"Ба дунболи ҳамла ба намояндагиҳои дипломатии Иёлоти Муттаҳида дар Либия, Миср, Яман ва бархе дигар аз кишварҳои мусалмоннишин дар ҳафтаи гузашта, сафорати Амрико дар Душанбе аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, "ҳушёр бошанд".
Вақте ин хабарро хондам шармам омад, худро таҳқиршуда эҳсос кардам. Ҳарчанд медонам, ки мақомоти ҳукумати кишвари ман ҳеч парвое дар ростои дифоъ аз ифтихору номуси воқеии миллат надоранд, боз мехостам вокуниши онҳоро бибинам, аммо таи се рӯзи гузашта ҳеч садое аз он "боло-болоҳо" набаромад. Ба ин хулоса расидам, ки чанд ҳафтаи дигар ҳам интизор биистам ҳам фоидае нахоҳад дошт. Бо ин вуҷуд Амрико дар Тоҷикистон чанд шаҳрванд дорад, ки ахлоқу таҳаммулпазирии мардуми як кишварро зери суол бурда чунин изҳорот пахш мекунад?
Хеч одами солимақл куштори як инсонро наметавонад ҷонибдорӣ ва амали қотилро тавҷеҳ кунад. Ҳарчанд мушоҳида мешавад, ки дар бозиҳои сиёсӣ ва манфиатталабиҳои сиёсатмадорон куштори инсон ва дар бисёр ҳолат ҳатто қатли омро тавҷеҳ мекунанд. Новобаста аз ин ҳама куштори сафири Амрико дар Либӣ коре зишт ва бояд маҳкум шавад. Ҳарчанд ҳамин сафир тарроҳи пружаи аз қудрат барканор кардани Муъаммар Қаззофӣ ва дар ҳолати таҳқиромез кушта шудани ӯ будааст, яъне ҳамаи амалиёт дар Либиро ӯ тарроҳӣ ва ҳамоҳанг мекардааст. Ҳоло ҳамонҳое, ки бо пуштибонии Амрико ва шарикони ғарбияш Қаззофиро кушта буданд, даст ба куштори сафири Амрико заданд. Албатта ҳамон қотилони Қаззофӣ қотили сафири Амрико нестанд ва сӯҳбат ҳам аз ин боб нест. Ба назари мо ҷараёне дар Либӣ ва бархе кишварҳои дигар роҳ андохтанд, ки мавҷи шӯридааш аз домани Амрико, дар шахси сафири ин кишвар дар Либӣ гирифт.
Борак Обама ба дигарон ҳушдор медиҳаду ба оҳанги таҳдидомез таъкид мекунад, ки ин куштору ҳаводисе аз ин дастро фаромӯш намекунанд. Сафоратхонаҳои Амрико дар кишварҳои мухталиф ба шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор медиҳад, ки дар ҷойҳои эҳтимолии тазоҳуроту таҷаммуъ аз рафтан худдорӣ кунанд. Генерал Мартин Демсӣ аз ҳуҷум ба нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда мақомоти Афғонистонро барои ҷиддӣ гирифтани ин масъала мисли Амрико даъват мекунад. Ҷолиб дар ин ки онҳо ҳеч ҳам решаи воқеаҳоро дар амалкарди худу ҳамватанонашон намебинанд, балки мардуму давлатҳои дигар кишварҳоро ҳушдор медиҳанду ғайримустақим гунаҳкори ҳодисаҳои рухдода эълон менамоянд. Шояд аз назари мақомоти амрикоӣ ин гуна таҳдиду ҳушдорҳо як амри маъмулӣ бошад, аммо бояд пазируфт, ки метавонад аз сӯи дигарон ба гунаи дигар арзёбӣ шавад ва ҳатто чун таҳқир пазируфта гардад. Дар аксари ҳаводис мақомоти Амрико баҳои амалҳо ва иштибоҳҳои худро мепардозанд. Ин дар ҳолест, ки онҳо дар ростои бегуноҳ нишон додани Амрико талош доранд. Ба истилоҳи дигар аз изҳороти мақомоти амрикоӣ чунин натиҷагирӣ мешавад, ки гӯё гунаҳкор ин мардуми соири манотиқу кишварҳои ҷаҳонанд ва бояд онҳоро таҳдид карду аз хатарашон мардуми Амрикоро огоҳонид. Агар чунин нест чаро то ҳол ҳеч мақомоти амниятиву низомии Амрико коре амалӣ дар ростои шиносоӣ ва пайдо кардану ба додгоҳ кашондани созандагони он филми тавҳиномез ба ислом ва соҳати муқаддаси Расуллоҳ (с) анҷом надодааст? Шояд ин филм дар асл дар марказҳои тарроҳии барномаҳои стротежики Амрико ва барои дур кардани афкори умумӣ аз қазияи равобити олами ислом ва Исроил ва ба маҷрои дигар равон кардани бедории исломӣ пиёда шудааст? Охир пас аз пирӯзии исломгароҳо дар Миср ва изҳори назари комилан воқеъбинона ва ба зарари Исроил хатмшавандаи Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср ва густариши рӯзафзӯни раванди бедории исломӣ дар кишварҳои Осиё ва пирӯзии исломгароён дар ин кишварҳо Исроил ва лобиҳои саҳюнистӣ дар ҷаҳон хатари билқувваро эҳсос карданд ва табиист, ки барои муҳори он барномаҳое тарҳрезӣ кардаанду хоҳанд тарҳрезӣ кард.
Ҳисоби бархе гурӯҳҳои тундгаро мисли салафиҳо ҷудост, аммо набояд фаромӯш кард, ки меъёрҳо мушаххасанд ва вокуниши ҳар мусалмони огоҳ дар баробари тавҳин ба ислому паёмбар эътирози шадид хоҳад буд. Ҳоло инро Амрико мепазирад ё не, ҳеч фарқе дар моҳияти амал падид нахоҳад омад, зеро ҳар мусалмони содиқу огоҳ дар ин гуна ҳолатҳо на бар мабнои қонунҳои сохтаи инсон, балки бар асоси дастури Худованд ва аз рӯи шариат амал мекунад.
Нуктаи ҷолиби дигар ва талоши Амрико дар ростои дур андохтани афкори умумӣ аз асли қазия ин буд, ки ҳуҷуми мардум ба бархе сафоратхона ва пойгоҳҳои ин кишвар дар Ховари Миёнаро кори Алқоида муаррифӣ ва аз номи кадом гурӯҳе эълон кард, ки ин амал интиқом ба хотири кушта шудани як фармондехи баландпояи ин Созмони терористӣ сурат гирифтааст. Албатта ин гуна тахмин ҳам ҳуқуқи мавҷудият дорад, вале баъид аст касе ба ин бозӣ дигар бовар кунад.
Ба назар мерасад имрӯз вақти он расидааст, ки мақомоти Амрико бояд ҳам барои мардуми ин кишвар ва ҳам барои ҳамаи ҷаҳониён мушаххас кунад, ки манфиатҳои мардуми Амрикоро қурбонии бозиҳои лоббиҳои саҳюнистӣ ва Исроил мекунад ё бо олами ислом ва соири озодихоҳони ҷаҳон ҳамқадам хоҳад шуд. Аз сӯи дигар, агар ҳукуматҳо дар баробари ин гуна ҳушдорҳо вокунише накунанд, ин маънии онро надорад, ки мардум ҳам хомӯш хоҳад буд.