Боздошти 40 муҳоҷир дар як ҷангали шаҳри Маскав
Ҳудуди 40 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистон аз сӯи пулиси Маскав боздошт гардидааст.
Тавре хабаргузории «РИА Новости» менависад, ин муҳоҷирон дар як ҷангал, дар қисмати ғарбии хиёбони Рябинов ба сар мебурдаанд.
Залина Корнилова, намояндаи хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ба ВАО ин кишвар гуфтааст: "Субҳи рӯзи чаҳоршанбе кормандони ин идора ва пулис 40 шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбакистонро боздошт карданд, ки дар ҷангал дар наздикии хиёбони Рябинов дар кулбаҳои худсохта зиндагӣ мекарданд. Ба гуфтаи вай, афроди боздоштшуда ба идораи пулис мунтақил шудаанд, то мушаххас шавад, ки онҳо дар Русия ба таври қонунӣ ба сар мебаранд ё на. Аммо то кунун мушаххас шудааст, ки онҳо ба афроди номаълум ҳар моҳ 1,5 ҳазор рубл мепардохтанд. Кормандони пулис ва идораи федероли муҳоҷирати Русия дар авохири моҳи май низ 40 муҳоҷири дигари хориҷиро дар корхонаи керамзити Лианозово боздошт карда буданд. Дар маҷмӯъ, беш аз 100 нафар аз атбоъи хориҷӣ, ки асосан аз кишварҳои Осиёи Миёна ҳастанд, ахиран дар ғарби шаҳри Маскав боздошт шудаанд, ки тибқи иттилоъи пулис, онҳо ба таври ғайриқонунӣ дар Русия зиндагӣ мекарданд. {jathumbnail off}