Имсол Тоҷикистон аз 18-умин солгарди қабули Конститутсия таҷлил мекунад. 6-уми ноябр дар тақвимҳои тоҷикӣ бо ранги сурх ишора шудааст. Ин ба он маънист, ки дар ин сана Тоҷикистон истироҳат дорад. Бархе сокинон ҳам маҳз ба ҳамин хотир шодӣ мекунанд, яъне ба шарофати ҳамин рӯз аз кор фориғанд. Ба назар мерасад, таҷлили мавлуди Сарқонун ифтихор нест.
Зиёд аз нақши камранги он ва риоят нагардидани талаботҳояш гуфтаанд. Ҳамин чиз ҳам шояд сабаби аз як ифтихороти миллӣ ба "танҳо як рӯзи истироҳати маъмулӣ" табдил шудани он гардида бошад. Миёни мардум гапҳое сайр дорад, ки "қонунҳо танҳо барои мардуми камбағал аст". Ин ҳарфҳо зодаи ҳолатҳоеанд, ки сокинони оддӣ бо ҷурмҳои нақзи қонун муҷозот мешаванд, аммо мақомдорон "аз об хушк мебароянд". Фридрих фон Логау, шоири немис ҳам дар ин маврид ҳикмати нобе дорад: "Аҷаб ҳунармандона бофтаанд, ин тӯри қонунро, ки дар он хурд дар мемонад, аммо калон мегузарад".
Ҳолати дигар ин ки ҳамеша даъво мешавад, ки "ҳама назди қонун баробаранд", вале воқеият чизи дигарро нишон медиҳад. Як мисоли рӯшан, ки солҳост расонаҳо атрофи он менависанд, даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст. Фарзандони мансабдорон нушу неши ду соли аксариро танҳо аз нақли дигарон мешунаванд.
Гузашта аз ин бештари маворид ирода ва дастури мансабдорон ва масъулин аз талабу меъёри қонун афзалтар шуморида мешавад.
Бо ин ҳол телевизионҳои давлатӣ соатҳо барнома таҳия мекунанд ва мансабдорон бо ҳассосият ба васфу тавсиф мепардозанд. Бо ин ҳама Идеро ба маънии ҳақиқии он эҳсос намекунем. Райисҷумҳур ҳам ҳамасола ба хотири солгарди Қонуни Асосӣ шаҳрвандони кишварро табрик мегӯяд. Матнҳои шодбошии президент бо тағироти андаке пешниҳод мегардад. Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияро "қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар ва муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат" унвон кардаву таъкид мекунад, ки "маҳз Конститутсия ба таъмини озодиву ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли инҳо кафолат медиҳад".
Аммо дар 17 соле, ки гузашт матбуоту ҷомеа аз ҳолатҳои зиёде навиштанду гуфтанд, ки маҳз кафолати Сарқонун эҳсос намегардид. Вақте бо ҳиҷоб ба дабистонҳо рафтани духтарон ва ба масҷид омадани то 18 солаҳоро манъ карданд, аз риоят нагардидани талаботи Конститутсия дар мавриди озодиҳо нигарониҳо шуд. Вақте аз озору шиканҷаи маҳбусон дар зиндонҳо хабарҳо баланд шуд, талаботи Қонуни Асосӣ дар мавриди ҳуқуқи инсонро ба ёдҳо оварданд.
Конститутсия ҳудуди ҷумҳуриро тағйирнопазир медонад, аммо вакилон ин талаботро сарфи назар карда, порае аз хоки ватанро ба ихтиёри Хитой гузоштанд.
Ба ин монанд мисолҳо зиёданд, ки кафолати Сарқонунро зери суол мебарад.
Дар 18 соле, ки гузашт Тоҷикистон шоҳиди бисёр ҳодисаҳое буд, ки дар хотираҳо нақш мебандад. Қонуни Асосӣ ҳам аз чунин мавридҳо орӣ нест. Дар чанд сол чанд маротиба тағйир ёфтани бандҳои онро, ки бевосита ба мӯҳлати президентӣ иртибот дошт, расонаҳо арафаи ҳар 6-уми ноябр ба ёд меоранд.
Падидаи дигаре, ки ҷои нигаронӣ дорад, мақому ҷойгоҳи зарурӣ касб накардани Сарқонун дар ҷомеа аст. Имрӯз дар кишвар амру фармонҳои мансабдорон аз ҳамагуна қонунҳо мақоми болотар дорад. Мушоҳида мегардад, ки мансабдорони сатҳи поин барои иҷрои фармон ё амри мансабдорони баландмақом ба андозае кӯшиш менамоянд. Ё ақалан вонамуд мекунанд, ки амрро иҷро менамоянд. Вале ангор касе дар фикри қонун нест. Зиёданд шаҳрвандоне, ки аз ҳукми ноодилонаи додгоҳҳо ба дод омадаву дар ҷумҳурӣ ҷое барои шикоят намеёбанд. Худи ҳамин далели риоя нагардидани қонунҳо ва ҳаққи конститутсионии шаҳрвандон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Конститутсияи Тоҷикистон соли 1994 замоне, ки дар кишвар ҷанги дохилӣ идома дошт, бо баргузории раъйпурсие қабул гардид.
Бо фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 6 ноябр ба унвони санаи қабули Сарқонун таътил эълон шудааст.
Абдулазизи ВОСЕЪ