Аз 16 то 20-уми октябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон ва дар шаҳри Қӯрғонтеппа, панҷумин кинофестивали байналмилалии «Дидор» баргузор мешавад.
Ба иттилои масъулини ин ҷашнвора, дар синамобазми панҷуми «Дидор» 75 филме, ки тайи ду соли охир таҳия шудаанд, аз 19 кишвар ба тамошо гузошта мешаванд. Дар озмуни байналхалқӣ бошад, 23 филми ҳунарӣ иштирок мекунанд. Аз Тоҷикистон 3 филм: «Телеграмма»-и коргардон Искандар Усмонов, филми «Чарх»-и коргардон Шаҳзод Раҷабов ва филми кӯтоҳи «Хорсаро» - и донишҷӯи Институти давлатии кинои Русия Румӣ Шоҳазимов дар озмун ширкат мекунанд. Ҳамчунин, ба фестивал филмҳои аниматсионии коргардони тоҷик Бахтиёр Қаҳҳоров «Аждар», «Хар», «Мурғак» ва ғайра пешниҳод шудаанд.
Ҳайати доварони байналмилалии кинофестивали панҷуми «Дидор»-ро директори иҷроияи барномаҳои кинофестивали байналмилалии Пусон, муннаққиди синамо аз Кореяи Чанубӣ Ким Ҷӣ Сеок сарварӣ мекунад. Биргит Боймерс, таърихнигори синамо, устоди кафедраи славяншиносии донишгоҳи Бристоли Британияи Кабир, Элчин Муса оғлу Гулиев, коргардон аз Озарбойҷон, Георгий Овашвили, коргардон аз Гурҷистон ва директори «Тоҷикфилм», коргардон Носир Саидов ба ҳайати доварони кинофестивал шомиланд.
-Давоми 10 соли фаъолият вазифаи асосии кинофестивали байналмилалии «Дидор» ин намоиши ҳамкорӣ ва ҳамгироии фарҳанги синамоии Шарқ ва Ғарб, баррасии равандҳои рушди синамо дар кишварҳои форсзабон, озмуни байналмилалии беҳтарин филмҳои синамогарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва хориҷӣ, ки дар тайи ду соли охир сохта шудаанд башумор меравад. Ғайр аз ин намоиши васеъи киноматографияи ҷаҳонӣ дар доираи барномаҳои ғайриозмунӣ ва бозбинӣ ва омӯзиши ҳаматарафаи ҳолати кунунии синамои тоҷик мебошад,-мегӯяд Сафари Ҳақдод, директори фестивал, раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон.
Номбурда қайд кард, ки имсол бори нахустин бор филмҳо аз кишварҳои Малӣ, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Япония, Маҷористон, Словакия, Швейтсария ва Фаронса иштирок доранд. Дар фестивали «Верзио» -и Маҷористон (3 филм) ва фестивали «Ҳуқуқи башари Афғонистон» (11 филм) меҳмони кинофестивали «Дидор» мебошанд. Дар кинофестивали мазкур нахустнамоиши ҷаҳонии филми «Бӯйи об»-и коргардони муғул Мунхзул Чулуунбаат пешкаш мегардад, ки ин ҳам аз обрӯй ва эътибори синамобазми «Дидор» дарак медиҳад. Дар кинофестивал филми «Дохунда», ки аз рӯи романи Садриддин Айнӣ ҳанӯз соли 1937 ба навор гирифта, баъдан пахш нашуда буд, дар бахши филмҳои барқароргардида намоиш дода мешавад.
Сафари Ҳақдод ҳамчунин гуфт: «Кинофестивали «Дидор» ин як имконияти сайқал додани маҳорату баланд бардоштани касбият мебошад. Бахусус он ҷавононе, ки филмашон дар бахши «Панорама» ширкат мекунад, худро дубора дар оина мебинанд ва сатҳи филмҳояшонро бо филмҳои машҳури хориҷӣ қиёс мекунанд».
Артдиректори кинофестивали «Дидор», доктори улуми фалсафа, киношинос Саъдулло Раҳимов, нақши кинофестивали мазкурро барои рушди кинои тоҷик муҳим арзёбӣ намуда мегӯяд, яке аз ҳадафҳои кинофестивали байналмилалии «Дидор» дар ин аст, ки вазъи кинои тоҷик бисёр хароб буд. Фазои фарҳанги синамоӣ ба рушд низёз дошт, ба муҳаббат ва ба нигоҳи тоза ниёз дошт. Тамошочӣ дар синамо арзишҳои худашро гумм карда буд: «Аслан фестивал барои он гузаронида мешавад, ки ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 2000 номгӯи филмҳои бадеӣ истеҳсол мешаванд ва вазифаи фестивалҳо ин аст, ки филмҳои беҳтаринро интихоб намуда пешкаши тамошобин мегардонанд. Мо ба ҳамин муваффақият расидем, ки «Дидор» сабабгор шуд, ки синамогарони тоҷик дар ҳамкорӣ бо синамогарони Афғонистон, Эрон Қазоқистон Русия ва дигар кишварҳо ҳамоҳанг шуда дар натиҷа филм рӯи даст омад, ки ин яке аз дастовардҳои фестивал ҳамин аст».
Ӯ мегӯяд, баргузории кинофестивал ба рушди синамои тоҷик ва ҳамкориҳо мусоидат мекунад. Вақте кинобазми аввалро мегузаронидем, хеле душворӣ кашидем, ки ягон филми арзандаи сатҳи байналмилалиро ба озмун пешниҳод кунем: «Ҳоло бубинед, ки дар ҷашнвораҳои филмҳои тоҷикӣ пайдо шуданд, ки мо метавонистем, онҳоро дар озмуну бахшҳои дигари кинофестивалҳо муаррифӣ намоем. Синамогарони тоҷик эҳсос карданд, ки дар ин кинофестивал зарурати иштирок кардан ҳаст ва ҳар дафъа пешниҳодҳои хуб ҳам мекунанд».
Ибодуллоҳи Тоир