Туркия алайҳи Исроил ва мушакҳои Патреот
Иддае аз сокинони Истамбул дар тазоҳуроти барпошуда аз сӯи ҳизби саодати Туркия зимни маҳкумияти Исроил, эътирозоти худро нисбат ба истиқрори мушакҳои Патреоти НАТО дар хоки кишварашон иброз карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар Туркия, ҳизби исломгарои "Саодат"-и Туркия ба раҳбарии Мустафо Камолок ба манзури эътироз ба тасмими давлати Анқара барои истиқрори мушакҳои Патреот дар хоки Туркия, иқдом ба барпоии тазоҳуроти эътирозомез дар шаҳри Истамбул кард.
Дар ин митинг, ки бо мушорикати ҷамъи бисёре аз ҳаводорони ҳизб ва мардуми мусалмони Истамбул ва таҳти унвони "Даъват ба ҷаҳони ҷадид " дар майдони маъруфи Коди Куй дар бахши осиёии Иствмбул баргузор шуд, мардуми Туркия бо парчамҳои Фаластин алайҳи давлати Амрико ва режими саҳюнистӣ шиор дода ва бар ҳимоят аз Фаластин таъкид кард.
Мустафо Камолок, раҳбари ҳизби саодати Туркия тай суханоне дар ин митинг зимни табрики пирузии ахири фаластиниён дар иртиқои ҷойгоҳи Фаластин дар созмони милал ба унвони давлати ғайри узви нозир, ҳушдор дод ки ин рузҳо дар Ховари Миёна бозиҳои хатарноки ҷадиде дар ҳоли иҷро аст. Вай афзуд, ки тарҳи Ховари Миёнаи бузурги Амрико ҳамчунон дар ҷараён аст ва қарор аст нақшаи ҷуғрофиёии 22 кишвари исломӣ дар ин минтақа тағйир кунад. Вай нишонаҳои ин тағйирро тақсимшавии Судон, Ироқ ва таҳаввулоте назири кушта шудани Муаммар Қазофӣ, раҳбари собиқи Либия унвон кард.
Раҳбари ҳизби "Саодат" дар идома таъкид кард, ки Урдуғон, нахуставири Туркия яке аз раисони ин тарҳ буда ва ҳама медонанд, ки таҳиякунандагони ин тарҳ низ давлати Амрико аст, аз ин рӯ ин вазифаро низ давлати Амрико ё ба иборате ҳамонҳое, ки системи радарии сипари мушакии НАТОро дар хоки Туркия ва дар пойгоҳи "Кура Ҷик" мустақар сохтаанд ва ё ҳамонҳое, ки ба нухуствазир мегуянд, мушакҳои Патреотро дархост кун, то мусалмононро ба дасти мусалмонон қатли ом кунем, ба Урдуғон вогузор кардаанд.
Мустафо Камолок дар бораи Фаластин низ ба ҳамалоти ахири режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ва шаҳодати 177 тан аз мардуми мазлуми Фаластин ишора кард ва бо интиқод аз ғарбиҳо ба далели сукут дар муқобили ҷиноёти саҳюнистҳо изҳор дошт, аврупоиҳо барои куштори чанд ҷонвар ба хиёбонҳо мерезанд ва қиёмате бапо мекунанд, вале дар муқобили куштори мардуми бедифои Фаластин танҳо назорагар боқӣ монда ва сукут мекунанд. Вай бори дигар пешниҳод кард, ки кишварҳои исломӣ гирди ҳам омада ва иттиҳодияи исломиро ташкил диҳанд.
Раҳбари ҳизби исломгирои "Саодат"-и Туркия дар бахши дигаре аз изҳороти худ низ хотирнишон кард, имрӯз дар дунё беш аз 90%-и инсонҳо барои роҳат ва рифоҳи қишри аққалият ва андак кор мекунанд ва барои пешгирӣ аз ин зулм ва беадолатӣ бояд ҷаҳоне нав барпо кард. Вай афзуд: “Дар дунёи феълӣ мусалмонон беш аз дигарон мавриди зулм ва истисмор воқеъ мешаванд ва бояд пеши роҳи ин беадолатӣ гирифта шавад”