Имрӯз дар хонаи Эрон «Ҷашни тавонмандӣ» баргузор гардид. Ин ҷашнвора аз ҷониби Кумитаи имдод Ҳумайнӣ сурат пазируфт.
Дар маросим он нафароне, ки аз ҷониби кумитаи мазкур дастгирӣ ёфтаанд, иштирок намуда, маҳсули дастони худро ба намоиш гузоштанд. Соҳибкорон аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Ваҳдат, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва ноҳияи Нуробод низ ҳузур доштанд.
Марҳабо Исмоилова, мураббияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд: «Зиёда аз 7 сол мешавад мо бо Кумитаи имдод ҳамкорӣ дорем, ҷавондухтароне, ки камбизоат ва ятим мебошанд ба онҳо курсҳои дузандагӣ ба мӯҳлати 3 моҳ мегузаронем. Дар ин 7 сол мо зиёда аз 650 шогирд таълим додем. Ҷавондухтароне, ки дар мо ин курсро мегузаранд, аз тамоми минтақаҳои кишвар ҳастанд. Баъзеи шогирдони мо баъди хатм мураббия ва баъзеашон дар хонаҳои худ чевар шуда кор мекунанд».
Саидҷаводи Разавӣ, роҳбари кумитаи мазкур зимни ин маросим афзуд, ки онҳо ду роҳи кӯмак ба навхонадоронро доранд, ки яке бевосита барпо намудани ҷашни арӯсии онҳо ва дуюм ёрӣ ба навхонадорон, яъне кӯмаки молию нақдӣ ба ятимон зимни хонадор шуданашон мебошад: «Танҳо дар 4 соли гузашта наздики 5 ҳазор кӯмаки нақдӣ кардем, вале ҷашни арӯсие, ки бевосита худи мо баргузор кардем, 1100 ҷуфт аст». Номбурда илова намуд, ки дар соли равон ният доранд ҷашни арусии 100 ҷуфти дигарро барпо намоянд.
Оқои Разавӣ мегӯяд, дар 18 соли фаъолияти худ Кумитаи имдод аз ягон кас напурсидааст, ки ту тоҷикӣ, ё ғайри тоҷик, мусалмонӣ, ё ғайримусалмон, ҳатто напурсидаанд, ки миллаташ чист. Ба қавли ӯ, барои кӯмак ба ниёзманд мусалмон будан шарт нест ва фарқе надорад: «Ин ки бипурсем ту кӣ ҳастӣ, нестӣ, хилофи усули амалии кумитаи имдод аст».
Маврид ба тазаккур аст, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки тайи 18 соли ахир Кумитаи имдод Ҳумайнӣ дар қаламрави он фаъолият дорад.Ба гуфтаи Саидҷаводи Разавӣ, Тоҷикистон ба онҳо, ҳам аз назари таърих, фарҳанг ва ҳам забон ягонагӣ дорад. Гуфтанист, Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ дар 4 соли охир бештар ба корҳои омӯзишӣ машғул аст ва дар ин муддат беш аз 10 ҳазор нафарро таълим додааст. Дар ҳамин ҳол, касоне, ки худашон хоҳишманд будаанду қарзҳои бефоиз додаанд, теъдоди тавонмандшудагон ба беш аз 1000 хонавода расидааст.
Муродалии Пайшанбе, донишҷӯи курси 5-уми факултети геологияи ДМТ зимни сӯҳбат ба Озодагон қайд намуд, ки бо кӯмаки Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ аз моҳи феврали соли равон курси семоҳаи сангтароширо дар мактаби таълими калонсолон хатм намудааст:
«Аз сабабе, ки геология ба соҳаи сангтарошӣ алоқамандии зич дорад, пеш аз ҳама маро ҳамин чиз водор намуд, ки ба сангтарошӣ машғул шавам ва дар оянда ният дорам, ки дӯкони махсусе дар пойтахти кишвар боз намоям ва сангҳои нодири Тоҷикистонро коркард намуда пешкаши ҳаводорон намоям».
Нилуфари Карим