Сокини Истаравшан аснои фурӯши маводи мухаддир боздошт гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» дар раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд гуфтанд, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷуӣ бо харидории шартӣ, дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Истаравшан истиқоматкунандаи 24-солаи ҷамоати «Гули Сурх» Р.Ф дастгир гардид. Гуфта мешавад, ин шахс аснои фурӯхтани 2 бастаи дар дохилаш маводи сабзранги бӯи махсус дошта ба маблаги 300 $ ИМА ба харидори шартӣ боздошт гардид.
Мувофиқи маълумоти РКД-и вилоят, маводи мазкур навъи бангдона буда, вазни хоси он 2 килову 006 грамро ташкил дод.
«Оиди ин ҳодиса нисбати Р.Ф. парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200, қисми 3 КҶ оғоз гардида тафтишот идома дорад»,-афзуд манбаъ. {jathumbnail off}