«Вақте бачаҳои мо ба Русия мераванд, он ҷо қонунӣ медароянд ва миёни Тоҷикистону Русия раводид нест. Илова бар ин агар муҳоҷир сарҳадро низ вайрон кунад, қонун дар бораи вайрон кардани сарҳад аст. Дар худи ҳамин конвенсияи байналхалқие, ки Тоҷикистон эътирофаш кардааст, мафҳуми муҳоҷирати ғайриқонунӣ вуҷуд надорад».
Имрӯз, 21-уми сентябр дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ» ва қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» бо иштироки коршиносону ҳуқуқшиносон, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, коршиносни Бонки ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои давлатӣ сурат пазируфт.
Абдулхайр Ғафуриён, корманди Дастгоҳи иҷроияи президент зимни суханронӣ қабули ин ду лоиҳаро муҳим арзёбӣ кард ва илова намуд, ки тибқи муқарароте, ки дар тарҳи қонун «Дар бораи агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ» пешбинӣ шудааст, дар Тоҷикистон дар баробари агентиҳои шуғли аҳолии давлатӣ минбаъд ҳамчунин агентиҳои хусусиии шуғли аҳолӣ ҳам бояд фаъолият намоянд: «Вале мутаасифона дар ҷумҳурии мо ин гуна агентиҳо ташкил нашудаанд. Зеро то ҳанӯз дар Тоҷикистон фазои меъёрию ҳуқуқии зарурӣ вобаста ба таъсиси ин агентиҳо вуҷуд надорад».
Номбурда иброз дошт, ки айни ҳол теъдоди субъектҳои хоҷагидоре, ки оид ба содироти нерӯи корӣ ба хориҷа иҷозатнома доранд ба 70 мерасад, вале аз ин шумора ҳамагӣ 23-24 тоаш фаъол аст, ки бевосита ба содироти нерӯи корӣ машғуланд. Ба қавли Абдулхайр Ғафуриён, мувофиқи пешниҳодҳои ироашуда ба ин лоиҳа агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ мисли марказҳои шуғли аҳолии давлатӣ барои ба кор таъмин намудани мардум, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар машғул хоҳанд шуд: «Гузашта аз ин дар лоиҳаи мазкур як қатор муқарарот пешниҳод гардидаанд, ки дар он ҷо тартиби ташкил, номнависӣ, инчунин намудҳои фаъолияти онҳо пешбинӣ шудааст. Илова бар ин мо як қатор муқарароте ба ин лоиҳа ворид намудем, ки тибқи он пешниҳодҳо агентиҳо муваззаф мешаванд ҳолати ба хориҷа содир намудани муҳоҷирони меҳнатиро аз ибтидо то интиҳо назорат намоянд ва дар ҳолати вайрон кардани банде аз қарордод, ки байни агентиҳои хусусӣ ва корманд баста мешавад, муҷозот пешбинӣ шудааст».
Мавсуф афзуд, онҳо талош доранд баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ»-ро дар ҳудуди якуним ду моҳи оянда ба итмом расонида, пешниҳоди парлумон намоянд.
Ба ҷузъ аз барраси лоиҳаи мазкур дар нишаст иштирокчиён қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ»-ро низ ба баҳс кашиданд.
Тарҳи қонуни мазкур 2 сол инҷониб дар ҳоли таҳияву баррасӣ шудан аст, ки мояи нигаронии бархе аз соҳибназарон ҳам гардидааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Перспектива плюс» ба Озодагон гуфт, ки аз баски ӯ аъзои гурӯҳи корӣ нест, аз сабаби то ин дараҷа ба дарозо кашидани қабули тарҳи қонун огоҳ нест. Номбурда мегӯяд, мехоҳад, лоиҳаи мазкур ҳар чӣ зудтар қабул гардад: «Вақте мо дар ҷаласаи Швейсария будем он ҷо низ ҳамин масъала бардошта шуд, он ҷо низ пурсон шуданд, ки чаро ин дер қабул шуда истодааст. Масалан ҳар гуна қонуне, ки ҳаст агар мутахассисони хуб бошад, онро давоми 3-4 моҳ омода кардан даркор. Ҳоло он ки инҳо референдум накарданд, масалан аз мардум чизе напурсиданд, ки барои ҷамъ кардани он дер шавад. Фикр мекунам, хеле дер шуда истодааст ва хуб мешавад ҳар чӣ зудтар қонуни мазкур қабул гардад».
Ойниҳол Бобоназарова иброз намуд, ки мехоҳанд дар мадди аввал масъалаи амалишавии бисёр созишномаҳое, ки миёни Тоҷикистону Русия вуҷуд доранду тақдирсозанд, баррасӣ намоянд. Ӯ мегӯяд, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баррасии лоиҳаи ин қонун хеле муҳим аст, зеро бисёр вақт қонунҳо қабул мешаванд, баъдан ҷомеаи шаҳрвандӣ хабардор мегардад, ки аллакай дер мешавад: «Мо мехоҳем таҳлил кунем, ки қонунҳо то кадом дараҷа ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқанд ва гузашта аз ин то куҷо манфиатҳои муҳоҷиронро муҳофизат мекунанд. Фикр мекунам бардоштани ин масъала хеле муҳим аст».
Ин ҳуқуқшинос аз он афсӯс мехӯрад, ки дар қонунгузории амалкунандаи муҳоҷирати меҳнатӣ мафҳуми муҳоҷирати ғайриқонунӣ вуҷуд дорад, ки тибқи Конвенсияи байналхалқӣ, ки Тоҷикистон онро эътироф кардааст, бояд бардошта шавад:
«Бубинед, вақте ки бачаҳои мо ба Русия мераванд, он ҷо қонунӣ медароянд ва миёни Тоҷикистону Русия раводид нест. Илова бар ин агар муҳоҷир сарҳадро низ вайрон кунад, қонун дар бораи вайрон кардани сарҳад аст. Дар худи ҳамин конвенсияи байналхалқие, ки Тоҷикистон эътирофаш кардааст, мафҳуми муҳоҷирати ғайриқонунӣ вуҷуд надорад».
Роҳбари ташкилоти «Перспектива плюс» таъкид намуд, ки дар баррасии лоиҳаи нави қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» пешниҳод кардаанд, ки мафҳуми муҳоҷирати ғайриқонунӣ бардошта шавад. Ӯ афзуд, ҳатман ба парлумон низ муроҷиат мекунанд, то ҳамин чизро қабул накунад, зеро ин ба манфиати муҳоҷирон нест.
Мавриди зикр аст, тарҳи қонуни мазкур аз 9 боб ва 30 модда иборат буда, тибқи иттилои расмӣ баъд аз 2 моҳ ба парлумони кишвар пешниҳод мегардад.
Алишер Зарифӣ