Яхчи Пун: Дидбонгоҳи марзии нав, аммо кӯрпаву болишти кӯҳна
Дар мавзеи Яхчи Пуни ноҳияи Шӯрообод бо маблағгузории давлати Амрико дидбонгоҳи сарҳадбонони тоҷик аз нав сохта ба истифода дода шуд.
Тавре қаблан иттилоъ дода шуд, дар маросими супоридани иншооти мазкур, ки рўзи 29-уми июн сурат гирифт, Кен Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон, фиристодаи котиби давлатии ИМА- Вилям Браунфилд, намояндагони созмонҳои байналмиллалй ва намояндагони қӯшунҳои сарҳадоти Тоҷикистон иштирок доштанд. Ин дидбонгоҳ бо як бинои нави замонавӣ барои 30-нафар аскарону афсарон, ошхона, майдони варзишй, хонаи истироҳатй ба маблағи умумии 600-ҳазор доллари амрикой бунёд ёфтааст. Ҳамчунин, барои таъмини доимии неруи барқ барои ҳамин дидбонгоҳ як нерӯгоҳи хурди барқӣ-обӣ низ сохта ба истифода дода шуд. Маблағи умумии масрафгашта бошад дар отряди Шӯробод ва дидбонгоҳи Яхчи Пун ҳудуди 1 миллиону 600 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», ҳарчанд бинову иншооти нав сохта шуда бошад ҳам, аммо катҳои хоб ва кӯрпаву болиштҳои сарбозон ҳамоно кӯҳна боқӣ мондаанд.{jathumbnail off}