Се сол боз сохтмони як касалхона дар Ховалинг идома дорад
Дар ноҳияи Ховалинг тӯли 3-сол аст, ки сохтмони як беморхона идома дошта, ҳанӯз ҳам нисф зиёди сохтмон ба анҷом нарасидааст.
Ба қавли Қодир Валиев, раиси ноҳия, маблағи умумии сохтмони беморхонаи мазкур 3-миллиону 400-ҳазор сомонӣ буда, дар ин муддат ҳамагӣ 1-миллиону 500-ҳазор сомонӣ аз худ карда шудаасту бас. Гуфта мешавад, агар шеваи маблағгузорӣ барои ин иншоот тағйири ҷиддӣ наёбад, сохтмони он шояд боз муддати зиёд тӯл кашад.
Дар ҳамин ҳол, бо ташаббуси раиси ноҳия ва маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ дар 3-рустои ноҳия, деҳоти Сафедишаҳрак, Ҷонбахт ва Навобод бунгоҳҳои нави тиббӣ сохта ба истифода дода шуд. {jathumbnail off}