста мешаванд. Аз ин ҷиҳат Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти дохилӣ хуб мебуд, як муддат ба корхонаву соҳибкорон имтиёзҳо муҳайё мекард. Боло рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия низ гувоҳӣ он аст, ки ҳадафи расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ зери суол мебошад. Дар масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ. Такя кардан ба назарҳо ва хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ дар сохтмони НОБ-и Роғун ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурде, ки мавсимӣ ҳастанд, ҳеч гоҳ моро ба ин ҳадаф намерасонад. Баъдан, дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои калон Тоҷикистонро зарур мебуд, ки ба ҷалби қувваи зеҳнӣ диққат дода, дар баробари гидроэнергетика аз нерӯҳои бодиву офтобӣ низ самара барад. Ягона ҳадафе ки имрӯз каму беш метавонем аз расидан ба он сифат кунем, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ аст. Ҳоло дар баробари роҳҳое, ки аз давраи Шуравӣ монда буданд, Тоҷикистон якчанд роҳи дигар барои баромадан ба бозори ҷаҳонӣ сохт, вале ба куҷо ва бо кадом хароҷоту мушкил? Айни ҳол, лоиҳаи сохтмони роҳи байналхалқии оҳан дар назар аст. Ба назари камина агар ҳамин лоиҳа амалӣ мешуд, баромадан аз бунбаст барои маҳсулот ва мусофирони мо осонтар мегашт. Табиист, ки сиёсати хориҷии ҳукуматро наметавон дар чанд сухан ин ҷо шарҳи дуруст дод, вале баъди мулоқоти президентони Тоҷикистону Русия дар моҳи октябри соли ҷорӣ ва имзои созишномаву ёддоштҳои миёни ҳарду давлат аз тарафи масъулини ҳукумати Тоҷикистону Русия гуфтан мумкин аст, ки он барои ҳукумати Тоҷикистон бурд набуд. Шахсан каминаро фаъолияти ҳукумат дар соли 2012 қаноатманд накардааст. Албатта, ин ҷо зиёд гуфтан мумкин аст, вале дар умум кори ҳукуматро аслан амалҳои коррупсионӣ ва ғайриҳирфаӣ будани чиновникони давлатӣ дар пеши ҷомеа ғайриқаноатбахш нишон медиҳад.
Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣФикр намекунам, ки имсол нисбат ба соли гузашта ягон пешравие рух дода бошад. Агар нишондодҳои макроиқтисодиро гирем, дар ҳамон сатҳе, ки порсол қарор дошт, дар ҳамон дараҷа қарор дорад. Дар имсол давлат тасмим гирифта буд, то моҳонаи бознишастагон ва коргарони институтҳои илмиву таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳоро зиёд гардонад, вале ин зиёд карданро мардум хеле эҳсос накардааст. Бо чанде аз нафақахӯрон ман сӯҳбат кардам, дар ҳадди 10 то 15 фоиз нафақаашонро зиёд карданд. Ин ваъдаҳое, ки давлат дода буд, шояд охири имсол ё соли оянда иҷро шавад, ҳол он ки моҳи сентябр ин ваъдаро дода буд. Дуввум, масъалаи аслии дигаре, ки буд, ин зиёд кардани тавлид ва фурӯши маҳсулот дар бозори хориҷа буд, аммо ин ҳам дар ҳамон сатҳи соли гузашта ва солҳои пешин аст. Мо дар ин муддат корхонае насохтем, ки гӯем, мо метавонем маҳсулот ё ашёи хомро ба бозори ҷаҳонӣ барорем. Вазъияти энержии Тоҷикистон ҳам дар ҳамон поя аст. Агар Сангтӯдаи 2 - ро ба инобат нагирем, ки порсол барқи зиёд намедод. Моҳонаи мардуме, ки давлат ваъдаи зиёдшавияшро дода буд, дар бахшҳое ҳанӯз зиёд нашудааст. Аз сӯи дигар таварруме, ки дар Тоҷикистон ҳаст, зиёд кардани муздро аз тарафи давлат мехӯрад. Агар бо 100 сомонӣ порсол он маҳсулотеро мехаридем, имсол ҳам бо 130 сомонӣ ҳамон маҳсулотро мехарем. Сатҳи таваррум боло рафтааст, ин ҳам вобаста ба он аст, ки маҳсулоти истеҳсолии мо хеле кам аст ва ба бозор мол кам мебарорем.Тавозуни савдои хориҷии мо соли гузашта манфӣ буд, имсол низ манфист, ба он маъно, ки мо солона 3 миллиард доллар коло ворид кунем, ҳудуди 1 миллион доллар коло ба берун содир мекунем. Ба ҳамин хотир тавозуни савдои мо манфист. Вақте, ки тавозуни савдои хориҷии мо манфист, дар бораи пешрафти иқтисод гуфтан хеле мушкил аст.
Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони ҷамъиятии "Перспектива"Фаъолияти ҳукумат аз рӯи натиҷаҳо мешавад, мо имрӯз як натиҷаи дуруст ҳам надидем. Дар раванди иқтисодӣ пешравӣ умуман нест. Он ваъдаҳое, ки соли гузашта ҳукумат гуфт иҷро мекунад, накард. Он мушкилоте, ки буданд, барои соли оянда низ истодаанд. Аз ҷумла масъалаи барқ, гаронӣ дар бозор. Масъалаи муҳоҷират низ дуруст ҳал нашуд.
Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири "Минбари халқ"Соли 2012 шояд корҳои зиёде аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, ки ба манфиъати мардум буд. Вале мутаасифона бояд иқрор шавем, бештари корҳое, ки дар ҷумҳурӣ анҷом мешаванд, бо ташаббуси худи президенти кишвар сурат мегиранд. Дар ин замина агар роҳбарияти вазоратҳои масъул низ ин гуна кӯшишҳо ба харҷ медоданд, шояд ба дастовардҳои бештар ноил мегаштем. Ба ғайр аз ба истифода дода шудани бисёре аз иншоотҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, корхонаҳое, ки барои тақвият додани иқтисодиёти кишвар замина фароҳам меоранд аз ҷумла оғоз ба кори ағбаи Шаҳристон буд, ки имкон дод ду қисми Тоҷикистон ба ҳам пайванд гарданд. Ин пеш аз ҳама ба иттиҳоди мардуми ҷануби шимоли Тоҷикистон ва дигар муносибатҳои ҳам тиҷоративу ҳам муносибатҳои дар ҷомеа заминаи хуб фароҳам меоранд. Муҳим ин аст, ки имрӯз мо барои ҷалби сармоягузорӣ кӯшиш кунем. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳатто тамоми кишварҳои пешрафта ба ҷалби сармоя ниёз доранд, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки бо ҷалби сармоя барои пешрафти иқтисодии мамлакат заминагузорӣ кунем. Бояд фазои мусоиди сармоягузориро беҳбуд бахшид. Ба вижа дар бахши тандурустӣ ва маориф, ки мушкилоти зиёде дар онҳо ба назар мерасанд, бояд тағиироти ҷиддӣ ворид шавад.
Табаралӣ Ғаниев, доктори улуми иқтисод
Бо ҷаҳонишавии иқтисодӣ ва сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон ва ҳар як ширкату корхонаи чи хориҷиву чи дохилӣ имконият пайдо менамояд, ки бозори худро пайдо кунад. Агар корхонаи давлатӣ бошад, бояд супоришоти давлатро иҷро созад. Аз ин дидгоҳ дар шароити навини иқтисодӣ, имрӯз як вижагии муҳиме, ки корхонаҳои мо бояд дошта бошанд, ин ҳарчи зудтар ва дуртар дидани стратегияи рушди иқтисодиву иҷтимоии ин ё он соҳа ва ё корхона мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин вақте имрӯз ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон назар меафканем, бисёртар лоиҳаҳои сангин ва дорои маблағи зиёдро бештар корхонаҳои хориҷӣ насиби худ мегардонанд, минҷумла корхонаҳои чинӣ ва туркиву эронӣ. Ин гувоҳи он аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон соҳибкорони мо ба он нуқтаи талаботи рушд нарасидаанд. Ширкатҳои тоҷикӣ бояд 60 то 70 дарсади бозори дохилӣ таҳти тасарруфашон бошад, то имкони бартарияти судоварии иқтисодӣ аз дигар ширкатҳо дошта бошанд. Чун гарчанде ширкати хориҷӣ дар инҷо барои мо кор мекунад, аммо маблағҳои асосӣ, музди меҳнат ва ҷойҳои корӣ ҳама насиби мардуми хориҷ мешавад. Ҳол он ки дар Тоҷикистон талабот ба ҷои кор ва талабот ба фаъолияти касбӣ мавҷуд аст. Аз ин рӯ, вазъи иқтисодии Тоҷикистон маро ҳамчун як иқтисодшинос қонеъ намегардонад. Аз тарафи дигар имрӯз агар ба муносибатҳои ташкили сохториву идоравӣ, соҳаҳои хизматрасонӣ ва соҳаҳои истеҳсолии Тоҷикистон назар афканем, ҳозир ҳам роҳбарони мо аз тарзи кӯҳнаи роҳбарӣ даст накашидаанд. Имрӯз ба кадом соҳае, ки кори шумо афтад, чи дар бахши иқтисодӣ ва чи дар бахши иҷтимоӣ ҳатто дар соҳаи маориф ақидаҳои навин ва пешниҳодҳои нав, мутаасифона кам дастгирӣ меёбанд. Ва ҳамон мавонеъи бурократие, ки дар солҳои 80 - уми асри гузашта дар сохтори шӯравӣ буданд, ҳоло низ ҳам дар фикрронӣ ва ҳам дар рафтору кирдори корхонаҳои давлативу тиҷоратӣ боқӣ мондааст. Пас вақте ин муносибатҳо, муносибатҳои кӯҳна ҳастанд, хусусан дар сатҳи роҳбарият, мо наметавонем такрористеҳсолӣ ақидаву ва қуввати навро дар Тоҷикистон пайдо кунем. Бубинед вақте як мошин ё ҳавопайморо мебинем бо суръати баланд ҳаракат мекунад, ҳис мекунем, ки қудраташ зиёд аст. Вақте ба иқтисодиёт назар меафканем, ки суръати хеле сусте дорад нисбат ба суръати дигарон, маълум мешавад, ки вақте ҳаракат набошад, қудратҳо ҳам суст ҳастанд дар Тоҷикистон. Онгоҳ, ки дигаре бо суръат ҳаракат мекунаду пеш меравад, албатта аз имтиёзҳо, технология ва кадрҳои навин истифода мекунад. Ҳамин нукта имрӯз барои Тоҷикистон хеле хатарнок аст. Вақте, ки кадрҳои бо истеъдоди тоҷик дар ҳоли тарбия ёфтананду ширкатҳои хориҷӣ дар берун онҳоро даъват карда, аз қобилиятҳои амалии онҳо истифода мебаранд, вале барои рушди иқтисодиёти худи Тоҷикистон мутаасифона ин кам истифода мешавад. Аз ин ҳисоб имрӯз роҳбариро ҳамчун касб ҳануз ҳукумати Тоҷикистон нашинохтааст.
Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТФаъолияти ҳукумати ҶТ таи соли 2012 гарчанде ба талаботи худи ҳукумат мувофиқ бошад ҳам, вале ба талаботи мардум мувофиқ набуд. Шахсан банда баҳои ғайриқаноъатбахш ба ҳукумат дода ва хоҳам дод. Аввал аз ҳама дар мавриди баробарии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ҳукумат коре накардааст. Ҳар барномае ҳам, ки дар ин самт доштааст, муваффақ набудааст. Имрӯз мардум дар хидмати ҳукуматанд, вале аз рӯи принсипи асосӣ ҳукумат бояд дар хидмати мардум бошад. Ҳукумат то ба имрӯз ба ин мардуми азияткашидаи Тоҷикистон миннат мегузорад, дар сурате, ки аз ҳисоби андози мардум, аз ҳисоби заҳмати мардум, аз ҳисоби пули муҳоҷирин ва мардуми оддии Тоҷикистон дорад фаъолият мекунад. Агар ин ҳукумат аз кишварҳои хориҷӣ қарзи берунӣ дарёфт мекунад, онҳо ба хотири чеҳраи зебои ҳукуматдорон ин қарзҳоро намедиҳанд, инро барои мардуми тоҷик медиҳанд. Агар коре ҳукумат анҷом дода, ҷои миннат кардан нест. Сохтани як пул, хона, мактаб ва як роҳ, ки бо истифода аз имкониятҳои ин мардум ва қарзе, ки ба хотири ин мардум аз тарафи кишварҳои дигар дода шудааст, ба хотири инҳо миннат гузоштан ба мардум ва гуфтани ин ки шукри ин ободӣ ва сулҳро кунед ва дар ҳар ҷо гӯшзад кардан ба мардум, ин камоли беиҳтиромӣ ба ин мардум аст. Ҳукумат агар воқеан мардумӣ бошад, рӯ ба мардум орад ва ба он нишондодҳое, ки дар Сарқонуни кишвар омадааст, ки давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ, бояд ба ин ҳукумат побанд бошад. Имрӯз ҳокимияти иҷроия бо доштани қуввати бештар болои ҳокимияти судӣ ва қонунгузор ҳоким аст ва болотар аз онҳо меистад ва ҳар чизе, ки ҳокимияти иҷроия дар чеҳраи нафари аввал хоҳад, ҳамон чиз дар ҳокимияти судӣ ва қонунгузор анҷом меёбад. Инак адолати иҷтимоӣ вуҷуд надорад, адолати судӣ низ, шикояти шаҳрвандон, ки беш аз андоза дар матбуот ва ахбор ҳаст, шоҳиди ин гуфтаҳоянд. Дар мавриди адолати иҷтимоӣ бинед, нафақаи ночиз, маош ночиз, мардум солҳои дароз кор мекунанд, маоши дуруст намегиранд. Дуруст аст, ки маоши ҳукуматдорон аз 18 ҳазор бештар асту зиндагии хубе доранд ва бо мошинҳои пурдабдаба мегарданду либосҳои фохир мепӯшанд, ҷашнҳои боҳашамат мегузаронанд, ки ин ҳама аз ҳисоби мардуми оддист. Вале барои мардум чизе ҳукумат надодааст ва ҷамъбасти ҳукумат ҳам барои соли 2012 агар натиҷагирӣ шавад, ман шахсан баҳои ғайриқаноъатбахш медиҳам. Шукри Худо мардуми муҳоҷири тоҷиканд, ки дар Русия фаъолият мекунанду ба Тоҷикистон 3 миллиард тариқи расмӣ ва ғайрирасмӣ 5 миллиард доллар пул интиқол медиҳанд ва мардуми оддӣ бо истифода аз ин миллиардҳо ҳақи газ, барқ, ҳақи роҳ, андоз ва зиндагии худро мебинанд.