Набераам аз мактаб мебарояд, ки дар роҳ наздаш як мардак омада худашро муаррифӣ накарда, ба мошин даро мегӯяд. Набераам сахт тарсидааст, вақте мефаҳмад, ки ӯро «облава» кардаанд…
Чанд рӯз қабл, Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиа ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дода буд, ки то анҷоми даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 15 рӯзи дигар боқӣ монда, нақшаи даъват ҳудуди беш аз 90 дарсад иҷро шудааст.
Ба қавли ӯ, дар комисариатҳои ҳарбии навоҳии тобеъи марказ нишондоди даъват ба 85% ва дар чор ноҳияи пойтахт бошад, нақша ба 91 дарсад расидааст: «Аллакай дар давоми 45 рӯзи ҷараёни чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ 30 шаҳру навоҳии кишвар иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расонидаанд».
Нақшаи даъват дар бархе аз навоҳии кишвар пурра ба анҷом расида, дар баъзеи минтақаҳои дигар дар арафаи анҷомрасист. Аммо, баъзе аз сокинони пойтахт шикоят аз он доранд, ки мақомоти зирабт ғайриқонунӣ ҷавононро боздошт, ё ба истилоҳи маъмул «облава» мекунанд. Бибираҷаб Холова, сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар сӯҳбат бо Озодагон аз муносибати сард ва рафтори дурушти кормандони мақомоти қудратӣ изҳори нигаронӣ намуда шикоят намуд. Ба гуфти ӯ, ҳоло наберааш дар мактаби таҳсилоти умумӣ мехонад, аммо аз сабаби он ки ҷавони чорпаҳлӯ аст, ду маротиба мешавад, ки ӯро кормандони мақомоти қудратӣ бе ягон огоҳӣ боз медоранд, ки ин амали ғайриқонунии эшон боиси нороҳатӣ ва рӯҳафтодагии наберааш мешавад: «Таърихи 17-уми ноябр набераам аз мактаб мебарояд, ки дар роҳ наздаш як мардак омада худашро муаррифӣ накарда, ба мошин даро мегӯяд. Набераам сахт тарсидааст, аз дигар чӣ ҳарос кардааст, вақте мефаҳмад, ки ӯро «облава» кардагианд, ҳарчанд мефаҳмонад, ки ман талабаи мактаб ҳастам, соли гузашта ҳам шумо маро боздошт карда будед, гӯш намекунанд. Баъди чанд лаҳзаи фаҳмондадиҳӣ ва радду бадалҳо халосаш мекунанд. То ба кай чунин бетартибӣ давом мекарда бошад? Кӯдак ба хона омадааст, рангу рӯяш кандагӣ. Соли гузашта ҳам ҳамин ҳолат рух дода буд».
Дар ҳамин ҳол, як сокини дигари ноҳияи Рӯдакӣ, ки нахост номаш ифшо шавад афзуд, ки ҳафтаи гузашта дар вақти дамидани сӯбҳ кормандони мақомот аз болои дарвоза вориди хонаашон шуда ҷиянашро, ки сину солаш ба хизмат расида буд, аз ҷойгаҳи хобаш хезонда бурданд.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёт ва баргузории «облава» аллакай амали ғайриқонунӣ аз ҷониби комисариатҳои ҳарбӣ мебошад. Тибқи қонун вақте ки ҷавонписарон дар синфи 11 мехонанд, аз ҷониби мактаб ба комиссариати ҳарбӣ оварда, аз ташхиси тиббӣ гузаронида ва ҳамаи онҳо ба қайд гирифта мешаванд. Дар вақти синнашон ба хизмат расидан аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбӣ ба ин ҷавонписарон даъватнома (повестка) ирсол мегардад. «Дар ин ҳолат ҷавонписароне, ки дар мактабҳои олӣ ё ин ки гирифтори ягон касалӣ ҳастанд, онҳо бояд ба комиссариат ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд. Ҳуҷҷатҳое, ки таҳсил ё касалии онҳоро тасдиқ мекунанд аз ҷониби комиссариат маълумотҳоро гирифта, ба парвандаи онҳо бояд ҳамроҳ кунанд. Ва мӯҳлати хизмати онҳоро бояд ба дигар сол гузоранд. То табобат ёфтан, ё тамом кардани таҳсил онҳоро ба хизмати ҳарбӣ даъват намекунанд. Лекин он шахсоне, ки ба хизмат мутобиқат мекунанд ва ба хизмат намеоянд, нисбат ба онҳо низ гузаронидани «облава» ё маҷбуран овардан ин ҳам амали ғайриқонунӣ мебошад».
Ҳуқуқшинос бар ин назар аст, ки агар шаҳрванд аз хизмати ҳарбӣ пас аз гирифтани даъватнома саркашӣ кунад, комиссариати ҳарбӣ бояд бо маълумотнома ба шӯъбаи корҳои дохилӣ муроҷиат намуда, кӯшиш намояд, ки онҳоро ёфта, ба комиссариати ҳарбӣ биёранд.
Бибираҷаб Холова мегӯяд, ягон писари ман аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ накардааст, набераҳоям низ ҳамчунин. «Ин набераам баъди хатми мактаб мехоҳад, маълумоти олӣ гирифта, баъди он ба хизмати ватан рафта, як сол тибқи муқаррароти роиҷ хизмат кунад. Аз рӯи қонун набояд қормандони қудратӣ чунин рафтор кунанд».
Шӯҳрат Қудратов бошад, амали кормандони комиссаритҳои ҳарбиро дар мавриди «боздошти зӯракӣ» , ё ҳамон «облава» ғайриқонунӣ хонда мегӯяд, дар асоси қонун аз рӯи ин амалҳои ғайриқонунии кормандони комиссариати ҳарбӣ хешу табори ҷавонон ё худи ҷавонон метавонанд, ба прокуратураи ҳарбӣ муроҷиат намоянд.
Нилуфари КАРИМ