Профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, дар драматургияи муосири мо муаллифоне пайдо шудаанд, ки чӣ будани драмаро намедонанд…
«Дурнамои рушди театр дар Тоҷикистон». Таҳти чунин унвон имрӯз, 19-уми сентябр дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ бо иштироки масъулини театрҳо, ҳунамандону олимон ва намояндагони кишварҳои хориҷа баргузор гардид.
Валерий Иванович, президенти иттиҳодияи байналмилалии театрҳо зимни баромадаш дар ин ҳамоиш иброз намуд, ки дур шудани мардум аз театр на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Русия низ ҷой дорад. Ба қавли ӯ, агар ҷавонон аз театр рӯ гардонанд, ин як фоҷеаи калон аст, чун театр метавонад олами маънавии ҷавононро рушд диҳад: «Барои ҳамин мо бояд сари ин масъала конфронсу семинарҳои судманд бештар баргузор намуда, ҳалли мушкилоти соҳаро пайдо намоем».
Зимнан, профессор Иброҳим Усмонов дар нишасти мазкур аз фаъолияти драматургияи имрӯзи тоҷик изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки дар драматургияи мо муаллифоне пайдо шудаанд, ки чӣ будани драмаро намедонанд, театрро намешиносанд ва гузашта аз ин забони тоҷикиро хуб намедонанд, ки дар натиҷа коргардони театр чӣ сохтанашонро намедонанд: «Театр ин спектакл, режиссёр ва саршавии муҳити санъат аст, вале саршавии муҳити санъат аз адабиёт ва драматургия шурӯъ мешавад. Фақат асарҳои баландғоя ва асарҳое, ки воқеан таваҷҷӯҳро ҷалб карда метавонанд, мардумро ба театр оварда метавонанд. Он чизе, ки аз рӯи ҳавою ҳавас навишта шудааст, мардумро ба театр оварда наметавонад».
Ба қавли Иброҳим Усмонов, дар дрматургияи мо асарҳое пайдо шудаанд, ки онҳоро ба намоиш гузоштан мумкин нест. Ҳатто, асарҳое пайдо шудаанд, ки онҳоро дар чанд рӯзи ҷашн тамошо кардан мумкин аст, ки ин яке аз камбудиҳои асосии драматургияи мо дар солҳои охир аст.
Коршиносони соҳаи театр бар ин назаранд, ки театри имрӯзаи тоҷик аз театр дида ба ҷашнгоҳ монанд шудааст. Чун он ҷо асарҳое, ки менависанд, ҳамааш дар бораи ин ё он ҷашн аст. Намоишномаҳои театрӣ дар ин маъракаву маросимҳои давлатӣ ба намоиш гузошта мешаванд ва бо ҳамин аз саҳна нопадид мегарданд.
Нилуфари КАРИМ