Владимир Путин, раисҷумҳури Русия тасмим дорад охирҳои моҳи сентябр ва ё аввоили моҳи октябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон дидан кунад. Мавзӯъи меҳварии гуфтушуниди ҷаноби Путин бо ҳамтоёни тоҷики худ ин тамдиди ҳузури низомиёни рус дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад. Расонаҳои хабарии Русия ҳамзамон бо такя ба сарчашмаҳои наздик ба ҳукумати ҳарду кишвар менависанд, ки созишномаи мазкур моҳи октябр дар Душанбе аз ҷониби раҳбарони Тоҷикистон ва Русия ба имзо хоҳад расид. "Матни созишнома дар бораи пойгоҳи низомӣ омода аст. Ҳузури низомиёни рус то 20-29 сол тамдид хоҳад шуд. Аниқтараш Тоҷикистон барои 29 сол истифода аз заминаш ба русҳо иҷоза медиҳад. Дар созишнома масъалаи молиявӣ матраҳ нашудааст. Яъне, ҷонибе барои ин созишнома маблағ дастрас намекунад", навиштааст сомонаи www.russia.ru бо такя ба сарчашмаи худ дар ҳукумати Тоҷикистон.
Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳадафаш расид?
Дар ҳамин маврид сарчашмаҳои наздик ба Ройтерс хабар додаанд, ки Маскав омодааст, ки бори дигар аз Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кунад, тавре ки дар солҳои 90-ум пуштибонӣ карда буд. Ба гуфтаи ин сарчашма Душанбе танҳо ба хотири амалиёти Хоруғ ба Маскав гузашт кардааст.
Гуфта мешавад, маълумоти мазкур дар ҳоле мунташир мешавад, ки намояндагони расмии Тоҷикистон ва Русия аз ҷузъиёти гуфтушунид худдорӣ мекунанд. Давлат Назрӣ, сардори департаменти иттилоотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳамин маврид мегӯяд, ки Душанбе ва Маскав ҳоло натиҷаи ниҳоии музокироти ҳайатҳоро мунтазир ҳастанд. Дар робита ба сафари ҷаноби Путин низ номбурда гуфт, ки албатта ин масъала дар марҳилаи баррасӣ қарор дошта, ҳоло таърих ва барномаи сафарии президенти Русия ба Тоҷикистон мушахас нагардидааст. Дар ҳамин маврид Раҳматилло Зойиров, раҳбари консорсиюми юридикии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд сафари президенти Русия аз таърихи 05 то 07-уми октябр анҷом ёбад. Зеро соли равон ҳарду президент 60 солагии худро ҷашн мегиранд. Ва гурӯҳҳои дипломатии Тоҷикистону Русия ин имкониятро аз даст нахоҳанд дод. Вақте руасои ду кишвар дар якоҷоягӣ зодрӯзи худро ҷашн мегиранд, пас, ба ҷуз аз нӯшокиҳову табрикот онҷо ваъдаҳои "дӯстона" ҳам ҳатман садо хоҳанд дод. Маҳз дар ҳамин маҳфил президенти ду кишвар ба ҳадафи худ хоҳанд расид. Эмомалӣ Раҳмон соҳиби кафолат барои 7 соли ҳукмронӣ мешавад, Путин бошад имкони ройгон истифода кардани замини давлати дигарро ба даст меорад, мегӯяд Раҳматилло Зойиров. Дар тақвияти ин суханҳои Раҳматилло Зойиров, коршиноси масоили сиёсӣ Раҳматулло Валиев мегӯяд, ки Тоҷикистон бе чуну чаро тамоми шартҳои пешгузоштаи Русияро қабул карда, аз даъвоҳои худ даст мекашад.
"Тоҷикистон дар соли 2013 маъракаи муҳими сиёсӣ дорад. Гузашта аз ин вобастагиҳои Душанбе аз Маскав хело зиёданд. Барои ҳамин ҳукумати феълии Тоҷикистон омода ҳаст, ки ин шартномаро ба муҳлати тӯлонӣ ба тасвиб расонад. Аммо ба мӯҳлати 29 сол имзо кардани чунин шартнома аз нигоҳи сиёсӣ дуруст нест. Мантиқӣ мебуд агар Душанбе шартномаро ба мӯҳлати 7 соли дигар имзо кунад. Зеро пас аз 7 сол ҳукумат иваз хоҳад шуд", мегӯяд Раҳматулло Валиев, коршиноси масоили сиёсӣ.
Оқибати хешутаборчигӣ дар ҳукумат, Тоҷикистонро боз ҳам муҳтоҷтар намуд
Маврид ба зикр аст, баҳс атрофи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бештар аз 3 сол мешавад, ки идома дорад. Ҷониби Русия қаблан аз Тоҷикистон дархост дошт, ки ба муддати 49 соли дигар низомиёнаш инҷо мустақар бошанд. Ин пешниҳоди Русия аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон шадидан зери интиқод қарор гирифт. Баъдан, гурӯҳе аз мансабдорони тоҷик ҳам эълон карданд, ки Русия ҳуқуқи ройгон истифода кардан аз сарзамини Тоҷикистонро надорад. Аз ин хотир бояд маблағе пардохт намояд, ки дар расонаҳо сухан атрофи 300 миллион доллар мерафт. Аммо тавре пешгӯйи мегардид, бо пешниҳод гардидани шартҳои Тоҷикистон Русия аз фишангҳои сиёсии худ истифода кард.
Дар ҷавоб ба чунин "сарпечии" Тоҷикистон соли гузашта Русия як амалиёти густардаи ҳамла ба муҳоҷирони меҳнатиро роҳандозӣ намуд. Дар натиҷаи ин ҳамла теъдоди зиёди муҳоҷирон ба Тоҷикистон ради марз шуда, гурӯҳи дигарро бо ҳар баҳона мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт мекард. Илова бар ин мансабдорони дигари Русия ба монанди Геннадий Онишенко, раҳбари беҳдошти ин кишвар ва Владимир Жириновский вакили думаи давлатӣ низ ба Тоҷикистон таҳдидҳои лафзӣ доштанд. Нахуст Генадий Онишенко ба хотири "дифоъ" аз ҳар маризиҳои сироятӣ эълон кард, ки дигар меваҳои хушки Тоҷикистон ба Русия роҳ дода нашаванд. Владимир Жириновский ҳам аз фурсат истифода бурда барои чандин маротиба ба ҳукумати кишвараш пешниҳод кард, ки бо Тоҷикистон низоми раводидро ҷорӣ намуда, теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷикро радди марз кунад. Тибқи мушоҳида дар чунин ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон ба Русия гузаштҳое мекунад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин заъф коршиносон мегӯянд, ки шонси Тоҷикистон барои бароварда сохтани манфиати давлатӣ аз ҳузури низомиёни рус хеле маҳдуд аст. Ҳатто бо хоҳиш ва талоши зиёд ҳукумати Тоҷикистон наметавонад мӯҳлати хостаи Русияро барои ҳузури пойгоҳи 201 коҳиш бидиҳад ва ё бар ивази истифодаи сарзамин маблағеро ба даст орад. Зеро дар сурати саркашӣ Русия метавонад масъалаи радди марз шудани муҳоҷирин, ҷорӣ кардани низоми раводид ва ё масоили марбут ба амнияти дохилиро дубора ба баҳс бигирад. Дар ҳамин маврид Раҳматулло Валиев, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ки ҳукумати Русия ҷойҳои нозуки Тоҷикистонро бисёр хуб дарк кардааст ва дар ҳар маврид метавонад аз ин ҳолат истифода кунад. Ба бовари номбурда ҳукумати Тоҷикистон ҳоло заъифу камбизоат ҳаст, ки имкони дифоъ аз ҳуқуқҳояшро надорад. Иллати аслии дар чунин вазъият қарор гирифтани давлатро ҷаноби Валиев дар сиёсати нодурусти кадрӣ арзёбӣ мекунад.
"Оқибати маҳалгароӣ ва хешутаборчигӣ ҳамин аст. Давоми 21 соли охир ин ҳукумат таронаҳо месароид, ки соҳибистиқлол шудааст. Аммо имрӯз бештар аз 2 миллион шаҳрванди мо дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ аст. Кадрҳо агар дуруст ва дурандешона таъин мегардид, имрӯз мо теъдоди муҳоҷиронро ҳадди ақал 50 дарсад бояд камтар медидем. Ин ҳукумат ҷойи корӣ ташкил накард. Давлати Тоҷикистон боз ҳам гарданкаҷтар гардид. Аз ин бардошт кардан мумкин аст, ки ҳукумати феълии Тоҷикистон барои таъсиси ҷойҳои кории нав манфиатдор нест ва дигар роҳе барои мубориза бо фишангҳои сиёсии давлатҳои абарқудратро надорад", мегӯяд Раҳматулло Валиев.
Хоҳиш ва иродаи сиёсӣ пайдо шавад, имкони тағйири шартнома вуҷуд дорад…
Ин ҳам дар ҳолест, ки Раҳматилло Зойиров, раҳбари консорсиюми юридикии Тоҷикистон мегӯяд, ки новобаста аз вазъият ва натиҷаи тасвиби ин шартномаи дуҷониба Тоҷикистон дар оянда имкони тағийр додани ҷузъиёти ин санадро дорад. Ба сифати далел ин ҳуқуқшиноси тоҷик аз мавҷудияти нуктаи муҳиме дар созишномаи қаблӣ мисол меорад. Зойиров мегӯяд, ки шахсан пешниҳод дошт, то дар созишнома банди алоҳидае дар мавриди яктарафа бекор кардани шартнома ва ё ворид кардани тағйиру иловаҳо ба матни он ҷой дода шавад. То дар оянда Тоҷикистон имкони қатъи шартномаро дошта бошад. Ба ҳар сурат Тоҷикистон имокони тағйири лоиҳаи шартномаро дар оянда дорад.
"Фарз кардем, ки ҳукумати феъли пешниҳоди моро дар мавриди мукаммал кардани чунин банд ба эътибор нагирифт. Пас, дар оянда бо иваз шудани ҳукумат мо имкони дубора ба баҳс гирифтани ин шартномаро дорем. Яъне, вақте дар шартномаи байналмиллалӣ банди алоҳидае дар бораи бекор кардани санади муштарак ва ё ворид кардани тағйирот вуҷуд надошта бошад, пас, аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ он комил ҳисобида намешавад. Ин меъёри муаяйнгардида ҳаст. Ҳукумати ояндаи Тоҷикистон дар сурати хоҳиш доштан метавонад ба Эъломияи байналмилалӣ оид ба нопурра будани матни шартномаи муштараки Тоҷикистону Русия шикоят бубарад", вале беҳтар аст агар мо имрӯз аз ҳуқуқҳои худ истифода кунем, илова намуд Раҳматилло Зойиров. Номбурда аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар Тоҷикистон матни шартномаҳои муштарак ба баррасии омма гузошта намешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки борҳо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳукумат ва президенти кишвар талаб доштанд, ки қабл аз имзо гузоштан зери чунин санад дар кишвар раъйпурсие баргузор гардад. Зеро масъалаи истифода аз сарзамини Тоҷикистон ва ҳузури низомиёни рус натанҳо ба амнияти ҳукумат, балки ба амнияти мардум низ дахл дорад. Аммо ҳатто дар сурати мавриди баррасӣ қарор додани лоиҳаи шартномаи мазкур баъид аст, ки ҳукумат хостаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ба инобат бигирад. Зеро ҳукумат қабл аз матраҳ кардани ин масъала метавонад лобии худро ташкил диҳад. Метавонем аз баррасии лоиҳаи қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон" мисол орем. Бо вуҷуди норозигии бахше аз ҷомеа лоиҳа тавре қабул гардид, ки ҳамонгуна ҳукумат хоҳиш дошт.
Тамдиди ҳузури пойгоҳи 201 ягона кафолати пирӯзи дар интихоботи 2013? (!)
Роҳи раҳоӣ аз чунин вазъиятро ҳуқуқшиноси тоҷик Раҳматилло Зойиров дар таъсиси гурӯҳҳои мустақил ва устувори сиёсӣ медонад. Номбурда мегӯяд, ки дар Созмони Милали Муттаҳид кумита ва комисияи ҳуқуқи байналмилалӣ фаъол ҳаст. Аммо барои бознигарии шартномаи муштарак аз ҷониби СММ ба ҷуз аз гурӯҳҳои мустақил давлати Тоҷикистон низ бояд муроҷиати расмӣ бифиристад, ки ин кори хеле мушкил аст. Албатта дар шароити Тоҷикистон чун ҳукумат имрӯз аз имкони худ истифода намекунад. Пас, чӣ гуна метавонад фардо барои нақзи ҳуқуқи байналмилалиаш ба СММ шикоят бубарад.
Маврид ба ёдоварист, ки қаблан гурӯҳе аз коршиносони тоҷик ҳадс мезаданд, ки дар масъалаи тамдиди ҳузури низомиёни рус интихоботи президентӣ наметавонад қартаи асосӣ бошад. Аммо, тавре мушоҳида мешавад, вазъият бо анҷом ёфтани амалиёти махсус дар Хоруғ ранги дигар гирифт. Ба бовари таҳлилгарон амалиёти мазкур нуфузи Эммалӣ Раҳмонро миёни мардум коста намуд. Аз ин хотир, ҳоло роҳи ягонаи ба даст овардани пирӯзӣ дар интихоботи соли 2013 ин қабул кардани пешниҳодҳои Русия дар мавриди ҳузури низомиёни рус барои солҳои тӯлонӣ мебошад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъият коршиносон мегӯянд, ки Тоҷикистон дар мавриди иҷорапулӣ дигар даҳон нахоҳад кушод. Ҳатто дар сурати мавҷудияти чунин банде дар шартнома, иҷорапулӣ ба маблағи ночизе муаяйн хоҳад шуд. Ва ё баръакс чанд кумаки техникиро метавонад, бар ивази иҷорапулӣ ба Тоҷикистон пешниҳод кунад. Дар ҳамин маврид коршиносон таҷрибаи ба мувофиқа расидани Қирғизистон ва Русияро намунаи беҳтарини гуфтушунид бо абарқудрат медонанд. Ба назари бархе таҳлилгарон беҳтар мебуд агар Тоҷикистон вақт ва нерӯи худро на барои муаяйн кардани иҷорапулӣ, балки барои гузаштҳои иқтисодии Русия барои интиқоли сӯзишворӣ ба кишвар харҷ медод.
Аз сафари қарибулвуқуъи Путин гуруҳе аз коршиносон интизороти хушбинона надоранд. Онҳо муътакиданд, ки Путин бар ивази ваъдаи 7 соли дигар ҳукмронӣ ба ҳукумат манфиатҳои миллии тоҷиконро боз нодида хоҳад гирифт ва ҳукумат низ дар навбати худ бар ивази ин ба муддати тӯлонӣ пойгоҳи низомии Русияро бидуни маблағ дар ихтиёри онҳо мегузорад.
Ҳумайрои БАХТИЁР