Мушкили манзили зист дар кӯҳистони кишвар ҳанӯз боқӣ мондааст
Дар ноҳияи Шӯрообод барои бунёди манзили зист ба сокинони ноҳия 376-гектар замин ҷудо гардидаст.
Аз ин шумора, тибқи иттилои Амирхон Икромов, раиси ноҳия, 68-гектараш барои мардуми аз офатҳои табиӣ зарардида пешбинӣ шудааст. Боқӣ 308-гектари дигар барои сокинони дар навбат қарордошта будааст. Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир акнун 62-гектар замин барои 423-нафар навбатпоида бо қарори мақомоти иҹроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҹудо гардида, бо ҳуҷҷатгузории зарурӣ қонунӣ гардонида шудааст.
Ба иқрори ҷаноби Икромов, то имрӯз 1200-нафар аз сокинон барои дастрасӣ ёфтан ба замини бунёди манзили зист ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардаанд. Вале ба андешаи ӯ, наздик ба 5-ҳазор аз мардуми бумӣ мушкили манзили зист дошта, эҳтиёҷ ба замини наздиҳавлигӣ доранд.{jathumbnail off}