Чӣ тавр кампири рус пойафзол нахарида монд
...Ба шаҳр расида, аз истгоҳи "Обшорон" ба "Газел"-и рақами 18 нишастам ва хостам тезтар ба ҷои кор бирасам. Ногоҳ уруси пире, ки низ шитобзада менамуд, хандону хушҳол аз дари пеш сӯям нигариста, "истед, истед, ман ҳам савор шавам", гуфта хез зада по ба дарун гузоштанӣ шуд, аммо ҷойи дастқапӣ набуд, ки чун муттако ба ӯ имкони баҳузур бар пеш нишастанро муҳайё созад, аз ин рӯ вай ба ман "эй ҳамшаҳр дастатро бидеҳ, қапида дароям ман", гуфт ва дасти дарозкардаи маро дошта, ба салон ворид гардид ва дар барам нишаст. Руси пиракие буд гӯям, шояд хато карда бошам. Ба ҳар сурат, мӯйҳояш ордвор сафед менамуд. Лек тарҳи рӯяш тозаву озода, ҳатто як хати ожанг ҳам надошт. Ба тахмин 65-68-сола метофт ин руси сарсафед.
- Ана ҳамин хел, - ба гап даромад вай. Нағз шуд, нағзи нағз. Дар як дасташ халтаи нави пури нос. Ҳамоно хандон-хандон ба ману ронанда чун ошнои дерин менигарист. Аз кисаи пешаш як сомонӣ бароварда, ба ронанда дароз кард: - Ҳаққатро бигир, ошно.
Сипас, як каш носро ба таҳи забон партофт ва ба ману ронанда ишора кард, ки "мекашед?".
- Не,- баробар бо аломати инкор сар ҷунбондем мо.
-Хайр, нағз, - нос дар даҳон гуфт вай ва боз ба сухан даромад:
- Ту, ҷӯра, ба ман бигӯ, даст бар китфам ниҳод пиракии рус. - Чӣ гап шудагӣ? Ҳама ҷо тинҷист? Ва ба ҷавоби ман мунтазир нашуда, лигоми суханро ба даст гирифт боз.
- Мегӯянд, ки бозори "Корвон"-ро оташ задаанд?
- Бале, бале, ин ҳақиқат аст, - тасдиқ кардам ман.
- Алов задаанду баъд дуздҳо молу колои савдогарони бечораро ба яғмо бурдаанд. Мегӯянд, ки баъзе одамон сӯхта, ба ҳалокат расидаанд. Эҳ, Худо, Худоҷон... чӣ азоб, чӣ рӯзи сиёҳ... Кӣ мекунад ҳамин корҳоро, кӣ? Ман намефаҳмам.
Мо хомӯшу сокит гӯш ба ҳарфи пиракӣ дода, ба чеҳраи алҳол хаёландуди ӯ менигарем.
- Медонӣ, дӯстам, - дубора даст ба китфам мениҳад вай. Пеш вақтҳо, дар замони Шӯравӣ ин хел гапу корҳо набуд. Агар рафту рӯй медод, даррав гунаҳкоронро ёфта, ҷазо медоданд. Турма, медонӣ, турма. Ҳоло бошад, ҳар кас медонаду дави аспаш. На ҳукумат назорат мебарад, на милиса... Не, ин ҳокимони навбаромад роҳашонро наёфтанд. Ободӣ нест, ҳама барои кисаи худашу хешу табораш ҷон меканад. Чанд маротиба шуд, ки мекананду асфалт мекунанд, мекананду асфалт мекунанд. Эх... наметонанд инҳо. Роҳи тайёри замони Шӯравиро дуруст дарбеҳ карда наметавонанд... Хайр, гап сари чӣ буд навакак? Ҳа, ҳа... Бозори "Корвон".
Пиракӣ нохосту ногаҳонӣ ба тарафи чапи роҳ, сӯи дӯкону мағозаҳои тиҷоратӣ ишора карда:
- Дар ҳамон тараф, дар як мағоза кампири ман фаррош аст. Эҳ... аҷоиб зан аст вай.
- Чандсола аст ҳамсаратон? - мепурсам ман.
- 63-сола, нав пенса баромад. Ман ҳам пенсионерам.
- Шумо аз Русия омадагиед ё дар ҳамин Тоҷикистон калон шудаед?
- Не, не. Ман тоҷикистониям, дар ҳамин ҷо ба воя расидаам. Солҳои дароз чӣ дар замони Шӯравӣ, чӣ баъдтар челонгарӣ мекардам дар завод... Ана ҳамааш вайрон шуд, ба бод рафт.
- Аслан зодаи кадом шаҳри Русия ҳастанд падару модаратон?
- Саратов. Гузаштагони ман аз Саратов ҳастанд. Шаҳри калон, зебо. Ду-се сол пеш рафта будам ба он ҷо. Зеботар шудааст, роҳҳои фарох, биноҳои нави замонавӣ...
- Телевизор тамошо мекунӣ? - яке гапро ба ин тараф "меғелонад" пиракӣ.
- Не, тамошо намекунам, - мефаҳмонам ман. - Чӣ буд?
- Иди асалу харбузаро нишон доданд. Рости гап, дурӯғ аст асалу пасал. Ту пурс, ки чаро? Дар замони Шӯравӣ падари ман ҳам занбӯрпарвар буд. Мо асали ноб ва хушсифат ба даст меовардем. Ба ғармиҳо бурда бо "копеек" мефурӯхтем. Дар телевизор нишон медиҳад, лекин як кас намепурсад, ки литри асал чанд сӯм аст? 25-30 сомонӣ! Ана ёбу гир! Чӣ хел қиммат! Ин беинсофӣ, бераҳмист. Ну, ладно... Ҳа, гуфтагӣ барин, гап дар бораи чӣ буд? Ҳа, ҳа, бозори "Корвон", да, да...
Ва яке ба хаёл меравад мӯйсафеди рус ва нигоҳи тӯлонӣ бар вусъати роҳ меафканад. Баъд... ҳамчунон ғайримунтазири мо нохост садо мезанад:
- Ана, бубин, бубин, - ва ба бинои боазамати сар ба гардункашида, ки сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист, ишора мекунад:
- Медонӣ, нағз медонӣ, ки замонҳои пешин ин ҷо беморхонаи "инфексионӣ" буд. Як касалхонаи куҳансохти якқабата, ки аз чандин корпус иборат буд. Тамоми мардуми Тоҷикистон дар ин ҷо табобат гирифта, шифо меёфтанд. Ҳозир чӣ? Он беморхонаро вайрон кардаву дар ҷояш, ана ин бинои шишакориро, ки баландиаш то худи Каҳкашон мерасад ва меҳмонхона мешудааст, сохта истодаанд. Ту ба ман бигӯ: ба кӣ даркор ҳамин меҳмонхона? Ба деҳқон, ба муаллим, ба як ҷавони муҳоҷири тоҷик, ба зану бонуи шумо?? Ҳамон "балнисаи инфексионий" ҳазор бор аз ин меҳмонхонаи "тиллоӣ" болотару хубтар набуд? Беҳтару фоидаовартар буд ба Худо! Эҳ... чӣ гӯям?
- Рост, рост, - ба фикри пирмарди рус розӣ буданамро пинҳон намедорам. Ин ҳама барои бою сарватмандон, аслан хориҷиён, барои халқ набуду нест. Боз хомӯш мемонем, хеле.
- Маро гӯш кун, - дафъатан риштаи суханро ба даст мегирад пиракӣ. Ту дар Русия будӣ ягон бор? Масалан, баъди аз байн рафтани СССР?
- Ҳа, кам не, ғам не, 10 сол, - посух медиҳамаш ман. Муҳоҷир будам.
- Понятно. Ту мушоҳида кардӣ, ки русҳои ҳозира он миллати кушодачеҳраву дилсофи замони Шӯравӣ нестанд? Умуман, ман шуморо намедонам, аммо аз нигоҳи худам бемеҳру сангдиланд ҳаммиллатони имрӯзаи ман...
- Чаро? - суол медиҳам ман. Аз рӯи кадом вазъу ҳолат ба ин масъала баҳо медиҳед?
- Ман тез-тез сафар мекунам ба он ҷо, ба Русия, - мефаҳмонад пиракӣ. Лекин...
- Чӣ "лекин"?
- Дилам мондааст аз он мардум. Се сол пеш ба Маскав рафтам, ба меҳмонӣ, ба хонаи бародаронам. Шаб истодам ва бо ду чашми сар ба таҳқиқ мушоҳида кардам, ки ин мардум хасис ҳам шудаанд. Хайр, меҳмондориам карданд. Сиру колбаса бурида оварданд. Чунон баргҳои сиру колбасаи буридаашон тунук аст, ки аз ин сӯ он сӯро баҳузур мебинӣ. Ду бурида хлебу... дар 20-граммӣ арақ меоранд. Стаканчикҳояшон айнан монанди ангуштмонаи дӯзандагии занҳои шумо барин. Тавба, аз куҷо ёфтаанд ин стаканчикҳоро? Эх... Маълум, ки ман шикояту норизогӣ кардам. Медонед, додару занаш дар ҷавоб чӣ гуфтанд?
- Чӣ гуфтанд?
- Ин ҷо ба ту Душанбе не, - бонг бардоштанд онҳо. Ҳар чӣ ки ёбед, ба таги бинӣ мезанед. Мо "экономика" мекунем. Ҳа, хандида тааҷҷуб карданд онҳо. Дар Тоҷикистон фақат хар асту ароба, ҳамин тавр? Боз 4 фасли сол "свет" нест, ба Худо, дар "дурдом" зиндагӣ мекунед-е! Рӯзатон сиёҳ.
- Шумо чӣ ҷавоб додед? - мепурсам аз пиракӣ.
- Ман қаҳр кардаву барошуфта, саҳар қатӣ аз хонаи онҳо баромадаму... дигар ёде аз эшон накардам. Аз ҳамон вақт шурӯъ карда, кайе ки ба Маскав биравам, шабро дар аэропорт рӯз мекунаму то хонаи додарам, ки сад қадам дуртар аз аэропорт аст, намеравам. Не надо... қадрама медонам.
Боз сукунат ба миён меояд. Мусофирон дар истгоҳ мефароянд, касони дигаре ба "Газел" ворид мешаванд. Мо хомӯш.
- Эҳ, як гап аз ёдам баромадааст, - чизе ба хотираш расидагӣ барин мегӯяд руси хушгапу ҳикоятпардоз. Ба ман рафиқам занг зада гуфт, ки ба шаҳр биё, дар назди бозори "Шоҳмансур" бифаро, дар пушти бозор як кӯча аст. Кӯчаи "Наврӯз". Ҳамин кӯча дар куҷо бошад?
Ману ронанда ба андеша меравем, баъд китф дарҳам мекашем: "Не, нашунидаем бо ин ном кӯчаеро дар паси бозор. Наврӯз, Наврӯз... Не, намедонем, чӣ хел ки бори аввал мешунавем...".
- Ну ладно, - даст меафшонад пиракӣ. Найдём, найдём. Баъд боз ба ман менигарад, дароз нигаҳ меафканад:
- Гӯш кун, бародар! Аслан сухани мо сари сӯхтори бозори "Корвон" буд-а? Ҳа, ҳа...
Ҳамин дина ҳамроҳи кампир барои хариди пойафзол ба шаҳр баромадем. Ну, табиист, ки ба мағозаҳои микрорайон (9-ум километр дар назар аст) даромадем. Хеле гаштем, тамошо кардем. Ман барои худам охиру оқибат як туфлӣ харидам ба 70 сомонӣ. Мана, бубин дар поям. Ба занам ҳам якта попӯшӣ хариданӣ шудем, якравӣ карда, "Не, аз ин магазинҳо намехарам ман", гуфт.
- Барои чӣ гуфта пурсам, мегӯяд, ки ин ҷо нархаш қиммати заҳр, 70-80 сомонӣ...
- Чӣ кор кунем? - илоҷи корро ёфтанӣ шудам ман. - Канӣ бигӯ, кампир?
- "Поедем в "Караван", там дешево, - роҳ нишон дод кампирам. Ҳама занҳои тоҷик аз ҳамон бозори "Корвон" либосу пойафзол мехаранд-ку, - якравӣ кард ҳамсарам.
- Ну ладно, - гуфтам дар дил ва саҳар, ки буд, ба автобус нишаста, роҳамонро идома додем. Лекин... дар дохили автобус гап-гапу пичир-пичири одамонро мешунидам, ки мегуфтанд: "Бозори "Корвон" сӯхта, хокистар шудааст. Ҳеҷ молу коло аз коми оташ амон наёфтааст". Сиёҳ шуд дилам ва воқеаро ба кампири гаронгӯшам нақл кардам.
- Эҳ ин "Корвон" ҳар сари чанд вақт оташ мегирад, - нимғурма гуфт занам ва калла зад:
- Як тарафаш сӯхта бошад, тарафи дигараш обод будагист, - афзуд вай. Гап назадем дигар ва ҳаракат кардем. Дар "Садбарг" расидем, ки мошинҳо, калону майда қатор роҳро банд карда мондаанд.
- Чӣ гап бошад? - ҳайрон шудем мо.
- Савдогарони "Корвон" митинг карда, то назди бинои "Сирк" омадаанд, - фаҳмонд ронанда. Ин тарафаш ба сӯи маркази шаҳр раҳсипор гардиданд, ба воситаи "Текстил"... Метавонед аз автобус фароед!
Ғамгину рӯҳафтода ҳамроҳи кампирам аз автобус поён шудем. Ҳарчанд ба ин бефаҳми якрав шарҳу эзоҳ медиҳам, ки авзоъ мураккаб аст, вай калла меҷунбонаду афсӯс мехӯрад:
- Тинҷ мешудагист. Наход ҷанг хезад? Эх, як бало карда, ба "Корвон" мерасидем... Он ҷо як хел попӯшии арзони хушрӯ дида будам: ҳамагӣ 30 сомонӣ. Эҳ, Худоҷон, Худоҷон... Чӣ кор кунам-а?
Ана ҳамин тавр гапу кор, бародар. То бегоҳ дар шаҳр гаштем. Туфлии маъқули дилашро наёфт, кампирам.
Вақте ба сӯи хона бармегаштем, парешону ғамгин боз сар ҷунбонд занам:
- Эҳ, дар "Караван" арзон буд туфлӣ. Аз даст рафт ҳамааш.
Эҳ, "Караван", "Караван"...
Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ