Дар фурудгоҳи Лондон пас аз гузаштани фурудгоҳои Душанбеву Маскав касро мутаассир месозад. Инро ҳатто дар баробари аз тайёра поин шудан эҳсос кардан мумкин аст. Ба хусус пас аз дуруштиҳову муомилаи нохушоянди кормандони фурудгоҳи Душанбеву Маскав, чун шумо ҳар замон таъбири "сорри" (sorry for that- маъзарат), мешунавед, худро гуё дар сайёраи дигар мебинед. Фурудгоҳи Хеаатрови (Heathrow) Лондон бо вуҷуди серодамияш хеле ором ба назар мерасид. Ба назрам чунин намуд, ки дар Лондон одоб ва муошират фазои умумӣ дорад, агар зоҳирӣ ҳам бошад.
Шаҳре, ки ҳатто боғи ҳайвоноташ бӯйину чиркин нест
Дар ибтидои сафарам ман ба ин назар будам, ки оё барои боздид аз ҳамаи ҷойҳои таърихии ин шаҳр фурсатам мерасад ё на? Аммо баъдан ба хулосае омадам, ки шаҳри Лондон худ як осорхонаи зиндаро мемонад. Аз ин хотир дидани ҳар кӯчаи он баробари як осорхона аст.
Аввалин чизе, ки ман солҳо боз орзӯи дидани онро доштам, ин "Биг- Бен", яъне соати бузурге буд, ки хеле баланд дар саҳни ҳавлии парлумон истодааст. Баробари ба пойтахти Англия ворид шудан, он ҳатман аз дур ҳам бошад, ба назари шумо хеле ҳам зебо ва қадимӣ намудор мешавад.
Лондон бо махсусиятҳои зиёди худ аз ҳар шаҳри дигар мутафовит аст ва ҳар меҳмон бо дидани ин вижагиҳо мутаассир мешавад: кӯчаҳои танг, таксафонҳои зиёди қадима, автобусҳои дуошёнаи сурх, кӯчаҳои пури дучархаи кабудранг ва таксиҳои қадима…..
Тозагиву хушбуиии Лондонро баён кардан мушкил аст. Онро бояд дид! Ҳатто дар боғи ҳайвонот шумо ягон бӯи бад ва гаждиро намебинеду эҳсос намекунед, ки хеле ҷолиб аст. Аммо танҳо ин меъёрҳое нестанд, ки як меҳмон Лондонро ба зуди фаромӯш кунад…
Вақте Ғарб ба Ислом таваҷҷӯҳи зиёд мекунад….
Сафари мо дар доираи барномаи "Ислом ва ВАО"- и (TheIISSummer Programmeon Islam 2012,) Институти Исмоилии Лондон, ки бо мусоидати шабакаи Оғохон дар Инглистон солҳо боз фаъол аст, сурат гирифт. Семинар дар шаҳри Кембриҷ дар коллеҷи Ласи Кавендиш Кембрич (Lucy Cavendish College Cambridge, UK) баргузор шуд.
Кембриҷ он кадар шаҳри бузург набошад хам, бисёр зебост, ҳунари меъмории хоси худро дорад. Кембриҷро-маркази донишгоҳҳои ҷахон низ ном мебаранд. Беш аз 100 хатмкардаи маҳз ҳамин донишгоҳҳо ҷоизаи Нобелиро дар ҷаҳон соҳиб гардидаанд. Ҳангоми ворид шудан ба Кембриҷ касро эҳсосе фаро мегирад, ки вориди донишгоҳҳои зиёду печ дар печ шудааст.
Бо истифода аз имконияте, ки замони дар ин шахр буданам доштам, аз донишгоҳи ҷаҳоние, ки физики машҳури ҷаҳон Нютон таҳсил кардааст, дидан намудам. Ҳамзамон дар Кембриҷ мушоҳида кардам, ки мардум хеле серҳаракат ва ҳамеша машғули мутолиа ҳастанд. Шояд аз ин рӯст, ки ҷои тафреҳ дар ин шаҳр нисбат ба дигар шаҳрҳои Лондон камтар ба назар мерасад…
Семинар бо усули хеле ҷолиб, ки барои мо нав ҳисоб мешуд, гузашт. Устодон хеле қавӣ буданд ва масъалаҳои мавриди баҳсро хеле самимонаву асоснок ба мо мефаҳмонданд. Баъдан маълум шуд, ки аксари онҳо хатмкардаи донишгоҳи машҳури Ҳарвард ҳастанд. Як чизи дигарро ман замони баргузории дарсҳо дар Лондон дарк кардам, ки англисҳо ба ҳеҷ сурат вақту фурсати худро беҳуда сарф намекунанд. Аз ин ҷост, ки ҳатто замони хӯроки нисфирузу шом, бо мо мулоқотҳои корӣ сурат мегирифт, ки бароямон коршиносон паҳлӯҳои зиёди мавзӯҳои заруриро мефаҳмонданд.
Ҳамин тариқ, зимни дарсу мулоқотҳо мо доир ба махсусиятҳои баррасии мавзӯҳои исломӣ дар расонаҳои хабарӣ маълумоти бештар пайдо кардем. Устодон шаклҳои гуногуни бозтоби масоили исломиро дар расонаҳои мухталиф бо далелҳои воқеӣ нишон медоданд ва бурду бохти онҳоро маълум мекарданд. Аз ҷумла тарзи навишти расонаҳои ғарбӣ ба мавзӯҳои исломиро ба баҳс кашиданд ва риоя шудан ё нашудани касбияти журналистиро ошкор намуданд. Бояд гуфт феълан мавзӯҳои исломӣ дар матбуоти Ғарб ба қатори мавзӯҳои пурхонанда шинохта мешавад.
Хоруғ Тоҷикистонро муаррифӣ намуд…
Замони дар Лондон будани мо ба вақтим ҳаводиси Хоруғ рост омад. Чун на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо ман намоянда будам, ба қавле ба маркази аслии хабару маълумот дар ин нишаст табдил ёфтам. Албатта ин чизи нав нест, ки Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар, хоса мамолики Ғарб камтар мешиносанд. Аммо ин даъфа Тоҷикистонро қазияи Хоруғ маъруф карда буд. Аксари матбуот ва расонаҳои англисӣ ин мавзӯъро ба баррасии хеле ҷиддӣ гузоштанд. Дар вақтҳои танафуси семинар ин мавзӯъ мешавад гуфт ба мавзӯи рақами як табдил ёфт, чун дар нишасти мазкур ҳамагӣ исмоилиҳо буданд. Вале, азбаски маълумоти расмиву муътамад дар ин бора кам буд, аксари иштирокдорон хулосаи худро аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва маълумоте мегирифтанд, ки дар баҳсҳои интернетӣ пайдо мешуданд. Аз ин хотир гуфтан мумкин аст, ки андешаи таҳлилгарон дар бораи нокорагии бахшҳои идеологиву иттилоотии ҳукумати Тоҷикистон бори дигар худро ба намоиш гузошт. Ва ин ҳам замоне, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ мушкил дошта, аз ҷониби дигар ба дастгириву кумакҳои бештари мамолики ҷаҳон, хосса Ғарб ниёз дорад…
Ҳангоми чунин андешарониҳо дар кӯчаҳои Лондон қадам мезадам, ки ногох чашмам ба парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афтид. Парчами миллии кишварамон дар баробари беш аз 200-парчамҳои дигар кишвари ҷаҳон дар яке аз кӯчаҳои марказии Лондон афрохта шуда буд. Он шабу рӯз дар пойтахти Англия Бозиҳои олимпӣ сурат мегирифтанд. Медали биринҷии Мавзуна Чориева обрӯи варзишии моро боло бурд ё не, аммо дидани парчами Тоҷикистон дар дили Англия барои ман воқеан ҳам ҷои ифтихор дошт. Ман акнун ҳар чӣ бештар ва тезтар мехостам ба Ватани худ баргардам. Ба Тоҷикистоне, ки аксарияти матбуоти инглисзабон қазияи Хоруғро дар сархати худ қарор дода, аз оғози нооромиҳои навин дар ҳамсоякишвари Афғонистон сӯҳбат мекарданд…
Баъд аз чунин сафарҳо ба кишварҳои пешрафтаву абарқудрат нигоҳи кас ба зиндагӣ дигар мешаваду одам мехоҳад зиндагиашро тағйир диҳад, то Тоҷикистонро на ба хабарҳои ба қавле "гарм", балки бо ахбори рӯҳбаландкунанда муаррифӣ созанд. Умед дорам, ки чунин ҳам мешавад…
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
Душанбе- Лондон-Кембриҷ-Душанбе