Санаи 6-уми ноябр ҳамасола ҳамчун Рўзи Қонуни асосӣ ( Конститутсия)-и кишвар таҷлил мешавад. Ба ин муносибат «Озодагон» аз чанд тан пурсид, ки оё то чи ҳад ҳуқуқҳои тазминкардаи Қонуни асосӣ дар ҳомеаи мо риоя мешавад. Инак посухи мутахассисон ва ҳуқуқшиносҳо пешкаш мегардад.
Раҳматилло ЗОИРОВ, раҳбари консорсиюми юридикии ТоҷикистонҚисме аз моддаҳо бевосита аз ҷониби худи шаҳрвандон амалӣ мегарданд, лекин он меъёрҳое, ки аз ҷониби давлат бояд амалӣ гардонида шавад, аз ин ҷи?ат бисёр мушкилоти калон дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрванд аз ду қисми калон иборат мебошад. Он чизе, ки характери инфиродӣ дорад ва бевосита аз шаҳрванд вобаста аст, қисман ҳуқуқҳо амалӣ гардонида мешаванд. Вале дар он қисме, ки ҳуқуқҳои шаҳрванд ва инсонӣ, ки дар конститутсия танзим карда шудааст ва барои амалигардонии ин бевосита ҳиссагузории ҳокимияти давлатӣ хусусан буҷети давлатӣ ва ғайра дар ин асос бояд амалӣ гардад. Хусусан ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвадон. Ҳуқуқҳои сиёсӣ аз ҷиҳате, ки ҳуқуқҳои гуруҳӣ ҳастанд, ҳуқуқи интихобот, ҳуқуқи идоракунии давлатӣ, ҳуқуқ ба иттилоот риоя намешванд. Дар маҷмуъ он ҳуқуқҳое, ки ба шахсияти инсон вобаста аст, монанди ҳуқуқҳои оилавӣ ва тарбия кардани фарзанд амалӣ мегарданд. Вале он ҳуқуқҳое, ки ба давлат вобастаанд, ба монанди ҳуқуқ ба адолати судӣ, ҳуқуқ ба ҳимояи шахсияти инсон, таъмин кардани амнияти инсонӣ ва ҷомеа таъмин намегардад.
Домулло Холмурод, имоми масҷиди Мулло Абдуғаффори КулобДар Тоҷикистон ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон риоя мегардад. Дар ҳамаи давлатҳо чунин аст, ки риояи пурраи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон пурра риоя намешавад. Дар ҳолатҳое риоя мешавад ва дар мавориде намешавад.
Ватан АБДУРАҲМОН,ҳуқуқшинос
Конститутсия сарқонуни асосии ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бояд ба ҳамин конститутсия нигоҳ карда қонунҳое қабул кард, ки меъёрҳои конститутсия ба амал оварда шавад. Дар ҳоли ҳозир конститутсияи кишвар пурра амал намекунад. Вале акнун мақсади мо ҳамин аст. Қонунҳое, ки Парлумон қабул мекунад, бояд аз рӯи ҳамин конститутсия иҷро шаванд. Дар як давлате ҳаст, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандон бештар риоя мегардад, дар мамолики дигар бошад, камтар. Ҳарҷо ҳар хел аст. Ин ҷо бояд ба назар гирифт, ки ҷуз сарқонуни мо меъёрҳои байналмилалӣ ҳаст, ки бояд онҳоро ҷиҳати беҳтар риоя гардидани ҳуқуқҳои шаҳрвандон эътироф кард.
Марям ДАВЛАТОВА, ҷомеашинос
Риояи ҳуқуқҳои конститутсионӣ бештар аз худи шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Ин аз мо вобаста аст, то ҳуқуқҳои худро донему талаб кунем ва риояву ҳимояи онро то андозае амалӣ гардонем. Касе, ки ҳаққашро мешиносад, то андозае онро талаб менамояд. Чизҳои дигаре ҳам, ки ҳукумат кафолат медиҳад минҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба тандурустӣ ва ғайра дар доираи имкониятҳои моддиву молиявии кишвар риоя мешаванд. Чизҳои ҳар руза ҳаст, ки ҳуқуқҳои ҳар шаҳрванд дар алоҳидагӣ мебошад ва дар бисёр ҳолатҳо аз худи ӯ вобаста аст. Барои ҳамин бо як калима инро гуфтан душвор аст. Назар ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна гирем, дар Тоҷикистон озодиҳо хеле бештаранд. Фишорҳое қисман дар Туркаманистон ва Қирғизистон ҳис карда мешавад, дар Узбакистон бошад, умуман садо баланд кардан вуҷуд надорад. Вале дар Тоҷикистон бисёре аз ҳуқуқҳо ба таври автоматӣ худ ҷорӣ шудаанд ва одамон ин ҷиҳатҳои ҳуқуқиро истифода мебаранд, ҳар чанд худашон намедонанд, ки ин ҳуқуқ аст. Қиёси Тоҷикистон бо кишварҳои дигар ташбеҳи бисёр хубе аст. Зеро танҳо дар муқоиса бисёр чизҳоро дарк кардан мумкин аст.
Яҳёев ҶАМШЕД, ҳуқуқшиносТибқи гуфтаҳои расонаҳои гуруҳӣ ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон риоя мешаванд. Вале дар ҳақиқат шоҳиди он мешавем, ки поймол шудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҷой дорад.Нисбат ба ҷумҳурии Узбакистон дар баъзе ҳуқуқҳои инсонӣ албатта Тоҷикистон хеле пешрафтатар аст. Ҳарчанд дар Қазоқистон ҳам ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон беҳтар ба роҳ монда шудааст. Вале дар он ҷо ҳам нуқсонҳои конститутсионӣ ба назар мерасад. Дар кулл наметавон гуфт, ки ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон пурра риоя карда намешавад. Зеро ин тавр ҳам нест ва риояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвадони Тоҷикистон назар ба солҳои пеш то андозае беҳтар аст. Аммо боз ҳам корҳои зиёде ҳаст, ки бояд онҳоро ба анҷом расонид.
Абдуқаюм ЮСУПОВ, ҳуқуқшинос
Ба ин савол метавон бо ду самт ҷавоб дод. Самти аввал ин аст, ки ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар дигар қонунҳо низ инъикос гардидааст, зеро ҶТ дар раванди иҷрои ӯҳдадориҳои байналхалқиаш вазифадор аст, ки тамоми ҳуқуқҳои дар Сарқонун пешбинӣ кардашударо дар қонунҳои минбаъд қабулшаванда инъикос намояд. Самти дуввум ин аз назария ба куллӣ фарқ менамояд. Зеро ҳангоми иҷро намудани қонунҳо шахсони мансабдор қариб беистисно кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандон пурра риоя карда нашаванд. Агар ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба пуррагӣ риоя карда шаванд, пас иҷрои вазифаҳои онҳо дар назди мақомоти гуногуни давлатӣ ба таъхир гузошта мешавад. Аз тарафи дигар тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар ягон давлати дунё ба пуррагӣ иҷро карда намешаванд. Аммо аксари давлатҳои мутамаддин тамоми кушишҳои худро барои ҳарчи пурратар риоя кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба харҷ медиҳанд. Бадбахтона таҷрибаи истеҳсолоти судии ҷиноятӣ нишон медиҳад, ки дар раванди таҳқиқ ва ё тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ мақомоти таъқиботи чиноятӣ кӯшиш мекунанд, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дағалона поймол кунанд. Бадбахтона мақомоти прокуратура, ки раванди тафтишоти парвандаҳои ҷиноятиро назорат мебарад ба ин ҳуқуқвайронкуниҳои шахсони мансабдори алоҳида чашм мепӯшад ва бо ин амали худ ин кирдорро "хомӯшона" дастгирӣ менамояд.
Маҳмадулло АСАДУЛЛОЕВ, сардори хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ
Ин мусаллам аст, ки албатта ҳамаи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар Тоҷикистон ба пуррагӣ риоя карда мешавад. Дар ин ҷои ҳеч шакку шубҳае нест.