Чаро маҳз ҳангоми суханронии раиси вилоят ҷавонон дар варзишгоҳ шӯру ғавғоро ба вуҷуд оварданд?
Як манбаи мӯътамад аз шаҳри Хоруғ иттилоъ дод, 30-юми октябри соли равон дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастаи "Хоруғ-2" ва "Динамо"- и Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир карданд. Марҳилаи ниҳоии бозии варзишии ҷавонони Тоҷикистон мусовӣ (0-0) ба поён расид. Футбол воқеан шавқовар ва ҷолиб гузаштааст. Мақсад аз баргузории ин гуна чорабинии варзишӣ он будааст, ки дар байни ҷавонони шаҳри Хоруғ тарзи ҳаёти солим тарғибу ташвиқ шавад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин як навъ тактикаи кормандони мақомоти қудратӣ низ буд, ки мехостанд кину буғзеро, ки дар ҷараёни ҳодисаҳои охир ба миён омада буд, бартараф намоянд. Мухлисон ва ҳаводорони футбол дар шаҳри Хоруғ аз сатҳи ташкили бозиҳо изҳори хушҳолӣ мекарданд. Чун бозии ду даста ба охир расид, роҳбарони ҳарду тим хеле дӯстонаву бародарона ба ҳамдигар хайру хуш кардаанд. Яке аз шоҳидони ин бозӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт дар охири бозӣ раиси вилоят Қодири Қосим мехост суханронӣ кунад, аммо яку якбора доду фарёд ба гӯш расид. Қодири Қосим дар бораи тарзи ҳаёти солим сухан мегуфт, аммо ҳеч шунида намешуд, мардум дар баробари ба сухан оғоз карданаш шӯру ғалоғула бардоштанд. Хулас, ҷавонон имкон надоданд, то ӯ суханашро ба охир расонад.
Ин аз чӣ далолат мекунад?
Коршиносон бар ин назаранд, ки мардум дигар ба раиси вилоят эътимод надоранд ва ӯро гӯш кардан ҳам намехоҳанд.
- Баъд аз ҳаводиси Хоруғ дидгоҳи бархе мардум нисбат ба раис манфӣ шуд. Ин ягон ихтилофи махсус ва қаблан таҳрезишуда набуд, -мегӯяд ҷавоне, ки дар бораи ҳодисаи зикршуда ба мо хабар дод. Ба гуфтаи ӯ аҷиб он буд, ки бо шунидани овози Қодири Қосим мардум худро дигар конрол карда натавонистанд. Якчанд намояндаи ҳукумат, ки бо ӯ дар як миз нишаста буданд, эҳсос мекарданд, ки муомилаи мардум бо онҳо чӣ гуна аст. Гап сари ин аст, ки мардум маҳз Қодири Қосимро гӯш кардан намехостанд. Зеро чун пас аз раиси вилоят як намояндаи дигари вилоят суханронӣ намуд, мардум ба гапи ӯ гӯш фаро доданд.
Раҳматилло Зойиров, раиси ҲУСДТ мегӯяд, Қодири Қосим раиси мардуми Бадахшон нест, ӯ раиси ҳукумат дар Бадахшон аст. Мардум пеш аз ҳама ба ҳукумат боварӣ надорад ва баъдан ба роҳбарии Қодири Қосим низ аз ҷумла. Зеро баъд аз ҳодисаҳои Хоруғ вай ҳеч гоҳ хостаҳои мардуми Бадахшонро назди ҳукумат баррасӣ накард. Ин маънои онро дорад, ки ӯ барои ҳифзи курсии худаш аз манфиатҳои мардуми маҳаллӣ фаромӯш мекунад ва ё то барканор шуданаш худро ба фаромӯшӣ мезанад.
"Медонед ӯ чаро ба истеъфо намеравад? Шумо фикр мекунед, ӯ мехоҳад, ки ба ҳукумат исбот кунад, ки ӯ шахси боэътимоди ҳукумат аст? Не, мақсади ӯ танҳо ҳифзи курсии раисӣ асту халос. Агар ӯ дар бораи эътимоди мардум ва қадру қимати имрӯзаи ҳукумати кишвар фикр мекард, кайҳо боз боадабона ба ноӯҳдабароиҳояш иқрор мешуду мерафт, вале бубинед ӯ ин корро накард. Баъд аз ҳаводиси Хоруғ мо чеҳраи ҳақиқии ӯро дидем, ӯ танҳо нафаре аст, ки ба вазифа сахт одат кардаасту ба ҳимоя не. Баъд аз эътирози ҷавонон дар маркази варзишӣ ба хулосае омадаам, ки раиси вилоят ду роҳ дорад. Яке,ӯ ба сифати намояндаи иҷборӣ дар минтақа фаъолият намояду бо бадномӣ корашро пеш барад, ки дар шароити Бадахшон имконнопазир аст. Дуввум, ё бо хубӣ истеъфо медиҳаду аз таъқибу бадномии баъдӣ худашро озод намояд. Он вақт ӯ ояндаи фарзандони худро низ дар рӯйхати сиёҳ ворид намекунад. Вай бояд бо як ташаббуси мардона аз кор равад, чун дигар мардум ӯро гӯш кардан намехоҳанд",-мегӯяд Зойиров.
Коршиносон бар ин ақидаанд, ки чунин эътирози ҷавонон як "сигнал"-ест ба гӯши ҳукумат ва набояд ба он бетараф буд. Ин маънои онро дорад, ки мардум гуфтан мехоҳанд: "Моро ҳам ақаллан як маротиба гӯш кунед!".
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки дар сӯҳбатҳои қаблӣ ба истеъфо рафтани раиси ВМКБ-ро ҷиддӣ намегирифт, акнун назарашро тағйир додааст. Ба гуфтаи ӯ чун масъала то ин ҳад расидааст, акнун як шахсияте, ки худро эҳтиром мекунад, набояд дақиқае нишастанашро дар ин курсӣ раво бинад: "Бубинед, тавассути кӯмак ва дигар воситаҳо эътимоди мардумро наметавон ба даст овард. Ҳодисаи 30-юми сентябр воқеан ҳам бори дигар исбот намуд, ки курсиро ба хотири ҳукумат ва манфиати шахсии худ ҳифз кардан ҳеч имкон надорад. Эътирози ҷавонони тоҷик як василаест, ки бозгашти қудрати навро мехоҳанд. Ба онҳо дигар "адаб" омӯхтан намешавад. Онҳо танҳо тағйири кадр ва ба таври хеле зуд ҳал шудани масъалаҳои худро мехоҳанд".
Коршиносон ҳамчунин таъкид мекунанд, ки ба сабабҳои чунин эътирози ҷавонон тоҷик аҳамият додан зарур аст, вагарна сар задани ягон ҳодисаи нохуш аз эҳтимол дур нест.
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА