Субҳи имрӯз тақрибан соатҳои 9-00 дар бозори калонтарини масолеҳи сохтмонии "Ҷал-Ҷам"-и пойтахт сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 20 дӯкони чубу тахта хароб гардид.
Ба гуфтаи соҳибкорони бозор сабаби асосии сар задани сӯхтор ин аст, ки дар мағозаи борҳои пластикӣ корҳои кафшергари идома дошт ва аз бе эҳтиёти алангаи оташ сар зад.
Дар ҷои ҳодиса 5 мошини сӯхторхомушкунӣ аз 4 ноҳияи пойтахт ҳузур доштанд ва сӯхторро тақрибан дар давоми 1,5 соат хомуш карданд.
Тоҷирони мағозаҳои сӯхташуда мегӯянд, ки аз 10 то 40 ҳазор доллари амрикоӣ хисорот дидаанд. Ба гуфтаи онҳо кулли масолеҳи сохтмонии дӯконҳояшон дигар қобили истифода нестанд.
Эҳтиром Юнус
ов, корманди маркази матбуотии Раёсати шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки дар давоми ним соат сӯхтор хомӯш шуда, бар асари ҳодиса танҳо ду дӯкон хисорот дидаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқӣ мушоҳида ва ҳамчунин шоҳидони ҳодиса бештар аз 20 дӯкон бар асари сӯхтор комилан хароб гардидааст. Эҳтиром Юнусов гуфт, ки талафоти ҷонӣ дар ин сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол яке аз тоҷири ин бозор, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт: «Ман дирӯз аз Туркия бори нав овардам. Аммо ин дарҳо ки нисфашон хокистар гаштааст дигар ба касе лозим нестанд. Нархи як дари овардаи ман ба ҳисоби миёна 200 доллари амрикоиро ташкил медиҳад».
Бояд гуфт, яке аз сабабҳои аслии сари вақт хомӯш намудани сӯхтор он буд, ки кормандони БДА ҳудуди 1км роҳи назди бозорро аз мошинҳо холи намуданд то сӯхторхомушкунанагон ва ёрии таъҷили ба ҷои ҳодиса бе мушкили расад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки шояд масъулин аз сӯхто
ри бозори "Корвон", ки моҳи сентябр рух дода буд дарси ибрат гирифтаанд. Ёдовар мешавем, он замон мошинҳои сӯхторхомушкунӣ аз сабаби банд будани роҳҳо натавонистанд сари вақт бо ҷои ҳодиса ҳозир шаванд.
Кормандони Хадамаоти сӯхторхомушкунӣ аз додани иттилоъ худдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки баъди пурра ба анҷом расидани сӯхтор ва таҳлил ба суолҳои хабарнигорон ҷавоб мегӯянд.
Маврид ба зикр аст, ки 5-уми сентябри соли равон бар асари сӯхтор дар қисмати яклухтфурушии бозори «Корвон» 2 ҳазору 250 дӯкон, ки дар 5 гектар замин ҷойгир буданд, пурра оташ гирифтааст. Дар натиҷа як нафар ҳалок ва чор нафари дигар ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардоштанд.
Нилуфари Карим