Бисёр хуб ҳам кардед, ки маҳфилро “Адабиёт ва андеша” унвон кардед. Воқеан, ҳатто мо ба фарзандҳои худамон андеша карданро ёд дода наметавонем ва адабиёте, ки андеша надорад, сари одамонро гиҷ мекунаду бас…
Дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии «Адабиёт ва андеша» бо ҳузури шоири халқии тоҷик Мӯъмин Қаноат баргузор гардид.
Дар ин нишаст донишмандону шоирони тоҷик аз қабили Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, Гулрухсор, Иброҳим Усмонов, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафури Орзу, намояндагони сафорати Эрон, инчунин мухлисону ҳаводорони ашъори шоир ва раҳбарону аъзоёни ҲНИТ ширкат доштанд.
Дар оғози маҳфил иштирокчиёни нишаст аз эҷодиёти Қаноат порчаҳои қироат намуда, табъи устодро болида гардониданд.
Гулрухсор Сафиева, шоираи тоҷик дар маҳфил суханронӣ карда, ба ташкилкунандагони маҳфили мазкур изҳори ташаккур намуда афзуд, ки: «Бисёр хуб ҳам кардед, ки маҳфилро “Адабиёт ва андеша” унвон кардед. Воқеан, ҳатто мо ба фарзандҳои худамон андеша карданро ёд дода наметавонем ва адабиёте, ки андеша надорад, сари одамонро гиҷ мекунад. Мо инро дар зиндагии хеш бисёр дидаем. Ман бисёр гап намезанам, чунки имрӯзу ҳама рӯз ва имсол соли устод Муъмин Қаноат мебошад. Бояд, ки шоире ба ин тавоноиву бузургӣ ва бо ин нангу номус ва хубӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифта шавад. Устод ба ҷашну таърифи мо ниёз надоранд. Ҳар як суханашон як ҷаҳон аст. Аммо вақте ки мо касеро таъриф мекунем, ё ҷашн мегирем, мо бояд ақаллан як чизе аз ӯ барои худамон кашф кунем ва миннатдор бошем, ки бо ҳамин инсон дар сайёра тавонистем як каме хубу беҳтар шавем».
Устод Мўъмин Қаноат дар мавриди достони «Сурӯши Сталинград» қисса намуда, дар масъалаи бардоштҳои омиёнаву эҳсосӣ аз он суҳбат карда гуфт: «Шояд амалкардҳои ғайриинсонии фашизм ба ҳама ҷомеа кӯмак кунад, ки як дафъа ба худ биоянд, худ ва ҳадду андозаи хешро бишносанд, ҳамоишу таҳаммулпазирӣ в
а хирадгароиро, ки мо онҳоро бисёр сабук ва содда мегирем, ёд бигиранд. Диду шинохти омиёна ва бардошти эҳсосӣ, ки он чӣ мебинед, ё мешунавед, онро бидуни таҳлилу натиҷагирӣ ҳамчун ҳақиқати ниҳоӣ мепиндоред, бисёр хом ва ангезанда аст. Фоҷеаҳои ҷаҳони имрӯз ҳам аз рӯи ҳамин эҳсосот ва маърифати ибтидоӣ, ки дар ҳунар бе арзиш аст, вале онро дар дар саросари ҷаҳон намоиш медиҳанд, сарчашма мегиранд. Ин маълумоти эҳсосӣ бе мантиқ, бе мавзӯъ ва бе ҳадаф ҳастанд».
Дар ҷамбасти маҳфил аз ҷониби роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба Мўъмин Қаноат тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Нилуфари КАРИМ