Пешнависи қатъномаи нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон дар маҷмаъи умумии Созмони Милал тасвиб шуд, албатта, на бар асоси усул ва таорифи байналмилалӣ аз ҳуқуқи башар, балки бо меъёрҳои гузинишии Ғарб дар қиболи ин мафҳуми ҷаҳонӣ…
Баҳси ҳуқуқи башар ва нақзи ҳуқуқи миллатҳо аз ҷумлаи баҳсҳоест, ки «баҳсҳо»-и гармро ба миён овардааст. Бо вуҷуди ниҳодҳое ҳамчун Созмони Милали Муттаҳид, ончи дар ҳоли ҳозир аҳамият дорад, манофеь ва сиёсатҳои қудратҳои бузург ба вижа Амрико ва блоки Ғарб аст ва ниҳодҳои байнламилалӣ бештар барои машрӯият бахшидан ба мулоҳизоти низомӣ ва сиёсии кишварҳои ғарбӣ ҷиҳати касби манофиашон корбурд доранд, то эҳтимоли воқеии ҳуқуқи миллатҳо. Ин масьала ба равшанӣ нишон медиҳад, ки ҳуқуқи башар ҳарчанд ба унвони улгу ва аслии ормонӣ, мавзӯъе комилан ҷаҳонӣ аст, аммо вазъияти сиёсии ҷаҳон ҳануз ҳам ба сатҳи ҷаҳонӣ нарасидааст.
Намуди боризи ин моҷароро метавон дар иқдоми ахири кумитаи сеюми маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид мушоҳида кард; онҷо ки ин ниҳоди байналмилалй бо тадвини пешнависи як қатънома, Эронро ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам кард. Дар матни ин пешнависи Эрон ба анҷоми эъдомҳои густарда, дастгирии мунтақидон ва мухолифони сиёси ва табъиз алайҳи аққалиятҳои динӣ ва низ занон муттаҳам шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки режимҳо ва низ диктаторҳои мавриди ҳимояти Ғарб ҳаргиз дар ин замина бозхост нашудаанд ки иллати онро бояд дар манофии қудратҳои ғарбӣ ҷустуҷӯ кард. Аз ҷумлаи ин маворид метавон ба мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар Арабистони Саъудӣ ишора кард; кишваре ки ҳатто ронандагӣ дар он барои занон ҷурм ба ҳисоб меояд. Фаротар аз ин, метавон ба иқдомоти подшоҳи саъудӣ дар саркуби эътирозоти мусолиматомез ва кушторӣ ва боздошти густардаи мухолифон ва мунтақидони режими салтанатӣ истинод кард, ки ва раҳбарони Риёз бо хиёли осуда ва бидуни нигаронӣ аз эътирози мутаҳидони ғарби худ ба он идома медиҳанд.
Куштори сокинони навори Ғаза низ аз дигар авомили ошкори нақзи ҳуқуқи башар ба дасти сарони режими саҳюнистӣ ба шумор меояд, ки то кунун блоки Ғарб ба вижа Амрико дар қиболи он на танҳо сукут ихтиёр кардаанд, балки ҳатто ин иқдомотро ҳақи машрӯъи Исроил барои дифоъ аз худ ва шаҳрвандонаш медонанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико яке аз ҳамин афрод аст, ки ба дунболи шурӯъи ҷанги 8 рӯзаи Ғаза гуфт: «Исроил комилан ҳақи дифоъ аз худро дорад. Хеч кишваре дар дунё бориши мушак бар сари шаҳрвандони худро таҳаммул намекунад».
Бо канори ҳам қарор додани ин се маврид ба равшанӣ мушаххас мешавад. Ғарб ҳамвора аз усули мудохилаи башардӯстона ба шеваи гузиниши истифода мекунад; ба ин маъно ки дар муқобили як аслӣ пазируфта шудаи ахлоқӣ дар мавқеиятҳои яксон, ба ду гунаи мутафовит бархӯрд мекунад.
Зимнан, Муҳаммад Хазоӣ, сафир ва намояндаи доимии ҷумҳурии исломии Эрон дар назди Созмони милал дар Ню-Йорк иқдоми Канада ва дигар бониёни қатънома дар ҳимоят аз ҳуқуқи башарро комилан сиёсӣ хонд ва таькид кард: «Бониён ва тарроҳони қатънома алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон бояд сухангуи нақзи ҳуқуқи башар густарда дар кишварҳои худ бошанд. Ҳадафи онон масьалаи ҳуқуқи башар нест балки аз он ба унвони як аҳрам(даста) алайҳи Эрон истифода мекунанд».
Гуфта мешавад, дар миёни имзокунандагони ин қатьномаи Амрико гуё сабқатро дар нақзи ҳуқуқи башар аз соирин рабуда аст. Хушунатҳои густарда алайҳи занон ба вижа занони сиёҳпӯст, куштори мардуми бедифои Ироқ ва Афғонистон тайи солҳои мутамоди ишғоли ин кишварҳо, куштори ғайри низомиёни покистонӣ аз тариқи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин , барпойи зиндонҳои махуфе ҳамчун Гуантанамо дар Куба, Абуғариб дар Ироқ ба Багром дар Афғонистон ва равишҳои шиканҷа ба кор гирифта шуда барои эьтирофгирӣ аз зиндониёни ин боздоштгоҳҳо ҳамагӣ аз намодҳои боризи нақзи ҳуқуқи башар дар Амрико ба шумор меоянд.
Дар маҷмӯъ ин баёния нишон медиҳад, ки бониёни ин қатъномаи зидди эронӣ, ки ҳар як худ кулабори сангине аз мавориди нақзи ҳуқуқи башарро дар парвандаи худ доранд, ин бор бо истифодаи абзоре аз кумитаи сеюми маҷмаи умумии Созмони милал кӯшидаанд, ҳарфи зӯри худро бар курсии як ниҳоди байналмилалй бинишонанд.
Манбаъ: Хабаргузории Форс