Парлумони Тоҷикистон тарҳи буҷаи кишвар барои соли 2013-ро ба тасвиб расонд. Бино ба иттилои расмӣ, он дар қиёс ба буҷаи соли 2012 2 миллиард сомонӣ бештар буда, 12,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Тайи 10 моҳи соли равон бошад, ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар ворид шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, агар вазъ бетағйир боқӣ монад, дар чанд соли дигар ҳаҷми маболиғи муҳоҷирон аз буҷа ҳам бештар хоҳад шуд. Воқеан, ин омор мояи нигаронист…
Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки раванди муҳоҷират дар ҳоли суръат ёфтан аст ва ҳамасола бозори нерӯи арзони кори Русия аз ҳисоби шаҳрвандони кишвари мо "бойтар" мегардад. Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон тайи моҳҳои январ-октябри соли равон бештар аз 765 ҳазор шаҳрванди кишвар барои муҳоҷират берун аз сарҳади Тоҷикистон рафтаанд.Пӯшида нест, ки бештари ин афрод Русия ва қисме ҳам Қазоқистонро макони мардикорӣ ихтиёр мекунанд. Танҳо теъдоди каме ба кишварҳои дигари ИДМ ва ангуштшумор афроде Аврупову Амрико мераванд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони муҳоҷирро ҳудуди 900 ҳазор нафар арзёбӣ мекунанд, дар ҳоле ки Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ин оморро беш аз 1 миллион ва бештар аз он мегӯяд. Оморҳои ғайрирасмӣ бошад, ин рақамро наздики ду миллион тахмин мезананд.
Агар дар чанд соли қабл "ноноварон"-и тоҷикро аслан мардҳо ташкил медоданд, ахиран теъдоди занҳои мардикор ҳам дар ҳоли афзудан аст. Теъдоди ҷинси латиф, ки барои пайдо кардани қути лоямут роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд, маълум нест. Аммо ин чиз рушан аст, ки барои онҳо истодагарӣ намудан дар баробари мушкилоти фаровони ғарибӣ кори саҳле нест. Гузашта аз ин, ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба муҳоҷирати занҳо нигоҳи чандон некбинонае надорад. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки аксари занҳои муҳоҷир бо роҳи танфурӯшӣ маблағ пайдо мекунанд. Пайдо шудани чанд навор дар интернет, ки мардон бонувонро бо иттиҳоми фоҳишагӣ зери мушту лагад гирифтаву сари онҳоро метарошанд барои ин қабил афрод далели муътамадест. Муҳоҷирзанон бошанд, бар инанд, ки набояд барои як ё ду нафар ба тамоми занҳо тамғаи "фоҳиша" зада шавад. Бибигул, як зани 34 сола мегӯяд, ӯ бештар аз 5 сол мешавад, ки ба Русия мардикорӣ меравад. Ба қавли вай ҳамроҳи бародаронаш дар яке аз бозорҳои Маскав нуктаеро ба иҷора гирифтаву ош мепазад: "Як ё ду нафаре, ки ба корҳои ифлос дст мезананд, маънои онро надорад, ки ҳамаи занҳо чунин рафтор мекунанд. Занҳои зиёде ҳастанд, ки ҳамроҳи шавҳар ё хешу табори худ кор мекунанд ва бо меҳнати ҳалол пул кор мекунанд. Ман шахсан бисёриҳоро медонам".
Дигар паҳлӯи ташвишовари масъала, ин таваҷҷӯҳи рӯзафзуни ноболиғон ба муҳоҷират аст. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди мардикорони ноболиғи тоҷикро дар қаламрави Русия беш аз 50 ҳазор мегӯяд. Ба қавли Сафиалло Девонаев, сардори ҳамин хадамот дар шаш моҳи соли 2012 29 ҳазор ноболиғ аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Умед ҳам аз шумули ҳамин афрод аст, ки аввали соли равон муҳоҷиратро аз таълим дар дабистон авлотар донист. ? ҳамагӣ 16 сол дорад, миёнаҳои моҳи январ ҳамроҳи бародари бузургаш ба Русия рафта, баъди даҳ моҳ ба ватан баргашт. Ҳоло боз нияти харидани чиптаро дорад: "Шароити зиндагиямон вазнин буд.
Ману боз ду хоҳарам талабаи мактаб будем, либос надоштем, дафтару ручка ҳам. Акаам дар Русия буд, пули фиристодааш фақат барои хӯрокворӣ мерасид. Як рӯз занг зада ба очам гуфт, ки вақте амакам омад, Умедро ҳам фиристед. Модарам намехост, ки аз мактаб монам, лекин маҷбур розӣ шуд. Дар Русия корҳои сабукро ба ман мефармуданд, масалан хӯрокпазӣ, рӯбучини хона. Баъзан, дар сохтмон ба онҳо ёрӣ мерасондам".
Коршиносон бар ин боваранд, ки раванди афзояндаи муҳоҷирати мардону занон ҳарчанд ба генофонди миллат бетаъсир намемонад, вале суръати мардикории ноболиғон фарҳангу ояндаи саводнокии аҳолиро зери суол мебарад. Афзоиши суръати муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия дар ҳолест, ки дар кишвари қабулкунанда онҳо азобу душвориҳои зиёдеро пушти сар мекунанд ва ин мушкилиҳо ҳамасола дар ҳоли зиёдшавианд. Ҳамватанони мо медонанд, ки он ҷо рӯзгори осудае нахоҳанд дошт, шурӯъ аз кормандони пулису хадамоти муҳоҷират то сартарошидаҳои миллатгаро ва баъзан шаҳрвандони оддиву "ашрофзодагон"-и рус онҳоро чашми дидан надоранд, вале бо вуҷуд он кишварро ихтиёр мекунанд, зеро чандин сол боз бо пули муҳоҷират зиндагии хонаводаи худро пеш мебаранд.
Як дӯстам, ки ба қавле "собиқадор"-и муҳоҷират аст, соли сипаришуда вақте аз ғурбат баргашт гуфт, ки саломатияшро аз даст додаст ва ҳоло мехоҳад, ки худро муолиҷа намуда аз ин баъд дар Тоҷикистон кору фаъолият дошта бошад. Маблағҳои аз мардикорӣ овардааш барои муолиҷа камӣ кард (мегӯяд, нисфи пулҳояш танҳо барои хизмати кормандони беморхона сарф шуд), боз қарз гирифт. Дар ҷустуҷӯи кори мувофиқ хуб саргардон ҳам шуд. Ҳар куҷое кор пайдо мекард, маоши ваъдагиро ҷамъу тарҳу зарбу тақсим намуда изҳор мекард, ки бо ин маблағ бояд се сол оилааш нахӯраду напӯшад, то вай қарзҳояшро баргардонад. Ва ахиран, як рӯзи мубораки ҷумъа Душанбе омад, билет харид ва рафт Маскав…
Ҳарфи наву кӯҳна ё "афсона"-и ҳақиқӣ?
Ин гапи наве нест, ки иқтисоди Тоҷикистон ҳоло ба пули муҳоҷирон сахт "пайванд" аст. Сатҳи фақр ҳам маҳз бо шарофати муздурон дар ҳоли бадтарин нест, ҳарчанд хуб гуфтани он ҳам ҷоиз нест. Интиқоли маблағҳои пули муҳоҷирони тоҷик сол то сол меафзояд. Тибқи гузориши "Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон", ки сомонаи Барномаи рушди СММ онро нашр кардааст, мизони интиқоли маблағҳои пулӣ дар моҳи октябр чизе бештар аз 380 миллион доллар будааст. Ин нишондод, дар қиёс ба ҳамин моҳи соли 2011 беш аз 11 фоиз зиёдтар мебошад. Бино ба гузориши мазкур моҳи сентябри соли 2012 ба Тоҷикистон зиёда аз 421, август- 436, июл- 385, июн -320, май -275, апрел -241, март -201, феврал-165 ва январ наздики 165 миллион доллар ворид шудааст.
Ин ҳам дар ҳоле ки тибқи омори Бонки миллии Тоҷикистон, соли сипаришуда ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишвар беш аз 2,9 миллиард долларро ташкил медод ва нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 ҳудуди 33 фисад зиёдтар буд. Бонки марказии Русия бошад, мизони маблағҳои интиқолӣ ба Тоҷикистонро дар соли гузашта бештар аз 3 миллиард доллар гуфт.
Коршиносон мегӯянд, ин рақамҳо дар асл зиёданд. Ба гуфтаи онҳо оморҳои мазкур дар асоси интиқоли маблағхо аз тариқи бонкҳо ҳисоб шудаанд, дар ҳоле ки на ҳамаи муҳоҷирон аз тариқи нуқтаҳои интиқоли маблағ пул мефиристанд. Акобир Тағоев, як сокини ноҳияи Файзобод, ки чанде пештар аз Русия баргашт, мегӯяд ҳоло низ бо усули ба қавли вай "бобоӣ" пулҳояшро ба хешовандонаш мефиристад: "Агар зиёд зарур шавад, бо бонк мефиристам. Лекин бештар агар ягон ҳамкорамон ватан омаданӣ бошад ба воситаи вай як қисмашро равон мекунам. Худам мебарам. Барои эҳтиёт баъзан дохили китоб ё тасма ҷой мекунонам".
Дар шароити феълӣ ҳатто тасаввурнокарданист, ки барои як моҳ ҳеч муҳоҷире маблағ нафиристад. Бархе муҳоҷирон низ баъзан ин мавзӯъро ба баҳс мекашанд. Мирзоев, як фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, ки "агар дар муҳоҷират меҳнат карда, ба ватан доллар нафиристем, ҳоли он "соҳибватанон" чӣ мешавад?"
Ахиран, парлумони Тоҷикистон тарҳи буҷаи кишвар барои соли 2013-ро ба тасвиб расонд. Бино ба иттилои расмӣ, он дар қиёс ба буҷаи соли 2012 2 миллиард сомонӣ бештар буда, 12,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Таҳлилгарон мегӯянд, агар вазъ бетағйир боқӣ монад, дар чанд соли дигар ҳаҷми маболиғи муҳоҷирон аз буҷа ҳам бештар хоҳад шуд. Воқеан, ин омор мояи нигаронист, ё не?
Абдулазизи ВОСЕЪ