Аввалин маротиба дар ноҳияи Файзобод иштирокчии "Рӯзи забони давлатӣ" будам. Он вақт Шарофиддинов Рустам , олими забоншиноси тоҷик гуфта буданд, ки ин ҷашн ба хотири пос доштани забони форсии тоҷикӣ ва баланд намудани мавқеи он гузаронда шуда, бояд як васила барои ташвиқи покии забони модарӣ ва рушди он гардад.Он замон кӯдак будаму ба хубӣ дарк намекардам, ки ин суханон чӣ маънӣ доранду то кадом ҳад амалӣ мешаванд. Аммо ҳоло мебинам, ки аз он асаре нест, балки он бузургон аз Ватан кӯч бастаанд.
Ду-се соли охир шоҳид будам, ки ин ҷашн низ мисли бештари маъракаҳои дигар ба як маросими нақл аз муваффақиятҳо ва танҳо гуфтанҳо аз мушкилот табдил ёфта, нақши як ҷашни бузургдошти забони ноби тоҷикӣ, ташвиқи он ва ҳалли воқеии мушкилотро надорад.
Дар ҳамин ҳол, мушкилоти забони модарӣ дар ҷумҳурӣ кам нест. Сарфу наҳв (грамматика)-и он сол ба сол дигар мешавад, аммо дар амалия истифодаи дурусти он хеле кам ба чашм мерасад. Ҳатто дар муассисаю корхонаҳои давлатӣ аз забони давлатӣ дуруст истифода намешавад. Борҳо шоҳиди он будаам, ки ҳуҷҷатҳо аввал ба русӣ омода шуда, сипас ба тоҷикӣ тарҷума мегарданд, ки он ҳам пур аз ғалат аст. Чуноне мегӯянд, "хат ғалат, иншо ғалат, имло ғалат...".
Васоити ахбори умум, ки оинаи фарҳанги миллату кишвар аст, дар ин масъала сахт мелангад. Дар ВАО-и давлатӣ чунин хатоҳо сари ҳар ҷумла дида мешаванд, чи гӯем аз нашрияҳои мустақил. Дирӯз дар шабакаи давлатии телевизиони "Сафина" чанд лаҳза аз як наворро дидам, ки зери он навишта шуда буд: "Кӯлҳои Аловиддин". Албатта, нохунак умуман истифода нашуда буд. Аз рӯи мантиқ номи кӯлҳо бояд "Аловиддин" бошад, аммо аз рӯи тарзи навишт чунин бармеояд, ки ин номи соҳибашон аст.
Чанд сол қабл масъалаи истифодаи нохунак бардошта шуд ва дар грамматикаи забони тоҷикӣ тағйироте ворид намуданд, ки нохунак дигар дар номҳои хос истифода нашаванд. Ҳамон вақт муаллимаи забону адабиётамон изҳори норозӣ кард, ки "акнун маълум нест, Одина номи одам аст, номи китоби устод Айнӣ ё рӯзи ҳафта (ҷумъа)". Албатта, каме дертар онро ба ҷои худ баргардонданд. Чунин баҳсҳо оид ба тарзи истифодаи ин ё он аломату ҳарф сол аз сол такрор мешавад, аммо чунин менамояд, ки баҳс тамом нашуда қонунро дигар мекунанд ва боз тағйиротро лағв менамоянд.
Ҳамин сол Кумитаи забон қоидаҳои грамматикаро оид ба истифодаи "у"-и дароз ("?") тағйир дод. Акнун ин ҳарфро пеш аз "ҳ" ва "ъ" истифода бурдан дуруст набудааст. Калимаҳои "сӯҳбат", "сутӯҳ", "нӯҳ" ва ғайра тарзи дигари навиштро доранд.
Ба бовари Додихудо Саймиддинов, раиси кумитаи мазкур, ин қоида бар пояи талаффузи бархе аз лаҳҷаҳо, аз ҷумла бухороӣ, самарқандӣ, миёнкол ва дигарҳо ба вуҷуд омада будааст, ки "меъёри бофтаву сохта мибошад". Вай илова кард, "мо набояд, меъёри илмӣ ва таърихии имлоро қурбони меъёрҳои замони Шӯравии солҳои 20 ва 30-юм гардонем. Чунки он солҳо забоншиносон воқеан намедонистанд, аз таърихи забон огоҳӣ надоштанд. Ҳамчунон ки бархе аз ба истилоҳ забоншиносони мо имрӯз ҳам намедонанд".
Агар мувофиқи ин бовар кор кунем ва забони тоҷикиро ба асли худ баргардондаю аз қоидаҳои забон, ки дар даврони шӯравӣ қабул шудаанд, даст кашем, пас танҳо як интихоб мемонад - бозгашт ба алифбои ниёгон. Ин танҳо хулосаи мантиқӣ аз суханони раис аст. Дар ин ҳол, ба назар гирифта нашудааст, ки дар хати ниёгон (ҳамон арабиасос, ки имрӯз порсиаш меноманд) дарозию кӯтоҳии талаффузи ҳарфу ҳиҷоҳо риоя гашта, ҳамин чиз дар грамматикаи забони тоҷикии солҳои шӯравӣ акс шуда буд.
Агар аз тағйироти "зери таъсир"-и "лаҳҷаи бухороӣ" ва дигар лаҳҷаю гӯишҳо рӯй тобем, бо забони Айнӣ чӣ кунем? Кӣ ҳоло метавонад даъво кунад, ки мо нафареро дар сатҳи Айнӣ дар адабиёти муосири тоҷик ва ҳамвазни ӯ дар нигаҳдори забони порсӣ дар Мовароуннаҳр дорем? Албатта, хидматҳои Шакурӣ дар солҳои охир хеле муҳим буданд, аммо имрӯз мо ӯро ҳам надорем. Кӣ ҷойгузини ин бузургон мешавад?
Дар ҳоле, ки уламои асили посдори забони ноби тоҷикиро кам-кам аз даст медиҳем, сабку услуби забон дар соҳаҳои гуногун дар ҳоли харобшавист. Аксаран фарқе миёни забони коргузорӣ, адабиёт, публисистӣ ва илмӣ гузошта намешавад ва бештар забоншиносон аз онҳо хабар доранду тамом. Дигарон агар аз ин ва дигар нозукиҳо хабар дошта бошанд ҳам, истифода намекунанд. Ё дуруст истифода намебаранд.
Дар муассисаҳои таълимӣ на забон ва на адабиёт дуруст дарс дода намешавад. Толибилмон танҳо қоида ва шеър аз бар мекунанду ба маънии он сарфаҳм намераванд. Ба қавле, "қориазёд". Ҳатто аз баъзе муаллимони адабиёт мазмуни шеъреро пурсӣ, он қадар рӯякӣ "маънидод" мекунад, ки хандаи кас меояд. Ҳамин аст, ки мисраи "Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем" пеши чашми хатмкунандагон ҳадди аксар манзараеро меорад, ки дар он шоир ва маъшуқааш рӯ ба рӯ нишастаанду муаллиф акси рухи зебосанамро дар пиёлааш мебинад. Аз мазмуни баланди суханони малакутии Хоҷа Ҳофиз аз ишқ, чӣ ба холиқу чӣ ба махлуқ, хабаре нест. Аз Хайём низ ҷуз "хуми шароб" ва як бадмаст дигар шинохте надоранд.
Дар ҳамин ҳол, дар солҳои истиқлолият, мо ҳеҷ китобе оид ба забони тоҷикӣ бо тавзеҳи пурра ва дурусти қавонини забони тоҷикӣ рӯи чоп наёмадааст. Агар ҳам буда, дастраси омма нест. Дар солҳои мактабӣ як китоб аз солҳои 80-и асри гузашта бо номи "Хрестоматияи забони тоҷикӣ" ба дастам афтод, ки ҳама нозукиҳои забон дар он ба хубӣ фаҳмонда шуда буд.
На танҳо чунин китоб, балки умуман китоби хуби илмӣ ба забони тоҷикӣ барои омӯзиш надорем. Ҳатто китобҳои дарсии забони тоҷикӣ бо хато дар имлою иншо нашр мешаванд, чӣ гӯем аз китобҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногуни илм, ба хусус, улуми техникӣ ва тиб. Мактаби тарҷумаи хуб надорем. Адабиёти илмӣ ва бадеӣ хеле кам тарҷума мешаванд. Ин ҳам дар ҳоле, ки адабиёти худӣ низ ба ҳарду по мелангад.
Гурӯҳе пешниҳод доранд аз забони меъёр, ки дар Эрон ҳамчун ҳуҷҷат қабул шуда ва истифодаи вожаҳои гуногунро муқаррар менамояд, истифода барем. Бо истифода аз меъёри забони порсӣ зид нестам, аммо аз калимаҳои тоҷикӣ даст кашидан ғайримантиқӣ хоҳад буд. Чунончӣ, "чархбол" (пешниҳоди Лоиқ Шералӣ) ба фикрам аз "ҳеликуптар"-и Эрон ҳазор мартаба беҳтар аст. Ё "даромадгоҳ"-у "баромадгоҳ"-и худамон аз "вурудӣ" ва "хуруҷӣ", ки аз забони арабӣ омадаанд, бартарӣ доранд.
Аммо дар васоити ахбори омма, калимаҳои аз забони Эрон бо талаффузи эронӣ зиёд истифода мешаванд. Мисли "Улимпик" ба ҷои "Олимпӣ" ё "родю" ба ҷои "радио".
Ба ҳамин минвол, гоҳо тарғибгарони истифодаи забони Эрон аз посдории покии забон фаротар рафта, ҳар калимаеро, ки тариқи забони русӣ ба забони имрӯзи тоҷикӣ омадаанд, рад мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки забони имрӯзи Эрон худ аз вожаҳои бегонаи арабию туркию фаронсавию инглисӣ орӣ нест. Чаро тақлид кунем? Чаро аз таҷрибаи имрӯзи Эрон беҳтарин дарсҳоро нагирем ва ба ҷои ин бидуни чуну чаро ҳарчӣ дар Эрон мегӯянд қабул кунем?
Ҳар чӣ набошад, агар адабиёт ба забони хуби тоҷикӣ надошта бошем, ҳаргиз он ба хубӣ тарғиб нахоҳад шуд. Мавқеи ӯ низ беҳтар не, ки бадтар хоҳад буд. Бояд ба талаботи ҷавонон бештар диққат дода шавад ва ба омӯзиши онҳо аҳамият қоил шавем. Дар баробари ин, бояд дар назар дошта бошем, ки забон зинда буда, тағйирот дар он табиист. Аммо ин тағйирот бояд зери назари уламо бо дарназардошти талаботи замон ҷорӣ шавад.
То замоне ҷавонони мо барои пайдо кардани ҷавоб аз манобеи русию англисии интернет истифода мебаранд, забони тоҷикӣ миёни онҳо "мӯд" нахоҳад буд. Барои ин, бояд меъёрҳои забони тоҷикӣ барои технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ коркард ва ҷорӣ гардад. Бояд рӯи мӯҳтавои сомонаҳо ва саҳфаҳои интернетӣ бештар кор кунем ва пойгоҳҳои бузурги ватанӣ ба забони модарӣ сохта шавад. Луғату барномаҳои тарҷумаи автоматӣ омода гардад. Дар ғайри ин сурат, таъсири забонҳои ғайр дар фазои иттилоотӣ ва илмии кишвар бештар хоҳад буд.
Рустам МАҶИДОВ