Тайи чанд соли ахир сиёсатмадорону коршиносон ҳамвора атрофи масъалаи муҳоҷирини кории тоҷик ва мушкилоту бурду бохти онҳо дар Русия ҳарф мезананд. Иддае аз ин бародарон раванди муҳоҷират ва худи муҳоҷиронро абзори фишори Маскав дар муқобили Тоҷикистон медонанд. Дар баробари ин аз ҷониби кишвари бо мо "дӯсту шарики стратегӣ" низ чандин дафъа аз ин василаи "наву муосир" кор гирифта шуд. Таври мисол, дар тирамоҳ-зимистони соли 2011 қазияи халабонҳо аз серғавғотарин маъракае буд, ки боис ба ихроҷи теъдоди зиёди муҳоҷирини тоҷик шуд. Аммо мисли ҳамеша, Тоҷикистон дар муқобили ин фишорҳо гузашт мекунад. Бархе аз коршиносони Русия бошанд ҳадс мезананд, ки маҳз ҳамин муҳоҷиронанд, ки пояи иқтисоди Тоҷикистонро устувор нигоҳ медоранд. Ҳатто Владимир Путин зимни боздиди ахири хеш аз Тоҷикистон қайд кард, ки бо 3 миллиард доллари ирсолнамудаи муҳоҷирин ММД-и Тоҷикистон ҳудуди 40 дарсади буҷа ғанӣ мегардад.
Воқеъан, ин омил ҳам ҷои пинҳон надорад, баҳси зиёдеро ҳам намехоҳад. Дар баробари он ки муҳоҷирини корӣ ноновару ободгари кишваранд, аммо боре касе дар Русия ва ҳам дар кишвари мо намегӯяд, ки онҳо назар ба Тоҷикистон барои кишвари кордеҳ манфиати бештар меоранд.
Муҳоҷири корӣ -мояи рушди иқтисоди Русия
Дар Русия тибқи омор беш аз 10 миллион муҳоҷир маскунанд, ки танҳо 20%-и онҳо ба таври расмӣ кору фаъолият мекунанд. Боқимонда бо ҳар гуна роҳҳо, додани ришва ё иҷрои корҳои паст ба фаъолият машғуланд. Аз ҷумла, ҳамватанони мо низ истисно нестанд. Тавре намояндаи масъули Хадамоти федералии муҳоҷират зикр намуд, ҳамасола ба ҳисоби миёна 1,2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар ба кор машғул аст, ки танҳо 4%-и он расман кор мекунад. Пас суол ин аст, муҳоҷире, ки дар як сол 3 миллиард доллар мефиристад, ба ин кишвар чӣ нафъе меорад ва берун кардани онҳо оё ба нафъи Русия аст?
Ҳамасола аз Русия беш аз 19 миллиард доллари амрикоӣ ба кишварҳои пасошӯравӣ интиқол меёбад, ки аз он 2,6 то 3 миллиардаш ба Тоҷикистон ворид мешавад. Аммо дар ивази он, ин кишвар бахши истеҳсоли маводи хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳои худро обод мекунад, ки беш аз 10% ММД-и Русияро дар бар мегирад. Ин як тарафи масъала аст. Ҳамчунин, ҳар як муҳоҷири корӣ барои ба даст овардани ҷойи кор ва ё аққалан рӯзгузаронӣ маҷбур аст, масрафи зиёде кунад.
Ҳар муҳоҷирро зарур аст, ки барои гирифтани иҷозатномаи кор барои як сол аз 16 то 18 ҳазор рубли русӣ пардохт кунад. Роҳи дигари он ба даст овардани иҷозатномаи кор аст, ки ҳар моҳ муҳоҷири корӣ новобаста аз доштани ҷои кор 1000 рубл дода тавассути бонк патент мегирад , ки аксаран бо ҳамин роҳ имрӯзҳо фаъолият доранд. Зеро иҷозатнома барои кор танҳо барои бархе аз муҳоҷирон дода мешавад, ки аксари он иҷозатномаҳо тақаллубӣ мебошанд. Ин танҳо барои ёфтани кор аст ва ҷойи андеша аст, ки агар ҳар муҳоҷири корӣ соле на камаш 16 ҳазор рубл барои кор дар ин кишвар бидиҳад чанд миллиард мешавад, ки онро ҳаволаи иқтисоддонҳо мекунем.
Қисми зиёди муҳоҷирини корӣ дар шароити сангин ба сар мебаранд. Яъне, маоши андак ва кори муваққатӣ намегузорад, ки ҳуҷраи доимӣ барои худ киро кунанд. Дар ҳар хонае 8-10 нафарӣ зиндагӣ мекунанд, ки ҳадди аққал 3000 рубли русӣ барои ҳар нафар пардохт мекунанд. Зеро қимати иҷораи якҳуҷрагӣ дар шаҳри Маскав ва атрофи он аз 28 то 30 ҳазор рубл (900 то 1000 доллари амрикоӣ) аст. Ҳатто онҳое, ки дар таҳхонаву вагонҳо зиндагӣ мекунанд, аз 1000 то 1500 рубл пардохт мекунанд ва таҳхонаву чайла дар Русия муфт нест.
Тавре муҳоҷирин аз бозори "Садовод" ва "Люблино" мегӯянд, бархе аз бригадирҳо (аз ҳисоби худи ҳамватанони мо) ҳатто барои дар квартира зистан ҳам аз аробакашони бозор пул меситонанд: "Дар бозор як хобгоҳе сохтаанд ва шароиташ он қадар хуб нест ва мо як хонаро ба иҷора гирифта зиндагӣ дорем. Бригадирҳои бозор, ки тоҷиконанд, моро маҷбур мекунанд, ки дар хобгоҳи сохтаи онҳо дар бозор бихобем. Мо қабул надорем ва онҳо бошанд маҷбурӣ аз мо 3000 рублӣ мегиранду мегӯянд, хоҳӣ иқомат кун, нахоҳӣ ихтиёрат. Агар касе надиҳад ӯро аз бозор берун мекунанд".
Илҳом, муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ин тоифа аз ҳаво ҳам пул мегиранд, агар имкон ёбанд. Пас ба таври миёна, ҳар муҳоҷири корӣ барои шабро рӯз кардан дар як сол (рӯзона, ки дар кор аст) то 30 ҳазор рубл пардохт мекунад.
Истеҳсолоти дохилии Русияро муҳоҷирин устувор нигоҳ медоранд
Ҳар як муҳоҷири корие, ки дар Русия кор мекунад, ҳадди аққал дар як рӯз 20 доллари амрикоӣ барои ғизо сарф мекунад. Он ҳам агар дар ошхонаҳои "тоҷикӣ" ва ё манзили зисти муваққатиаш чизе барои зинда мондан бихӯрад. Агар не, қимати як намуди таом дар дилхоҳ ошхонаи арзонтарини русӣ аз 15 доллар болотар аст. Муҳоҷир агар барои расидан ба ҷои кор ва баргашт (танҳо бо як хатсайр агар равад) 60-70 рубл харҷ кардан зарур аст. Пас, "бекоратарин" тоҷики мардикор дар як моҳ аз 500 то 1000 доллар ба ин кишвару сокинони он медиҳад, то 100 доллар ба хонаводааш бифиристад. Яъне, ин нишондод ба таври миёна дар қиёсбандӣ ба 1 бар 3 баробар аст. Аз ин рӯ метавон хулоса кард, ки агар муҳоҷирини тоҷик ба кишвар 3 миллиард доллар фиристанд, барои Русия 21 миллиард доллар даромад меоваранд. Гардиши моли истеҳсолии Русияро низ муҳоҷирон зинда нигаҳ медоранд. Илова бар ин ва аз ҳама асосиаш- ҳар муҳоҷир маҷбур аст, барои ҳифз ва наҷоти ҷони хеш дар сармои Русия либосу пойафзоли гарм бихарад, ки он ҳам ба истеҳсолоту иқтисод ва буҷаи ин кишвар даромади ҳангуфте ворид месозад.
Пас, муҳоҷирин барои кӣ бештар зарурат доранд? Ва ин "тарс"- диҳии сиёсатмадорони Русия ба назари мо танҳо дар сухан аст ва онҳо ҳаргиз намехоҳанд, аз чунин "мояи даромад" ва "нерӯи муфт" халос шаванд.
Қувваи кории муфт
Тавре гуфтем, танҳо 5-10 фоиз тоҷикистонии муҳоҷир аст, ки дар ин ё он корхонаи Русия расман кору фаъолият доранд. Боқимонда ҳамватанони мо, ночор барои дарёфти қути лоямут дар зери дасти ин ё он корфармо, ё миёнарав кор мекунанд, ки ин низ ба фоидаи давлати Русия ва мансабдорони он аст. Дар сохтмон кореро, ки шаҳрванди Русия бо маоши 35-40 ҳазор рубл анҷом медиҳад, муҳоҷири бе аснод ҳозир аст онро бо 12-15 ҳазор рубл ба дӯш бигирад. Боқимондаи ин пул дар ҷайби корфармоёну миёнравони ришвахору фасодзада аст. Ҷилавгирӣ накардан аз ин қонуншиканӣ дар Русия низ сабаб дорад, зеро дар ин кор (ҳақситонӣ-долягирӣ) бархе аз масъулини давлатӣ низ шариканд.
…дар идомаи "кору нерӯ"-и муфт
Аз Тоҷикистон асосан ҷавонони аз 16 то 35 сола ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд, ки дорои нирӯи қавии ҷисмонӣ мебошанд ва ин ҳам "ҳадя"-е барои ин кишвар аст. Зеро барои ба камол расонидан ва тарбияти як нафар агар дар як сол дар Тоҷикистон ба таври миёна 1000 доллари амрикоӣ сарф шавад, дар Русия ин маблағ ба 10.000 ва аз он бештар баробар аст, зеро шароиту талаботи он ҷо баландтар аст. Ва ин кишвар барои тарбияи як ҷавони солим миллионҳо рубл масраф мекунад, то қувваи қобили кориро ба воя бирасонад, он ҳам дар сурате, ки он шахс дуруст ба воя расаду гирифтори дарди майзадагӣ ва нашъамандӣ нашавад. Аммо аз кишварҳои собиқи пасошӯравӣ ва Тоҷикистон ба Русия қувваи тавонову неруманди корие сарозер мешавад, ки хидмати аҷнабиро бо камтарин ҳақмузд мекунад. Аз ин рӯ даъвоҳову тарсонданҳои бархе аз сиёсатмадонрони ин кишвар асоси воқеъӣ надоранд ва баръакс кӯшиши онро доранд, ки аз ҳисоби мардуми "омада" истеҳсолоти худро боло бибаранд.
Михаил Рутковский, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Маскав гуфтааст, ки дар панҷсолаи наздик ин кишвар (Русия) ҳамасола то як миллион нируи кори худро аз даст хоҳад дод. Ин омил ба он оварда мерасонад, ки то соли 2050 теъдоди нирӯи корӣ дар ин кишвар то 25 миллион кам шавад. Пас, ягона роҳи пур кардани ин "холигоҳ" муҳоҷирини кории берунаанд ва аксар коршиносони рус ба ин назаранд, ки онро бояд аз ҳисоби муҳоҷирини пасошуравӣ пур кард. Зеро аз дидгоҳи хислат ва ҳамзистии 70- солаи ҳамҷоя инҳо бо русҳо қаробат доранд
Русҳора зинда мекунем
Имрӯз аксар коршиносон танҳо аз фоидаи муҳоҷирин ба кишвар ҳарф мезанаду аммо кам касе аст, ки аз оқибати муҳоҷирати оммавии ин ҷавонон ҳарф занад. Тавре худи коршиносони рус мегӯянд, ин миллат дар ҳолати фаношавӣ аст ва ҷавонони мо, ки дар айни шукуфоиянд, на танҳо нирӯи ҷисмонӣ, балки боиси афзоиш ва аз нав зинда шудани насли рус мегарданд. Аксар ҷавонони "хизматгурез"-и тоҷик аз 18 то 27 солагӣ дар ин кишвар мемонанд ва табиист, ки ночор ё аз рӯи дигар ҳолат хонадор мешаванд. Ҳангоме ба кишвари худ бармегардад, ки нисфи дороии умри хешро аз даст додаанд. Ба рӯйхатгирии аҳолӣ дар ин авохир нишон дод, ки дар бархе аз манотиқи кишвар нуфуси аҳолӣ поён рафтааст. Ба хусус дар минтақаи Бадахшон, ки солҳои шӯравӣ аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ дар мақоми аввал буд. Пас, муҳоҷири кории тоҷик барои Русия на танҳо даромади молӣ ва истеҳсолӣ меоварад, балки боиси эҳё шудани он миллат мешавад. Ин ҳам ба нафъи русу Русия аст.
Дар он кишвар боқӣ мондани муҳоҷирини корӣ барои Русия ҳаматарафа фоидаовар аст ва аз ин рӯ набояд аз ин фишанг ба тавре ки онҳо баҳодиҳӣ мекунанд, тарсид. Аввалан онҳо инро худ намехоҳанд, сониян имкони берун кардани 1 миллион муҳоҷир миллиардҳо доллар масраф мехоҳад ва ҳатто Русия ин қудрату потенсиали молиро надорад. Чанде қабл шоҳид будем, ки чанд сад тоҷик дар қазияи халабонҳо "гирифтор" шуданд, аммо Русия мушкили норасоии боздоштгоҳро эҳсос кард. Пас, агар миллион нафарро не, агар 10.000 нафарро боздошт кунанд, аллакай барои худи ин кишвар мушкилоти иқтисодӣ пеш меояд, чаро ки барои нигоҳубини онҳо корманду масъул зарур аст.
Аммо Русия як бор дарси "депорт"-и оммавиро чашидааст ва ин амалро такрор нахоҳад кард. Замоне, ки шаҳрвандони Гурҷистонро ихроҷ кард ва гумон дошт, ки Михаил Саакашвилӣ гузашт мекунад. Аммо ин дар байни мардуми гурҷӣ руҳияи русбадбиниро баландтару зиёдтар карду бас. Кор ба ҷое расид, ки Гурҷистон бо Русия "қаҳр" кард ва ахиран ботамом аз Маскав рӯ гардонид.
Агару магарҳо…
Дар сурати ихроҷи муҳоҷирини кории Тоҷикистон низ ҳамин омил имкон дорад. Дар атрофи бозгашти муҳоҷирин ва оқибати он ҳам баъзан коршиносон андешаҳое меоранд, ки шояд боиси халали субот ва нооромӣ дар кишвар мегардад, ки он ҳам ба воқеият он қадар наздик нест. Зеро қисмати аъзами онҳое, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд, танҳо як андеша дар сар доранд: Ба даст овардани даромад ва таъмини маишати хонавода. Аксари ҷавонон бошанд, ҳатто парвое надоранд, ки дар Тоҷикистон чӣ рух медиҳад. Ин аст, ки дар он ҷо ҳар кас гирифтори кори худ аст, ҳамчунон ки бештари мардум дар Тоҷикистон…
Ин паҳлӯи масъала баҳси дигареро ба доман дорад, ки дар наздиктарин фурсат ба он бармегардем…
Аъзамшоҳ ҚУҚАНШОҲ