11-уми октябр аз ин ба баъд ҳамчун "Рӯзи байналмилалии духтарон" таҷлил хоҳад шуд. Дар ин бора Бунёди кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ эълон карда, гуфтааст, ки ин тасмим ба хотири бартараф кардани мушкилоти занони оянда роҳандозӣ мешавад. Маcъалаи матраҳ дар соли 2012 ин пешгирии издивоҷи бармаҳали духтарон арзёбӣ шудааст. Бино бар маълумоти СММ ҳар як саввум духтар дар ҷаҳон дар синни наврасӣ ва ба роҳи маҷбурӣ хонадор шудааст. Ба ҳисоби миёна дар сартосари ҷаҳон 23 миллион духтар зери синни 15 издивоҷ кардааст. Ин таҷриба бештар дар давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ, кишварҳои Африқо ва Амрикои лотинӣ мушоҳида мешавад. Масъулини барномаи ЮНИСЕФ мегӯянд, ки издивоҷи бармаҳал дар бисёр ҳолат ба ҳомилашавии бармаҳали духтарон меорад, ки ин ба ҷони модарони ҷавон хатари бештар дорад.
Вазъи иқтисодӣ сабаби аслии аз таҳсил дур мондани духтарон
Дар Душанбе низ бо баргузории як конфронс намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва масъулини мақомоти дахлдори Тоҷикистон масъалаи издивоҷи бармаҳали духтаронро мавриди баррасӣ қарор доданд. Лайло Моширӣ, роҳбари бунёди кӯдакони СММ аз таҳсил дур мондани духтаронро сабаби аслии издивоҷи бармаҳали онҳо арзёбӣ мекунад. Номбурда мегӯяд, ки аз сабаби расман сабти ном накардани издивоҷ бо духтарони ноболиғ имрӯз онҳо оморе рӯйи даст надоранд. Дар ҳамин маврид Шаҳло Ҷӯраева, роҳбари муассисаи давлатии "Маркази худшиносии бонувони шаҳри Душанбе" мегӯяд, ки давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 500 зани ҷавон барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ ва равонӣ ба марказ муроҷиат кардаанд, ки аз ин миён 18 дарсади онҳо хеле зуд шавҳар кардаанд. Ҳарчанд масъулин имрӯз омори дақиқе дар робита ба издивоҷи бармаҳали духтарон рӯйи даст надоранд, аммо ҳолатҳои ғайриқонунӣ, яъне дар синни 15-16 солагӣ оиладоршавии духтарон дар кишвар хеле зиёд аст. Ба бовари хонум Ҷӯраева вазъи пасти иқтисодӣ ва аз таҳсил дур мондан сабаби аслии зуд оиладоршавии духтарон мебошад.
Маҳбуба Азимова, масъули Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯяд, ки дар соли таҳсили 2011-2012 ҳазору 28 толибилм аз таҳсили ҳатмӣ дур мондааст, ки 513 тои онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Ба иттилои номбурда дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 30 ҳодисаи никоҳи бармаҳал ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рақам16 ҳолат дар вилояти Суғд, 3 ҳолат дар Хатлон ва 1 издивоҷи бармаҳал дар шаҳри Душанбе ошкор шуда, падару модари духтарони ноболиғ мутобиқи моддаи 169 ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар ҳамин ҳол Ҳуриниссо Ғаффорзода, раҳбари маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии "Оштии миллӣ" мегӯяд, ки мутаасифона дар ҷомеа кам хонаводае пайдо мешавад, ки ба таҳсили духтар аҳамияти ҷиддӣ бидиҳанд. Ба бовари хонум Ғаффорзода маъмулан духтарон дар Тоҷикистон то синфи 9 таҳсил карда, баъдан бо умури хонавода машғул мешаванд. Зеро падару модар дар бисёр ҳолат барои таъмини хонаводаи худ аз субҳ то шом берун буда, тамоми масъулияти хонадорӣ бар дӯши духтарон меафтад. Сабаби дигари аз таҳсил дур мондани духтаронро номбурда дар системаи кӯхнаи маориф арзёбӣ намуд.
"Мо дар тамоми минтақаи Тоҷикистон ҳоло кор мекунем. Дар ҳар деҳа бо сокинонаш сӯҳбатҳо мегузаронем. Духтарон мегӯянд, ки аз мактаб ҳеч чизи нав намеомӯзанд ва дарсҳо низ барояшон ҷолиб нест. Зеро дар мактабҳо омӯзгорони нафақахӯр боқӣ мондаанд. Мо бояд курсҳои ихтисосиро барои духтарон роҳандозӣ намоем", мегӯяд Ҳуриниссо Ғаффорзода.
Издивоҷи бармаҳал роҳи ҳали мушкилот нест
Раҳбари маркази "Оштии миллӣ" дар идома гуфт, ки вақте духтарон баъди синфи 9 мактабро тарк мекунанду дар хона менишинанд, пас бе гуфтугӯ падару модар ҳам дар пайи издивоҷи фарзанди худ мешаванд. Ҳарчанд ҳоло дар Тоҷикистон сину соли издивоҷ барои духтарон аз 18 боло муаяйн шудааст, вале ҳолатҳои хонадоршавии ғайриқонунӣ низ кам нестанд. Ҳуриниссо Ғаффорзода мегӯяд, ки мутаасифона дар бештар маврид баъди издивоҷ духтарон дар хонаи шавҳар ба хушунат рӯ ба рӯ шуда, фишорҳои равонӣ дар натиҷа ба пошхӯрии оила оварда мерасонад.
Бино бар маълумоти расмӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 4 ҳазору 26 адад ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин даври соли 2011 578 адад бештар мебошад. Дар ҳамин маврид Марҳабо Ҷабборова, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки сабаби аслии пошхӯрии оилаҳо ин ба зиндагӣ омода набудани духтарон мебошад. Ба бовари номбурда аксари духтарон хеле зуд шавҳар карда, барои устувории оила ва зиндагии дигар омода нестанд.
"Албатта, дар баъзе маворид гурӯҳе аз коршиносон мегӯянд, ки сину соли издивоҷ барои духтаронро бояд боло бурд. Аммо ба назари ман ин роҳи ҳали мушкилот нест.
Бо боло бурдани синни издивоҷ мушкилоти мо ҳал нахоҳад шуд. Зеро, ҳамасола масъулин ҳолатҳои ғайриқонунӣ никоҳ кардани духтаронро ошкор мекунанд. Агар мо синни издивоҷро барои духтарон боз ҳам боло бубарем, баид аст, ки ин қонун аз ҷониби падару модарон риоя шавад", мегӯяд Марҳабо Ҷабборова. Дар ҳамин ҳол Ҳуриниссо Ғаффорзода мегӯяд, барои аз байн бурдани издивоҷи бармаҳалу бекоршавии ақди никоҳ масъулини давлатӣ бояд кӯшиши бештар ба харҷ бидиҳанд.
Дахолати рӯҳониён барои коҳиши бекоршавии хонаводаҳо
Ҳуриниссо Ғаффорзода мегӯяд, ки масъулини давлатиро лозим аст, ки бештар бо сокинони манотиқи Тоҷикистон сӯҳбатҳои алоҳида гузаронанд. Ба бовари номбурда аз сабаби паст будани шароити иқтисодӣ хонаводаҳо дар кишвар пош мехӯранд. Номбурда бо нигаронӣ аз адами барномаи мушахаси давлатӣ дар ин замина гуфт, ки мутаасифона ҳукумат имрӯз барои беҳтар кардани зиндагии мардум чораҳои зарурӣ намеандешад. Роҳи дигари аз байн бурдани издивоҷи бармаҳалро Ҳуриниссо Ғаффорзода дар ҳамкории давлат бо рӯҳониён арзёбӣ намуд. Кам нестанд ҳолатҳое, ки духтарони зери синни 18 сола танҳо аз нигоҳи шаръи оиладор мешаванд. Ба хотири ба мақсади худ расидан хонаводаҳо дар ин маврид ба рӯҳониён муроҷиат карда, ҷавононро никоҳ мекунанд. Тавре мо медонем рӯҳониён дар кишвар нуфузи бештар доранд, аз ин хотир ҳукуматро лозим аст, то ҳамкории худро бо рӯҳониён устувор намояд.
"Масъулини давлатӣ бо афроди рӯҳонӣ машварат бикунанд. Ба онҳо тавсия дода шавад, ки танҳо дар сурати пешниҳоди варақаи расман сабти ном гардидани издивоҷ, ҷавононро никоҳ бикунанд", мегӯяд хонум Ғаффорзода. Аз ҷониби дигар рӯҳониён бо сӯҳбату машваратҳои худ метавонанд садди роҳи пошҳӯрии оилаҳои ҷавон бошанд. Аммо дар ин маврид Зубайдуллоҳи Розиқ, раҳбари академияи исломии ҲНИТ назари дигар дорад. Дар ҳоле, ки муносибати давлат бо рӯҳониён хеле бад аст, фаъолияти рӯҳониён маҳдуд аст, чӣ гуна мешавад атрофи нақши рӯҳониён барои бекор кардани ақди никоҳ сӯҳбат кард.
"Аз боғча шурӯъ карда то донишгоҳ таълиму тарбия бо дигар консепсия аст. Кӯдакон, наврасон ва ҷавонон бо такя бар арзишҳои дигар бузург мешаванд. Тарбияи дигар доранд. Дар ин маврид ҳукумат ёрии рӯҳониёнро намехоҳад. Аммо вақте, ки вазъият нигаронкунанда шуд, рӯҳониёнро гунаҳкор медонанд. Ин иштибоҳе беш нест.
Рӯҳониёни тоҷик ҳатто дар сурати талоши зиёд наметавонанд барои бартараф кардани мушкилоти бекоршавии ақди никоҳ саҳм бигиранд. Зеро онҳо минбаре барои сӯҳбат бо шаҳрвандон надоранд", мегӯяд Убайдуллоҳи Розиқ. Номбурда дар идома гуфт, ки синну соли духтарон дар афзоиши талоқ дар ҷомеа нақше надорад. Раҳбари академияи исломии ҲНИТ бар ин назар аст, ки дар ҷомеа аслан хонаводаҳое пош мехӯранд, ки сарвари хонавода дар муҳоҷират қарор дорад. Шароити пасти иҷтимоӣ онҳоро водор месозад, ки ба Русия раванд ва аз онҷо ба шунидани ҳар мушкилоти иқтисодӣ ва ахлоқӣ тоқат накарда аз ҳамсаронашон ҷудо мешаванд.
Аксар коршиносон бар ин назаранд, ки сабабгори аслии пошхӯрии хонаводаҳо ин шароити пасти иҷтимоӣ мебошад.
Ҳумайрои БАХТИЁР