Дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз профессор Бурҳониддин Раббонӣ, яке аз шахсиятҳои маъруфи Афғонистон ёд карданд. Дар ҳамоише бахшида ба ёдбуди Раббонӣ аз корнамоӣ, ҷасорат, сулҳхоҳӣ, ватандӯстӣ ва умуман шахсияти ин профессор гуфтанд.
Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ зимни суханронияш гуфт, сӯҳбат бо Бурҳониддин Раббонӣ беҳтарин лаҳзаҳои зиндагияш буданд: «Нақши устод дар сулҳи тоҷикон муассир аст. Ҳар як нишасте, ки бо устод доштем барои мо як дарс буд. Ёд дорам, ки устод Рабонӣ дасти Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нуриро гирифта бо ҳам гузошт ва дасти худро аз болои дасти онҳо монду гуфт, ки акнун иншоолоҳ сулҳ ҳам мешавад».
Дар ёдбуд зикр шуд, ки ҳоло шахсияти ин фидоии роҳи сулҳ, марди сулҳхоҳу ватандӯст комилан инъикос нагардидааст ва ниёз ба муаррифии бештар дорад. Эркин Раҳматуллоев таъкид намуд, ки бояд пажуҳишҳое гузаронида шаванд, ки ҳар лаҳзаи зиндлагии устод Раббониро тасвиру инъикос намояд. Мушоври давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ яке аз бузургтарин хизматҳои профессор Бурҳониддин Раббониро миёнҷигӣ дар сулҳи тоҷикон унвон карда, ӯро яке аз поягузоророни сулҳи Тоҷикистон номид.
Қосимшоҳ Искандаров, донишманди тоҷик бар ин назар аст, ки агар устод Раббонӣ зинда мебуд, барои Афғонистон корҳои зиёде мекард ва маҳз ҳамин омил боиси он шуд, ки ӯро ба қатл расониданд: «Устод охирин симмате, ки дошт, раиси Шӯрои сулҳи Афғонистон буд. Профессор Бурҳониддин Раббонӣ миёни гурӯҳои мухталииф, аҳзоби сиёсӣ як пули иртиботе буд, ки танҳо сулҳро мехост. Воқеан ҳам ӯ як шахсияти беназир буд».
Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи «Миллат» гуфт, қатли марҳум Бурҳониддин Раббонӣ як тарҳи қаблан таҳрезишуда буд ва афсӯс, ки то ҳол қотилони ӯ дастгир нашудаанд. Ба қавли номбурда корҳои анҷомдодаи профессор Рабонӣ барои Тоҷикистону Афғонистон фаромӯшношуданист ва ду кишвар садсолаҳо дар интизори инсоне чун Раббонӣ хоҳанд монд.
Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, нақши устод Раббонӣ дар пирӯзии муҷоҳидон бар толибон муҳим ва назаррас аст. Ба қавли сафир профессор Раббонӣ вазифаи иҷтимоии худро хеле хуб шинохта буд.
Масъулини сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, ки ин ҳамоиш бо ташаббуси онҳо баргузор шуд, иброз намуданд, ки Раббонӣ шахсияте буд, ки ҳақиқати исломро хеле хуб ба мардум фаҳмонд.
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини аввали раиси ҲНИТ қайд намуд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ хизматҳои профессор Бурҳониддин Раббониро фаромӯш нахоҳанд кард.
Номбурда Рабониро яке аз тарроҳони сулҳи тоҷикон номида ва ҳамзамон изҳори таасуф кард, ки ин сулҳи нодир ахиран ба таслим табдил шудааст: «Мо ҳеч гоҳ хидматҳои устод Раббонӣ ва Амир Аҳмадшоҳи шаҳидро фаромӯш намекунем, зеро дар замоне, ки беш аз 100 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Афғонистон буд, маҳз бо кӯмаки ин ду абармард паноҳгоҳ ёфтанду ба сулҳ расиданд ва сарбаландона ба Ватан баргаштанд. Мо тоҷикон як умр мадюни хизматҳои онҳоем».
Маврид ба тазаккур аст, як сол қабл ё 22-юми сентябри соли 2011, пешвои ҳаракати тоҷикгарии Хуросони бостон, шахсияти фарҳехтаву фарзона, роҳбари ҷиҳоду муқовимати Афғонистон, сафири сулҳу имон, проффесор Бурҳониддин Раббонӣ ба шеваи ноҷавонмардонатарин дар манзили худаш аз ҷониби шахсе, ки гуё толибонро намояндагӣ мекард, террор шуд.
Алишер Зарифӣ