Вазири хориҷаи Русия зимни ишора ба ҳамкории Эрон бо оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ, роҳи поён додан ба муноқишоти барномаи ҳастаии Теҳронро ин донист, ки Ғарб руйкарди ақлонӣ иттихоз карда ва шиори инзиво ва таҳрими Эронро канор бигузорад.
Ба гузориши Форс, Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия дар мусоҳиба бо хабаргузории Бломберг ба баррасии масоил ва дидгоҳҳои Маскав дар хусуси Сурия ва барномаи ҳастаии Эрон пардохт. Лавров дар посух ба Чарл Руз, хабарнигори шабакаи Бломберг, ки муддаӣ шуд аксари мардум муътақиданд Башор Асад бидуни ҳимояти таслиҳотии Русия ва Эрон дар қудрат боқӣ намемонад, ин мавзўъро ба асаргузории расонаҳои ғарбӣ бар афкори мухотибонаш вобаста донист.
Вазири хориҷаи Русия гуфт, расонаҳои ғарбӣ бо "шиорҳои содда" талош мекунад Асадро фарде қотил муаррифӣ кунад, ки ҳеч ҷойгоҳе дар Сурия ё дар ҳеч куҷои кишвари дунё надорад ва ба ин наҳва бар мухотибонаш таъсир мегузорад. Лавров таъкид кард, Маскав чашм бар бархе аз интиқодот ба Башор Асад намебандад, аз ҷумла ин ки ў кори хеле камеро дар замони бисёр дер анҷом додааст, аммо бо ин мавзӯъ ҳам мувофиқ нест, ки ў, чунон ки расонаҳои ғарбӣ ба тасвир мекашанд, ҳаррўза дар ҳоли пайкор бо мардуми ғайримусаллаҳ аст.
Вазири хориҷаи Русия таъкид кард, Русия аз замони оғози нооромиҳо дар Сурия бо мухолифони дохилӣ дар ин кишвар музокира ва онҳоро тарғиб кард, то ихтилофот ва нафратҳои фардиро ба хотири мардуми кишварашон канор бигузорад.
Вай афзуд, гурӯҳҳои мухолифи Сурия дар вокуниш ба ин талошҳои Русия мегуфтанд, дигар муттаҳидони хориҷӣ пешниҳодҳои дигаре ба мо ироа медиҳанд, онҳо мегўянд, ки то охир ба набард идома диҳед, онҳо мегўянд: бо садои расо бигўед, Русия бояд Асадро сарнагун кунад.
Лавров дар бораи кӯмаки таслиҳотии Русия ба Сурия гуфт: мо аз замони оғози ин бӯҳрон дар Сурия, ҳеч қарордоди таслиҳотии ҷадиде имзо накардаем.
Чарли Руз аз вазири хориҷаи Русия пурсид, дар чӣ шароите Маскав ба барканории Башор Асад ризоят хоҳад дод?
Лавров дар посух ба ин пурсиш гуфт: Мо наметавонем чунин шароитеро тасаввур кунем. Чандин ҳамлаи террористӣ алайҳи давлати Сурия анҷом мешавад ва ин ҳамалот на дар пойгоҳҳои амниятии ин кишвар, балки алайҳи маконҳои комилан ғайринизомии он ва зерсохтҳои анҷом мешавад, ки шўрои амнияти Созмони миллал ҳам ду бор ин ҳамалотро маҳкум кардааст. Аммо ҳамкорони мо, аз ҷумла намояндагони Амрико дар шўрои амният аз маҳкум кардани ин ҳамлаҳои террористӣ алайҳи давлати Сурия ва маконҳои идории ин кишвар худдорӣ кард. Далеле, ки онҳо ба мо доданд ин буд, ки режими Сурия комилан зидди башарӣ аст.
Лавров ин дидгоҳро дидгоҳе бисёр махуф хонд ва афзуд: тавҷеҳи ҳамлаҳо бо ҳар далеле ки бошад, ҳаргиз писандида нест.
Вазири хориҷаи Русия бо ишора ба ҷанҷолҳои Амрико дар бораи ветои қатъномаи шўрои амнияти Созмони миллал тавассути Маскав ва Пекин гуфт: ҳақи вето бахше аз маншури Созмони миллал ва бахше аз қонуни байналмилал аст.
Хабарнигории Бломберг дар идома аз вазири хориҷаи Русия дар бораи барномаи ҳастаии Эрон пурсид ва гуфт оё ба назари вай Эрон қасд дорад тавоноии дастёбӣ ба бомби атомиро дошта бошад ё не?
Лавров дар ҷавоби ин савол гуфт, ман як чизеро бо қатъият медонам ва он ин ки эрониҳо мехоҳанд чархаи комили сўхти ҳастаиро дошта бошанд, ки ин ҳеч тазоде бо паймони манъи густариши силоҳҳои атомӣ надорад.
Вай афзуд: Мо њеч нишонаеро дар даст надорем, ки нишон диҳад Эрон дар радаи сиёсӣ тасмиме барои ҳаракат ба самти низомисозии барномаи ҳастаиаш гирифта бошад. Арзёбии иттилоотии Амрико низ ҳамин аст.
Вазири хориҷаи Русия афзуд: ҳамаи мо барои иҷро шудани аҳдофи таъйиншуда дар паймони манъи густариши силоҳҳои атомӣ бояд руйкарди ақлонӣ иттихоз кунем. Зеро агар мо инзиворо шиори рўз қарор диҳем, таҳримҳои бештару бештаре эъмол кунем ва ин кишварро таҳдид ба ҳамла кунем - Худое накарда - Эрон ҳамкориаш бо ожонси энергии атомиро қатъ хоҳад кард, ки дар ҳоли ҳозир тамоми сайтҳои ҳастаии эълом шудаи Эронро зери назар дорад ва гузориш додааст, ки то кунун њеч нишонае аз ҷанбаҳои низомӣ дар барномаи ҳастаии Эрон наёфтааст.
Хабаргузории Бломберг бо қатъи суханони Лавров аз вай пурсид оё давлати Эрон дар бархурд бо ожонс шаффоф буда ва тамомии иқдомоти лозим барои ғайринизомӣ будани барномаашро анҷом додааст ё не?
Вазири хориҷаи Русия дар посух ба ин пурсиш гуфт: то он ҷо ки баҳс ба сайтҳои њастаии Эрон ва уҳдадориҳои қонунии ин кишвар марбут мешавад, Эрон бо ожонс ҳамкорӣ дорад ва ожонс низ ин мавзўъро дар гузоришҳои худ тасдиқ кардааст. Аммо дар барномаи ҳастаии Эрон шубҳаҳое низ вуҷуд дорад, ки ин кишвар бояд гурўҳи 5+1 ро дар бораи онҳо мутақоид кунад.
Лавров таъкид кард: Аммо чизе ки ман мегўям ин аст, ки бо таҳдид ва таҳрими пай дар пайи Эрон мо ин кишварро ба ҳамкории бештар тарғиб намекунем. Шумо танҳо Эронро иваз намекунед, шумо рафтори ҳамаро иваз мекунед, зеро агар шумо ба таҳдидҳо ва таҳримҳо пойбанд бимонед ва мо ба Эрон биравем ва бигўем шумо бояд бо оҷонс ҳамкорӣ кунед ва ин дар ҳолое бошад, ки онҳо ҳамаро мутақоид карда бошанд, ки барномаашон ҷанбаи низомӣ надорад... он гоҳ аст, ки Эрон ба мо мегўяд, мо бовар надорем Ғарб ҳаргиз дар ин мавзуъ бо мо канор биёяд... Бовари Эрон ин аст, ки ҳадафи Ғарб тағйири низом аст. Эрон ба мо мегўяд, ки эҳсос мекунад Ғарб содиқ нест.
Вазири хориҷаи Русия аз тасмими Мурсӣ, раисҷумҳурии Миср барои ворид кардани Эрон дар мавзўъи Сурия истиқбол кард ва гуфт роҳи ҳалли мавзўъи ҳастаии Эрон ин аст, ки бо Эрон ҳамкорӣ кунем.
Вай ҳамчунин аз рўйкарди дугонаи Амрико дар ҳамкорӣ бо Эрон интиқод кард ва гуфт: Вақте мо мехостем Эронро ба Женева, ба ин иҷлоси гурўҳи тамос даъват кунем, амрикоиҳо гуфтанд, на, мо наметавонем бо Эрон ба тавофуқ бирасем. Аммо ҳамин амрикоиҳо вақте мусоидати Эрон дар вазъияти амниятӣ дар Ироқро лозим доштанд, барои нишастан бо Эрон ва тафовуқ бо ин кишвар на шубҳае доштанду на дудила шуданд.