"Ҳар бод ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд"Бо ёди ту, эй марди калому сухан ояд.
Девори дигар даври Бухоро суханат буд,
Шево сухане, к-аз дари ҷон дар бадан ояд.
Аз шаҳри Бухоро нафаси зиндаи тоҷик,
Аз файзи вуҷуди ту ба тарфи Ватан ояд.
Рӯшангари кошонаи Сомонӣ ту будӣ,
Рафтиву ғаму ғусса зи ҳар анчуман ояд.
Бо рафтани пурдарди ту аз олами фонӣ,
Парчам ба Душанбе ба назар чун кафан ояд.
Ҳар кас ки аз ин пас сухани тоҷикӣ гӯяд,
"Аввал суханаш номи ту андар даҳан ояд".
Аъзам Хуҷаста