Мухлисони дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 17 -солаи Точикистон ҳам орзу мекарданд, ки ҳунари наврасони тоҷикро дар ин майдони барҳавои варзишии Мексика бубинанд, аммо бахт ба руйи онҳо нахандид. Бар асоси низомномаи мусобиқоти каҳрамонии Осиё, ки соли гузашта миёни дастаҳои футболбозони наврас доир гашт, мебоист чаҳор дастаи беҳтарини ин қора ба сабқати ҷаҳонии футболбозони наврас, ки имрӯз дар Мексика доир гардида истодааст, роҳхат мегирифтанд, аммо мутаасифода дастаи футболбозони навраси тоҷикистонӣ таҳти тамрини сармуррабии ҳамонвақта Зоир Бобоев дар Ӯзбакистон ба нокомӣ дучор гардиданд.
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2010-ум дар бозиҳои чаҳорякниҳоии мусобиқоти каҳрамонии Осиё дар шаҳри Тошканд дар сабқати гурӯҳӣ бозиро бо тими Урдун бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, баъдан аз дастаи мунтахаби Индонезия бо ҳисоби 4 бар 1 мағлуб гаштанд ва ниҳоят аз дастаи Ӯзбакистон бо ҳисоби бузург 8 бар 1 шикаст хурда, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ, махрум гаштанд. Акнун Ӯзбакистон ва Ҷопон барои баромадан ба даври финалӣ бо рақибонашон талош меварзанд.{jathumbnail off}