Имрӯз агар ҷойҳои кории нав ташкил гардаду маоши сазовор пардохта нашавад, ин худ алакай як мушкил аст. Ин яке аз сабабҳоест, ки акнун ҷиноятҳои сангин содир мешавад.
Файзинисо ВОҲИДОВА, ҳуқуқшиносТаҷрубаи худи кишвар нишон медиҳад, ки вақтҳои ахир ҷиноятҳои хеле сангин ба монанди куштори қасдона ба мақомоти судӣ зиёд ворид мешавад. Бештар ҷиноят аз ҷониби ҷавонон содир мешавад. Аз ҷумла кушторе, ки аз тарафи додгоҳи вилояти Суғд баррасӣ гардид, тақрибан тамоми айбдоршавандаҳо ҷавонон буданд. Сабабҳои содир шудани ҷиноятҳои сангин ба вижа аз тарафи ҷавонон бекор будани онҳост. Имрӯз бинед, ки ҷавонон баъди гирифтани маълумоти таҳсилоти умумӣ ҷои кор надоранд ва на ҳамаи онҳо имконияти ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доранд. Ҳатто имконияти идома додани таҳсили худ дар донишгоҳро надоранд. Имрӯз 80 фоизи донишгоҳҳо ба таври шартномавӣ довталабонро қабул менамоянд. Новобаста аз ин ки имрӯз вазъи моддӣ ва иҷтимоии мардум ба ҳукумати ҷумҳурӣ маълум аст, яъне мо хеле дар сатҳи пасте қарор дорем. Солҳои ахир на куштор, балки бештар ҷиноятҳои авбошӣ байни ҷавонон бисёр содир мешавад, ки ин беаҳамиятӣ нисбати тартиботи ҷамъиятист. Ҷавонон дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона варон намуда, ҷиноят содир мекунанд. Баъди қабули қонун дар хусуси "масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" шояд ҷавонон бештари вақти худро дар масҷидҳо мегузарониданд. Вале имрӯз баъди манъ шудани онҳо аз рафтан ба масҷид дигар ҷавонон вақти худро дар кӯча мегузаронанд. Ин оморҳое, ки роҷеъ ба ташкили ҷойҳои корӣ мунташир мешавад, воқеиятро тасдиқ намекунад. Имрӯз агар ҷойҳои кории нав ташкил гардаду маоши сазовор пардохта нашавад, ин худ алакай як мушкил аст. Ин яке аз сабабҳоест, ки акнун ҷиноятҳои сангин содир мешавад.
Шарифхуҷа ҲАСАНОВ, ҳуқуқшинос
Иллати ин ҷиноятҳо дар он аст, ки тарбияи ҳуқуқии ашхоси ҷиноятсодир карда паст мебошад. Нафаре, ки сатҳи ҳуқуқияш паст аст, албатта, ки даст ба ҷиноят мезанад. Сабаби асосӣ дар ҳамин аст. Чи тавре, ки қонун дар бораи таълиму тарбияи фарзанд соли 2010 қабул гардид, падару модарон дар ин самт бисёр бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд. На ҳамаи падарону модарон, балки он нафароне, ки бевосита фарзандонашон даст ба чунин ҷиноятҳо мезананд. Зеро онҳо аз дарки риояи ин қонун дур мондаанд. Барои пешгирии ин ҷиноятҳо мақомоти дахлдор бояд ташвиқу тарғиби ҳуқуқро баланд бардоранд, ки ин бевосита ба Вазорати адлияи ҶТ дахл дорад. Онҳо бояд барои тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои омӯзишӣ дар байни мардумро пеш баранд.
Иноят ИНОЯТОВ, ҳуқуқшинос
Сабаби аввал ин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст ва сабаби дуюм бештар алоқамандӣ дорад ба бад будани вазъи иқтисодӣ. Сабаби сеюмаш низ ҳамон филмҳое, ки тавасути телевизионҳои Русия намоиш медиҳанд, дар он куштору зӯровариро тарғиб мекунанд. Ҳамин боиси он шудааст, ки бисёре аз ҷавонон аз ҳамин сабабҳо даст ба ҷиноят мезананд. Ман асосан сабабашро дар ҳамин се омил мебинам. Барои пешгирии ҷиноятҳо бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавоно карда шаванд, онҳо бештар дар самти корҳои фаҳмондадиҳӣ, барномаҳои таълими ҳуқуқӣ зиёд кор кунанд. Самти фаъолияти профилактикии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хусусан мақомоти милитсия фаъол бояд гардонида шавад.
Абдуқаюм ЮСУПОВ, ҳуқуқшинос
Низоми ҷиноятӣ таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Вале имрӯз, истифодаи силоҳҳои оташфишонро дар ҷиноятҳои махсусан вазнин ман ҳамчун мутахассис дар он мебинам, ки мумкин аст дар дасти аҳолӣ яроқҳои дар қайд набуда қарор дошта бошад. Мумкин аст аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба тариқи бояду шояд намондани кор бо аҳолӣ хусусан дар он минтақаҳое, ки ҷиноятҳо содир шудаанд, бошад. Зеро агар аз ҷониби мақомоти дахлдор вазъи ҷиноии кишвар таҳти назорат гирифта нашавад, албатта мо метавонем имрӯз ҳолати мавҷудро назорат барем. Агар мақомоти умури дохила, додситонӣ ва мақомоти амният вазъияти ҷиноятиро таҳти назорати худ қарор надиҳанд, албатта чунин ҷиноятҳо бе шаку шубҳа содир мешаванд. Ва худи ҷомеа пеши онро гирифта наметавонад, зеро ин вазифаи мақомот аст.
Марҳабо ҶАББОРОВА, вакили Парлумон
Аз назари ман масъалаи содир намудани ҷиноят на танҳо дар Тоҷикистон мебошад. Ҳозир ҳамин хел замона шудааст, ки ҷавонон интернетро истифода бурда, бо ҳаргуна бозиҳои компютерӣ банд шуда ба дарс аҳамият намедиханд. Падару модарон бошанд масъулияти худро ҳис намекунанд, мутаассифона мактабу аҳли ҷомеа бетарафӣ зоҳир менамоянд. Барои ҳамин сабаби асосӣ аз таълиму тарбия дур шудани ҷавонону наврасон аст. Вақти бисёр, ки доранд иродаи қавӣ надоранд, барои ба таври осон маблағ пайдо намудан ҷиноят содир менамоянд. Мутаассифона дар байни наврасон бераҳмӣ дида мешавад. Дар ин масъала дар байни падару модарон бояд сӯҳбатҳо гузаронанд. Яке аз роҳҳои зиёд шудани ҷиноятҳо, дур шудани ҷавонон аз тарбия аст. Ҷавонони мо филмҳое, ки дар он зӯроварӣ, бераҳмӣ ва одамкушӣ аст, тамошо мекунанду худро монанд ба қаҳрамон мекунанд. Барои ҳамин онҳо бояд ба ягон чиз банд бошанд.
Маҳмадулло АСАДУЛЛОЕВ, сардори хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣБаръакс шумораи ҷиноятҳои сангин кам шудааст. Он ҳам ба туфайли корҳои пешбарикунанда минҷумла омӯзиши профилактикӣ дар байни аҳолӣ ба даст омадааст. Дар ҳисоботи ҷамъбастии 9 моҳае, ки мо дорем, теъдоди ҷиноятҳои сангин коҳиш ёфтааст.
Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, раиси созмони ҷамъиятии "Перспектива+"
На он қадар мубориза барои пешгирии ҷиноятҳо дуруст аст. Қисми зиёди ин ҷиноятҳо аз тарафи ҷавонон мешавад. Ба сабабҳои гуногуне ҷавонон даст ба ҷиноят мезананд. Чун тарбия дар мактаб, хона ва ҷомеа дуруст нест. Дуввум ин ки баъзан шароити иҷтимоӣ ҷавононро ба ҳамин чиз тела медиҳад, ба монанди бекорӣ ва маоши паст. Чун ин ҳам дар ҷиноятҳо таъсир мерасонад. Бинобарин сабабаш яке набуда балки сабабҳои гуногун дорад. Дар мо яроқ намефурӯшанд ва онҳое, ки бо силоҳ ҷиноят кардаанд, аз куҷо ёфтаанд? Дар ҷое, ки ин силоҳҳо нигоҳ дошта мешавад ва дар ҷое, ки бояд дар дасти давлат нигоҳ дошта шавад, мушкил ҳаст. Яъне худи силоҳба дасти ҳамингуна ашхос мерасад. Ба ҷавобгарӣ кашидани падарону модарон тамоман дуруст нест. Дар қонуне ҳам, ки дар ин робита бароварданд, бояд сабаби асосиро меёфтанд. Қисми зиёди муҳоҷирон ба Русия рафтаанду модарон ин ҷо танҳо мондаанд ва модарон ҳам дар бозор менишинанд. Дар ин ҷо давлат ҳам бояд масъулият дошта бошад, на танҳо падару модарон. Мактабу ҷомеа ҳам ин ҷо масъулият дорад. Қабули чунин қонуне ба нафъи оила нест. Чун тасаввур кунед, ки оила ҷарима мешавад ва ё ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, аҳволаш чи тавр хоҳад шуд. Боз бештар кудакон аз тарбия ва назорати падару модар берун мемонанд. Ин роҳи ҳалли масъала нест. Барои он ки ҷавонон ҷиноят накунанд, бояд дар аксари ҷоҳо китобхона бошаду ҷавонон машғулият дошта бошанд. Ҷавон меравад мактаб ва баъд омада дар кӯчаҳо мегардад, ки ин ҳам сабаб аст. Тарбияро бо роҳи зӯрӣ ва қонун намекунанд, зеро ин чизҳо ахлоқист. Масҷидҳову мактабҳо ва рӯҳониён бояд нақши муҳиме дар тарбияи ҷавонон бозӣ мекарданд.