Бояд намояндагони Ӯзбакистон ва Туркманистон низ дар ин ҳамойиш иштирок мекарданд. Ташкилкунандагон ҳузур надоштани экологи туркманро дар мушкили раводид эълом доштанд, аммо ягон далеле барои ширкат накардани намояндагони Ӯзбакистон пеш наоварданд.
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Asia Grand» коршиносони муҳитзистии Осиёи Миёна баҳри музокираи дурнамои «Системаи муштараки иттилоот» оид ба муҳити зист ҷамъ омадаанд.
Ҳамойиши мазкур дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи маърифат оид ба масъалаҳои мушкили экологӣ баҳри густариши ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ» (AWARE) баргузор гардид.
Инчунин мутахасисони лоиҳаи «AWARE» оид ба ҳадаф ва мақсадҳои асосии дар назди онҳо дар Осиёи Миёна истода, нақшаи чорабиниҳои амалишаванда дар Тоҷикистон дар маърӯзаҳои худ махсус қайд намуданд. Иштирокчиён бо дастовардҳои лоиҳаи дар мавриди татбиқи Системаи муштараки иттилоот оид ба муҳити зист дар тамоми давлатҳои Аврупо ва имкоонияти татбиқи он дар Тоҷикистон шинос шуда, онро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ойхун Тоҳирова, муовини раиси идораи муҳити зисти Тоҷикистон оид ба муҳим будани давраи омӯзишӣ афзуд, ки «Тоҷикистон ба конвенсияи «ОРХУС» шомил буд ва инчунин қонун «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», қонун «Дар бораи мониторинги экологӣ» аз ҷониби кишвари мо қабул гардидаанд: «Дар асоси ҳамин қонунҳо ин семинар ташкил карда шудааст. Аз ин пешниҳод намудани маълумот ба шаҳрвандон ва мақомотҳои давлатӣ вобастагии калон дорад. Дар ин давраи омӯзишӣ, ки аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ омадаанд, дар инҷо барои беҳтар намудани муҳити зисти Тоҷикистон масъалаҳо дида баромада мешавад».
Дар семинари мазкур намояндагони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мубодилаи таҷриба оид ба ҷамъоварӣ ва паҳн намудани иттилооти экологӣ карданд. Дар ин ҳамоиш бояд намояндагони Ӯзбакистон ва Туркманистон низ иштирок мекарданд. Аммо ҳузур надоштани худро намояндагони Туркманистон дар мушкили раводид донист. Аммо ташкилкунандагони семинар ягон далеле барои ширкат накардани намояндагони Узбакистон пеш наоварданд.
Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Маркази Осиёи Маркази амалӣ карда шуда, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва аз ҷониби намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баргузор гарид.
Нилуфари КАРИМ