Барои иҷрои системаи "Равзанаи ягона" дар Тоҷикистон омӯхтани таҷрибаи кишварҳои дигар минҷумла, Тайланд ва соири дигар давлатҳои рушдкарда хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, ҳайате аз Тоҷикистон рӯзи 16 - уми ноябри соли ҷорӣ озими Бангкок, пойтахти Тайланд шуд ва нишасти аввали худро ду рӯз баъд 18 - уми ноябр барпо намуд.
"Равзанаи ягона" барои Тоҷикистон амри ҳаётист
Борис Филипов, намояндаи Иттиҳоди аврупо дар Тоҷикистон, дар оғози ин нишаст гуфт: "Умедворам, баррасии мадорик дар семинари имрӯза ба шумо кӯмак кунад, то дар сатҳи боло қарор доштани ҳуҷҷатҳоро тасдиқ карда, бо ин васила ба ширкати "Microsoft" ва дигар ширкатҳо иҷоза диҳед, то ин барномаро амалӣ гардонанд".
Баъд аз суханони Борис Филипов, Сангвон Лим, намояндаи комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамолики Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ороми СММ, дар хусуси мазоё ва авомили муваффақияти "Равзанаи ягона" бо овардани намунаҳое суханронӣ намуда гуфт, кишварҳое, ки аз "Равзанаи ягона" истифода мебаранд, аз нигоҳи тиҷорати бурунмарзӣ, нисбат ба мамолике, ки аз ин система истифода намебаранд, дар рутбаи болотаре меистанд:
1 - Сингапур
2 - Гонк Конг
3 - Кареяи ҷанубӣ
11 - Малайзия
19 - Ҷопон
20 - Тайланд
Ва дар кишварҳое, ки "Равзанаи ягона" ҷорӣ нест, рутбаашон чунин аст:
68 - Чин
143 - Эрон
178 - Афғонистон
174 - Қирғизистон
184 - Тоҷикистон
Ба гуфтаи Сангвон Лим, намояндаи комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамолики Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ороми СММ, ҳуҷҷатҳои лозим барои содирот дар Тайланд 5 адад, дар Кореяи ҷанубӣ 3 адад, дар Сингапур 4 адад ва дар Тоҷикистон 11 ададро ташкил менамояд. Ҳуҷҷатҳои лозим барои воридот низ чунин аст. Замони содирот дар Тайланд 14 рӯз, дар Кареяи ҷанубӣ 7 рӯз, дар Сингапур 5 рӯз ва дар Тоҷикистон 71 рӯз мебошад. Хароҷот барои содирот дар Тайланд $585, дар Кареяи ҷанубӣ $665, дар Сингапур $456 ва дар Тоҷикистон $8,450 барои як контененейрро ташкил медиҳад. Замон барои воридот дар Тайланд 13 рӯз, дар Кореяи ҷанубӣ 7 рӯз, дар Сингапур 4 рӯз ва дар Тоҷикистон 72 рӯзро фаро мегирад. Хароҷот барои воридот бошад, дар Тайланд $750, дар Кореяи ҷанубӣ $695, дар Сингапур $439 ва дар Тоҷикистон $9,800 барои як контенейрро дар бар мегирад.
Номбурда мегӯяд, пас аз муаррифии "Равзанаи ягона" дар Сингапур, замони пардози ҳуҷҷатҳо аз 4 рӯз ба 15 дақиқа коҳиш ёфт. Тайланд низ ба унвони заминае барои тавсеъаи "Равзанаи ягона" иқдомотро ҷиҳати осонгардонии тиҷорат, аз ҷумла ислоҳот ва навсозии гумрук анҷом дод. Бо ҳазфи мароҳили нодаркор шумораи рӯзҳо барои содирот аз 24 рӯз дар соли 2006 ба 14 рӯз дар соли 2009 кам гардид. Дар Гонг Конг сарфаи солона аз ин система 1.3 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Сангвон Лим, намояндаи комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамолики Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ороми СММ меафзояд, "Single Window" марказест, ки ба тарафайни ширкаткунандаи тиҷорат ва ҳамлу нақл иҷоза медиҳад, то иттилоъот ва мадорики стандартиро ба як нуқтаи воҳид ҷиҳати таҳаққуқи ҳамаи воридоту содирот ва транзити марбут ба талаботи муқаррарӣ ироа диҳанд. Агар иттилоъот электронист, он гоҳ иттилоъоти фардӣ танҳо як бор бояд ироа гардад. Дар навбати худ "Равзанаи ягона" ду намуд мешавад, ки яке "Integrated Model" ва дигаре "Interfaced Model" ном дорад.
"Равзанаи ягона" то кунун дар бисёре аз кишварҳо минҷумла, Сингапур, Малайзия, Корея, Ҷопон ва Тайланд муваффақ амал карда, дар Тоҷикистон ҳам метавонад ба хубӣ роҳандозӣ гардад, қайд намуд Сангвон Лим, намояндаи комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамолики Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ороми СММ. Ҳарчанд иддае аз ҳозирон дар нишаст аз ҷумла Шаҳло Акобирова, раҳбари Созмони ҷамъиятии "Хома" ва Парвина Ибодова, мутахассиси ассотсиатсияи Интернет-провойдери Тоҷикистон аз мавҷуд будани фасод дар Тоҷикистон ва низ набуди сиёсати ҷиддӣ дар ин самт ба унвони авомиле ёд карданд, ки метавонад иҷрои "Равзанаи ягона" - ро дар кишвар бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ кунад, вале Сангвон Лим гуфт, муҳим иҷрои ин система мебошад, ки дар сурати роҳандозӣ метавонад худ раванди корҳоро суръат бахшида, боиси кохиши фасод дар Тоҷикистон гардад. Зеро дар ин ҷо бештар оғози "Равзанаи ягона" дар Тоҷикистон муҳим аст, на чизи дигар. Чун яқинан, иҷрои ин система ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро осон мегардонад.
Дар ҳамин ҳол, Руҳулло Ҳакимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон суол дод, ки чаро баъди амалигардонии "Равзанаи ягона" дар Сингапур раванди баррасии ҳуҷҷатҳо аз 4 рӯз ба 15 дақиқа кам шуд, вале дар Тайланд аз 24 ба 14 рӯз?
Дар посух Сангвон Лим гуфт, дар Тайланду Сингапур фурсатҳо бо якдигар тафовут доранд. Ин чиз дар мавриди Тоҷикистон ҳам сидқ мекунад. Чун Тоҷикистон дар оғоз намудани тиҷорат бо дигарон фарқ мекунад. Бинобарин шумо низ дар оғози марҳилаед.
Сангвон Лим мегӯяд, ки "Равзанаи ягона" барои ду субъект минҷумла, давлату тоҷирон фавоиди худро дорост: мазиятҳои "Равзанаи ягона" барои давлат ин бакоргирии муассиру коромади манобеъ, хуруҷи дурусти даромад, беҳбуди пазириши муомилагар, афзоиши амният ва афзоиши якпорчагиву шаффофият аз ҷумлаи фавоиди ин система барои давлат мебошад. Аммо барои тоҷирон кам гаштани хароҷот ба хотири коҳиши таъхирот, поксозӣ ва интишори сареътар, барномаи пешбинӣ ва шарҳи қавонин, мазиятҳои ин система барои онҳост.
Агар барои системаи "Равзанаи ягона" қонуни амалкунандае тавсия мешавад, дар мо ҳамакнун чунин қонуне амал мекунад. Аскар Нуралиев, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд, дар ин замина барнома барои "Равзанаи ягона" коркард шудааст. Соли 2010 низ барномаи "Равзанаи ягона" қабул гардид ва мутобиқи ин нақша мо то кунун кор мекунем. Зимнан дар ин самт Кумитаи ҳамоҳангӣ ташкил шуд ва гузаронидани кор бо равандҳои содироту воридот мавриди таваҷҷуҳи онҳо буд. Тасмиме, ки ин Кумита мегирад, тамоми идороти ҷумҳурӣ анҷом хоҳанд дод. Ба хотири ин система дар назди хадамоти гумрук маркази "Равзанаи ягона" ташкил гардид. "Ман мӯътақидам, ки мо дар нимаи роҳи иҷрои ин система қарор дорем. Ин ки "Равзанаи ягона" дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад, шумо аллакай фаҳмидед. Мо умедворем, ки шумо на танҳо дар раванди иҷрои ин система ширкат мекунед, балки дар нақшаҳои молиявӣ низ ширкат меварзед. Дар ҳоли ҳозир мо ҳам бо GIZ ва ҳам бо Иттиҳоди Аврупо кор мекунем. Иттиҳоди Аврупо аз соли 2013 ба маблағи 10 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад. Мо ба амалигардонии ин система дар ҷумҳурӣ умед дорем, зеро ин система иқтисодиёти Тоҷикистонро тараққӣ медиҳад".
Сингапур аз ҳама пештоз аст
Дар идомаи конфронс Ҷонотон Коҳ, раҳбари сохтори равзанаи ягонаи Сингапур дар бораи таҷрибаи Сингапур, таърих, пасзамина, модел, хадамот ва тарҳи тавсеъаи ояндаи такмилии ин кишвар ба номи "Равзанаи ягона" - TradeNet суханронӣ намуд. Номбурда гуфт, ки Сингапур соли 1965 мустақил шуд ва дар ҳамин замон бо чолишҳои зиёде ру ба ру гашт. Аз захоири табиӣ маҳрум буд, ҷамъият ва пойтахти кучаке дошт. Вале ҳукумату ҷомеаи ин кившар ин чолишҳоро бо муваффақият пушти сар гузоштанд ва имрӯз дар радаи аввали ҳамаи оморҳо қарор дораду яке аз мамолики дар ҳоли тавсеъаи дунёст, ки таҷрубаи 40 сола дорад. ММД дар ин кишвар бар сари ҳар нафар тақрибан 100 маротиба афзоиш ёфта, аз $512 соли 1965 ба $59,000 дар соли 2011 расид. Сингапур тавассути Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод ҷузъи иқтисодҳои рақобатноки дараҷаи болои ҷаҳон номида шуд. То соли 1986 иқтисоди Сингапур дар бӯҳрон буд. Соли 1985 Сингапур ба як рукуди иқтисодӣ дучор шуд. Он ҳангом Кумитаи иқтисодии сатҳи боло баргузор гардид ва беҳбуд дар тиҷорати хориҷиро ба унвони як ҳадафи умда баргузид, ки истифодаи фанноварии иттилоъотӣ метавонист саҳми қобили таваҷҷуҳе дар рақобатнокии иқтисоди Сингапур дар муддати тӯлонӣ дошта бошад. "Равзанаи ягона" - и Сингапур соли 1986 бо номи TradeNet ба иҷро даромад, ки аввалин "Равзанаи ягона" - и электронии саросари ҷаҳон буд. Баъд аз 20 сол TradeNet омили муҳими тиҷорати хориҷӣ гардид, ки дар маҷмуъ наздик ба 4 баробари ММД - и мост. Маблағгузории аввалияи "Равзанаи ягона" - и Тайланд низ ибтидо тавассути давлат таъмин мешуд, дар ҳаҷми 10 миллиард доллар, иброз дошт Ҷонотон Коҳ.
Ҷонотон Коҳ раҳбари сохтори равзанаи ягонаи Сингапур қайд намуд, ки лоиҳаи бузург алоқаи ҳар касеро барои ҳимояи ин тарҳ ҷазб мекунад. "Шумо фақат бояд замони пешрафти барномаро нишон диҳед. Агар баъди 1 ё ду сол пешрафт набошад, ҳимояе барои нн барнома сурат нахоҳад гирифт. Бавоситаи ин система шумо бозрасии тамоми молҳои соҳаҳои мухталифро коҳиш медиҳед. Зеро пушида нест, ки пули зиёде барои бозрасӣ сарф мешавад. Ҳар рӯз таъхири зиёдӣ то 1% тиҷоратро коҳиш медиҳад. Беш аз 71 иқтисоди дунё "Равзанаи ягона" доранд".
Ҷонотон Коҳ раҳбари сохтори равзанаи ягонаи Сингапур дар посух ба суоли муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Неъматбой Раҳматов мабни бар ин ки кадом омил барои бунёди "Равзанаи ягона" аҳаммияти зиёде дорад, гуфт, ки ҳамаи омилҳо ба монанди ҳамкории хуби тамоми ниҳодҳо, раванди технологӣ, механизмҳои иҷрогардонӣ ва маблағгузорӣ муҳиманд ва агар яке аз онҳо хуб иҷро нагардад, "Равзанаи ягона" дар ҳар кишваре, ки набошад, бо мушкил мувоҷеҳ мешавад.
"Тоҷикистон низ бо анҷоми ислоҳоте минҷумла кам кардани тарифаҳо метавонад дар амалигардонии бо муваффақияти ин тарҳ ба натиҷаи дилхоҳ бирасад. Аз иҷрои ин система Тоҷикистон набояд ҳарос дошта бошад, чун хеле аз кившарҳо ин низомро солҳост, ки доранд иҷро мекунанд", гуфт Кох Таф Тсен Чонотон раҳбари сохтори равзанаи ягонаи Сингапур. Ба боварии номбурда бо раҳбарии Борис Филлипов ба унвони менеҷери "Равзанаи ягона", ки маҳорат ва таҷрибаи ғание дорад, Тоҷикистон метавонад ин системаро ба таври муносиб ниҳодина сохта онро ба тадриҷ тараққӣ диҳад.
Бо итмоми суханони ӯ, Шавкат Бобоев сардори шӯъбаи саноат ва энержии дастгоҳи иҷроияи президент ба хотири муаррифии бисёр хуби "Равзанаи ягона", авомили муваффақияти он, механизми иҷроӣ, ба нақшагирӣ ва дигар равандҳову шаклҳои он, аз ҳозирин ба вижа Ҷонотон Коҳ роҳбари сохтори равзанаи ягонаи Сингапур ва Сангвон Лим намояндаи комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамолики Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ороми СММ ташаккур карда гуфт, ки бо вучуди тамоми мушкилот умедвор аст, "Равзанаи ягона" дар Тоҷикистон ба хубӣ ҷарён пайдо хоҳад кард. "Мо ҳама салоҳу манфиъати миллатро мехоҳем. Бо ҳамкории ҳарчи беҳтари мақомоти Тоҷикистон дар ин замина мо метавонем ин системаро дар маҷрои дуруст қарор дода, онро роҳандозӣ намоем. Албатта табиист, ки дар ибтидо набояд интизори ба якбора натиҷа додани ин барномаро дошт, вале ба хар хол бо гузашти замон ин система дар Точикистон низ муваффак хохад гашт", илова намуд сардори шӯъбаи саноат ва энержии дастгоҳи иҷроияи президент.
"Равзана ягона" барои Кореяи ҷанубӣ 5 миллиард сарфа кардааст
Баъд аз вақфаи навбатӣ Рама Сунг Ҳуенҳа мудири ширкати "Global Business" аз Кореяи ҷанубӣ расид ва вай аз таърих ва раванди "Равзанаи ягона" дар ин кишвар суханронӣ намуд. Ба гуфтаи номбурда "Равзанаи ягона" тиҷоратро осон мегардонад. Кореяи ҷанубӣ ва Сингапур муваффақиятомез ин системаро такмил намудаанд.
Натоиҷи иҷрои "Равзанаи ягона" дар Сингапур чунин аст: шумораи ҳуҷҷатҳо аз 35 ба 1 адад коҳиш ёфт. Пардозиши ҳуҷҷатҳо аз 2 - 7 рӯз ба 10 дақиқа кам гардид. Дар Кареяи ҷанубӣ суди солиёнаи ҳосил аз "Равзанаи ягона" 2.9 миллиард долларро ташкил мекунад.
Рама Сунг Ҳуенҳа мудири ширкати "Global Business" аз Кареяи ҷанубӣ "Равзанаи ягона" - и Кареяи ҷанубӣ мегӯяд, "Равзанаи ягона" - и Кареяи ҷанубӣ "uTradeHub" ном дорад, ки боиси сарфаҷуӣ ба маблағи 5,5 миллиард доллар барои кишвар шудааст.
Дар корхонаи Samsung Electronics Company (SEC) Кареяи ҷанубӣ бо иҷрои "uTradeHub", раванди замон аз 25 рӯз ба 5 рӯз наздикӣ 80% коҳиш ёфт. Замон барои харид аз 12 ҳафта ба 4 ҳафта наздикӣ 67% кам гардид. Теъдоди кормандоне, ки иҷозатномаҳои гумрукӣ медоданд, аз 6,894 нафар ба 1,072 нафар тақрибан 84% коҳиш ёфт. Истифодаи коғаз аз 630 ба 30 адад кам шуд, болиғ бар 95%. Зарфияти ҷобаҷоии мадорик аз 22 к ба 10 к то 220% кам гардид.
Рушди "uTradeHub" дар Кореяи ҷанубӣ аз соли 1970 то 1990 солона 13% - ро ташкил карда, аз 1 миллиарди соли 1970 ба 129,8 миллиарди соли 1999 расид. Чолишҳои тиҷорат бошад, маҳдуд будани манобеъ ва ҳаҷми зиёди мадорики ниёз ба коркарди содироту воридотро дар бар мегирад. Тангно дар ҷомеаи касбу кор низ аз 19 то 28 рӯз барои рухсати коло аз гумрук ва таҳдид ба ҳифзи рақобатро фаро мегирад, илова намуд Рама Сунг Ҳуенҳа мудири ширкати "Global Business" аз Кареяи ҷанубӣ
Бо хотима ёфтани суханони Рама Сунг Ҳуенҳа мудири ширкати "Global Business" аз Кареяи ҷанубӣ, Раҳмонҷон Мирзоев намояндаи Агентии "Точикстандарт" суол дод, ки ҳангоми иҷрои "Равзанаи ягона" кадом ниҳод ё давлате таъмини амнияти молҳоро бар ӯҳда хоҳад дошт?
Дар посух Рама Сунг Ҳуенҳа мудири ширкати "Global Business" аз Кареяи ҷанубӣ гуфт, ки дар ин кишвар транзити колоҳо аз роҳи дарёӣ ва ҳавоӣ сурат мегирад, на ба тариқи заминӣ ё роҳи оҳан, чун дар Кареаи ҷанубӣ чунин роҳҳое вуҷуд надорад. "Аммо новобаста аз ҳамаи инҳо кишвари мо таъмини амнияти бору аҷносро ба души худ мегирад. Мусаллам аст, ки бехатарии колоҳо ба гардани кишвар ва ниҳодҳои гумрукист", изҳор дошт Рама Сунг Ҳуенҳа.
Ҳамаи нигоҳҳо ба Тоҷикистон
Рӯзи баъд 19 - уми ноябр ҳайати Тоҷикистон аз Хадамоти гумруки Тайланд боздид кард ва дар он ҷо аз тарафи Нарин Калаямит мушовири аслии Хадамоти гумруки Банкук ва кормандони онҳо мавриди истиқболи гарм қарор гирифт. Дар ин нишаст Шавкат Бобоев сардори шӯъбаи саноат ва энержии дастгоҳи иҷроияи президент гуфт, Иттиҳодияи аврупо ҳамаи талоши худро мекунад, то Тоҷикистон ҳам ба ин система гузарад. "Мо мефаҳмем, ки ин пеш аз ҳама пешрафти амалиётҳои содироту воридоти кишвар ва кумак ба мушкилотест, ки дар гумруки мо ҷой дорад. Албатта, ки ин рушди иқтисодиёти кишвар ва саноат аст".
Дар идома хонуми Канокпорн Ҳанбумругтам мудири бахши тавсеъаи содирот ва имтиёзоти систем (tbc) гуфт, ки дар Тайланд тоҷирон метавонанд ба ду тариқ ба "Равзанаи ягона" пайваст шаванд. Яке ба тариқи мустақилона ва бо истифода аз хадамоти брокерҳо ва ё бо муроҷиъат кардан ба Маркази хидматрасонии мо. Агар тоҷирон мехоҳанд мустақилона ба ин система пайваст шаванд, бояд барои пур кардани электронии эъломияҳо, барномаи компютерии лозимаро бихаранд ва барои гирифтани муҷаввиз ба ниҳоди дахлдор муроҷиъат намоянд. Аммо агар мизоҷ мехоҳад, ки аз хидматрасонии мо барои пайвастшавӣ истифода кунад, бояд ба мо муроҷиъат кунад, барои гирифтани иҷозат.
Дар ҳамин ҳангом Борис Филипов менеҷери лоиҳаи "Равзанаи ягона" дар Тоҷикистон суол дод, ки "Равзанаи ягона" дар худ чи теъдод идора дорад? Дар посух гуфтанд, ки чунин идорае дар Тайланд ва дар хадамоти гумрук вуҷуд дорад.
Сипас, баъд аз ин дар нишасти дигаре Синмаҳат Киатҷанон мудири шӯъбаи банақшагирӣ ва стандарти Хадамоти гумруки Тайланд дар хусуси "Равзанаи ягона" - и Тайланд суханронӣ намуд. Номбурда изҳор дошт, ки рушди "Равзанаи ягона" - и Тайланд аз соли 2000 то 2010 300% - ро ташкил додааст. Ин болотар аз рушди "Равзанаи ягона" - и Индонезия, Малайзия, Гонк Конг ва Амрико мебошад. Ба қавли Синмаҳат Киатҷанон, мудири шӯъбаи банақшагирӣ ва стандарти Хадамоти гумруки Тайланд, "Равзанаи ягона" дар Тайланд, боиси коҳиши бозрасии гумрукӣ аз 45 дақиқа ба 15 дақиқа гашт. Оморҳои паёмии "Равзанаи ягона" - и Тайланд аз 53,893, 848 соли 2008 ба 289,879,892 дар соли 2012 расид. Дахолати одам дар гузаштани маҳмулаҳои бор, соли 1998 6 - 8 марҳиларо дар бар мегирифт ва соли 2007 ба 2- 4 марҳила коҳиш ёфта, дар соли 2008 ба 0 -1 марҳила расид. Теъдоди ҳуҷҷатҳо барои гузаштани бор соли 1998 5 ададро дар бар мегирифт, соли 2007 ба 1-3 адад расонида шуд ва ниҳоят дар соли 2008 ба 0 -1 расид. Бозрасии баданӣ соли 1998 3 то 7 рӯз буд, соли 2007 ба 1 рӯз расид ва дар соли 2008 1 соатро ташкил намуд.
Баъдтар ҳайати Тоҷикистон аз бахши гумруки фурудгоҳи байналмилалии Тайланд мавсум ба "Suvarnabhumi" дидан намуд. Ва ниҳоят рӯзи 21 - уми ноябр ба Душанбе бозгашт.
Акнун наздики 1 сол мешавад, ки Тоҷикистон комиссияеро ба хотири омодагӣ дар иҷрои системаи "Равзанаи ягона" дар кишвар бо раҳбарии намояндаи Иттиҳоди аврупо дар Тоҷикистон Борис Филипов ташкил карда, ба гуфтаи худи Борис Филипов дар сурати истифодаи тамоми имкониятҳо ин система то моҳи октябри соли 2013 роҳандозӣ хоҳад гардид. Ба вижа ҳоло, ки таҷрубаи Тайланду Сингапуру Кареяи ҷанубӣ аз тарафи ҳайати Тоҷикистон омӯхта шудааст, интизор меравад ин система дар Тоҷикистон натоиҷи лозимаро диҳад, ҳарчанд дар ибтидо ба монанди "Равзанаи ягона" - и Тайланд ҳам набошад, аммо ба тадриҷ тараққӣ хоҳад ёфт.
Шабакаи байналмилалии мутахассисони тиҷорати электронии Созмони миллали муттаҳид дар Осиё ва Уқёнуси ором UNNExT, комиссияи иқтисодиву иҷтимоии Осиё ва Уқёнуси ором ESCAP ва комиссияи иқтисодии Созмони миллали муттаҳид барои Аврупо аз ҷумлаи созмонҳое ҳастанд, ки аз "Равзанаи ягона" ҳимоят мекунанд.
Сиёвуш ҚОСИМЗОДА