Маҳмадсаид Убайдуллоев: Ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатиро сазовор пешвоз мегирем
Рӯзи 30-юми июн таҳти раёсати райиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсайид Убайдуллоев дар «Маркази равобити пойтахт» иҷлосияи шашуми вакилони халқи шаҳри Душанбе сурат пазируфт.
Зимни ин нишаст, дар баробари вакилон, фаъолони пойтахт, раисони ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва дигар институтҳои шаҳрвандию намояндагони васеи воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Тавре Шафкат Сайидов, сухангӯи райиси шаҳри Душанбе ба «Озодагон» иттилоъ дод, дар иҷлосия тибқи рӯзнома вакилон панҷ масъалаҳои марбут ба «Дар бораи гузориши Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №57», Дар бораи омодагии шаҳри Душанбе ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №553 аз 31 октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. дар бораи натиҷаи татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе барои солҳои 2003-2010, «Дар бораи интихоб намудани раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо, илм, инноватсия, маориф ва фарҳанг ва «Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанберо, ки дар фосилаи байни иҷлосияҳо ба тасвиб расидаанд, дар алоҳидагӣ ва бо музокираву муҳокимаи амиқ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нахуст вакилон бо шунидани гузориши Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Ҳусноро Мирзоева бо назардошти интихоботи 29-уми майи соли 2011 дар ҳавзаҳои интихоботии № 23 ва № 57 баргузоргардида, мутаносибан ваколатҳои вакилон Исҳоқов Музаффар Сафарович ва Исупов Баҳром Назриевичро дар ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №57 тасдиқ намуданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки тибқи моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дар ҷои вакилони хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №1 интихоботи нав дар санаи 21 августи соли 2011 баргузор карда хоҳад шуд.
Дар робита ба масъалаи дуюми рӯзнома «Дар бораи омодагии шаҳри Душанбе ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №553 аз 31 октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузоришҳои раисони Комиссияҳои марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шунида шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, бо натиҷа аз онҳо аз ҷониби Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур гардид, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани корҳои омодагӣ ва бо вусъати тоза сафарбар намудани потенсиали аҳли ҷамоатчигӣ ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидории муқими шаҳр дар маъракаи пешорӯ ҳар як вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо ибрат ва масъулияти шахсӣ ҳиссагузор гардад.
Дар ин зимн муқаррар карда шуд, ки бо инобати 70 рӯз боқӣ мондан дар баргузории таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолият раисони ноҳияҳо дар таносуби шаҳраку маҳаллаҳо дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва шаҳрвандон дар таносуби ҳар кадом маҳалла ва биноҳои истиқоматии бисёрквартирадор ҷиҳати ободонии маҳал ва таъмири даромадгоҳҳову намуди берунаи биноҳо нақшаи муфассали иҷрои корҳоро тарҳрезӣ намуда, иҷроиши онҳоро таъмин созанд ва рафти татбиқи онҳо бо фаъол намудани корҳои мақсадноки таблиғотӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи мустақил, ки дар иҷлосия ширкат доранд тарзи шаффоф назорат карда шаванд.
Шафкат Сайидов афзуд, дар ҷаласа қайд гардид, ки қабл аз ҳама ҷойи таъкид аст, ки соҳаи тандурустии шаҳр тавассути қабули як зумра санадҳои дахлдори Раиси шаҳр ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе то ба имрӯз аз нигоҳи таъмин кардан бо лавозимоту таҷҳизоти муосири тиббӣ баҳри расонидани кӯмак ва анҷоми муолиҷа ба беморон беҳтар карда шуд, ки бо истифода аз фурсат аз номи кулли кормандони соҳаи тандурстии шаҳр ба Раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқ изҳори сипосмандӣ менамоем.
Зимнан, дар иҷлосияи мазкур, вакилон Субҳон Сафиалоев - вакил аз ҳавзаи интихоботии № 20-ро раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо ва Зариф Шарипов- вакил аз ҳавзаи интихоботии № 42-ро раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба илм, инноватсия, маориф ва фарҳанг интихоб намуда, Қарорҳои Раиси шаҳри Душанберо, ки дар фосилаи байни иҷлосияҳо ба тасвиб расидаанд тасдиқ карданд. {jathumbnail off}