Чаро мансабдорон хушомадгӯиро дӯст медоранд? Ба ин савол «Озодагон» ба соҳибназарон муроҷиат кард. Инак, ҷавоби эшон…
Сайид Иброҳими НАЗАР, раиси шӯъбаи таблиғотии ҲНИТ
Ман инро эҳсос мекунам. Агар ба таъриху фарҳанги 100 - 200 соли ахири худамон назар афканем, шояд ба ин хотир бошад. Мутаасифона аз поён то боло мебинем, ки агар 2 нафар ҳам ҳоким бошанд, ин чоплусиву хушомадгӯӣ дар ҷомеа вуҷуд дорад. Аз фазои ҷомеа ҳам шояд вобаста бошад, ки чунинаш кардем. Ин дарду маразро бояд ҳатман, ки бо фазои фарҳангиву бо тамоми таблиғот ва ба вижа аз мактаби миёна бояд бачаро фаҳмонд, ки ӯ озод асту чоплусӣ роҳи зиндагӣ нест. истиқлолият гарчи неъмати бузургест, вале баъди истиқлолият мо бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ шудем минҷумла ҷангҳои дохиливу ақибмондагиҳои иқтисодиву муҳоҷират, ки ҳамаи инҳо таъсир дошт. Алъон раҳбари як корхона ё ташкилот ва ё корманди як бахши кишоварзӣ худро ҳокими мутлақ эҳсос мекунад. Мардум маҷбуранд, ки барои ёфтани як луқма нон ва ё маҳрум нашудан аз ҷои кори худ, фазо водорашон месозад то даст ба чоплусӣ зананд. Дар ин мавзуъ ҷомеаи мо ба самти хубӣ неву бадӣ ҳаракат дорад. Дар ҷомеае, ки шахс ва мардум озод набошанду чоплусиву хушомадгӯӣ ҷои виқору обрӯмандии инсонро бигиранд, оқибати хуб надорад. Телевизионҳои моро нигоҳ кунед, ҳар фурсат чоплусиву хушомадгӯист. Рӯзномаҳоямон ҳам ҳамин тавранд. Инро бояд решаӣ ислоҳ намуд то ҷавон дарк кунад, ки чоплусӣ ҳарчанд фоидаи андаке медиҳад, аммо дар пушташ бадбахтӣ ҳам дорад.
Мусо АСОЗОДА, cиёсатшинос
Чоплусӣ барои ман бисёр мафҳуми бад аст ва дар Тоҷикистон мутаасифона масъалаи чоплусиву тамаллуқкорӣ хеле зиёд шудаст. Ин мафҳуми на ба манфиъати шахст аст ва на ба манфиъати он касе, ки чоплусӣ мекунад ва албатта ин ба фоидаи ҷомеа ҳам несту шахсро аз ҷомеасозӣ дур месозад. Манфиъати чомеаро низ нисбат ба манофиъати шахс паст мекунад. Замони пеш аз истиқлолият тамаллуқкорӣ вуҷуд дошт ва баъди истиқлолият ҳам вуҷуд дораду ҳеч вақт гум намешавад. Хушбахтона миллати тоҷик имконоти васеъ дорад, ки худро аз ин мафҳуми бисёр зишт дур созад. Оқибати аз ҳама ногувораш зарар ба ҷомеасозисту ба шуъури насли оянда таъсири манфӣ мерасонад ва имконоти ояндабиниву ояндасозии Тоҷикистонро боз ҳам маҳдуд мекунад.
Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, коршиноси масоили сиёсӣ
Мутаасифона ин хоси ҷомеаи Тоҷикистон буд ва дар давоми 1000 соли охир, ки давлати миллиро аз даст додем, ягона роҳ барои тоҷикон ҳамон корҳои маъмуриятиву идоравӣ буд. Карера барои тоҷикон хеле маҳдуд буд. Бинобарин барои мансабпарастиву талош барои мансаб ва шахсиятпарастӣ ҳоҷати гап нест. Мутаасифона то ҳол мо инро решакан накардем ва баъди истиқлолият ин раванд мустаҳкамтар мегардад шояд ба хотири таваҷҷуҳ надодан ба ин.Мансабпарастиву мансабталошӣ ҳам мода шудаасту нест нагардидааст. Оқибати ин раванд ин аст, ки сарварони кишвар аз ҳақиқат дур мешаванд. Касе дар ҷомеа ҷуръат накунад, ки росташро бигӯяд ва ё дархостҳои мавриди ниёзи худро пешкаш намояд, албатта боиси ҷудоӣ миёни раҳбарияти кишвар ва мардум мешавад, ки ин ба фоидаи на ҷомеа ва на ҳукумат аст.
Шӯҳрат ҚУДРАТОВ, раиси созмони ҷавонони ҲУСДТ
Хушомадгӯӣ дар миёни мардуми мо аз қадим ҳаст, фақат солҳои охир беҳад зиёд шудааст. Чоплусону хушомадгӯён як мақсад доранд, ки ба роҳбар маъқул шаванд ва кӯшиш намоянд аз ин хушомадгӯҳо каме ҳам бошад ба манфиати худ кор кунанд, яъне ягон вазифа гиранд ё ин ки ба мақоми болотаре пешбарӣ шаванд. Оқибати ин корҳо ба поймол гаштани ҳуқуқи шаҳрвандон ва инсон дар ҷомеа, паст шудани сатҳи зиндагии мардум ва болоравии коррупсияву авлодбозӣ оварда мерасонад.
Исмоил ТАЛБАКОВ, вакили Маҷлиси намояндагон
Мутаассифона чунин падида дар ҷомеаҳои суннатии Осиёи миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ба назар мерасад. Хушомадгӯӣ ба роҳбари болоӣ дар Қазоқистон ҳам ҳаст, дар ӯзбакистон ҳам ҳаст ва дар Қирғизистон ҳам дида мешавад ва кишвари мо истисно нест. Вақте як кадри ботаҷриба мебинад, ки нафарони камтаҷриба бо чоплусиву роҳҳои дигар соҳиби вазифаҳои баланд мешаванд, ҳисси масъулиятшиносии кадрҳои арзанда ҳангоми дар сари вазифа будан аз байн меравад. Фикр мекунам, ки дар оянда барои даст кашидан аз чунин амалҳои номатлуб кадрҳоро танҳо аз лиҳози масъулиятшиносӣ ва тахассусу кордонӣ ва садоқат ба миллату давлат ба вазифа таъин кунанд ва муҳим ин ки кораш натиҷаву самара дошта бошад. Меҳвари асосии интихоби кадрҳо ҳамин бандҳо бояд бошад. Агар ҳамин меъёрҳо ба инобат гирифта нашавад, танҳо бо шиорҳо ватанро обод кардан душвор аст. Мутахассисоне ҳастанд, ки хеле варзидаанд ва масъулиятшиносанду мудом кор мекунанд.
Ҷӯра ЮСУФӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ
Яке аз бузургони гузаштаи мо дар ҳаққи чоплусон сухани хуб гуфтааст:
Хушомадгӯ гар аз дунё барафтад,
Халал дар кори шоҳон камтар афтад.
Бо вуҷуди таъкидҳои чандинкаратаи сарвари давлат дар бораи хотима додан ба хушомадгӯиҳову намоишкориҳо ҳанӯз байни мансабдорони сатҳи ноҳияву шаҳр баъзе роҳбароне ҳастанд, ки маҳз ба василаи тамаллуқу хушомад худро дар назди сарвари давлат нишон доданӣ мешаванд. Мутаассифона, ин як дардест, ки аксари мансабдорони мо ба он гирифтор шудаанд. Гӯё танҳо бо тамаллуқ ва хушомад метавон сазовори боварии сарвари давлат гардид. Чунин намоишкориву хушомадгӯиҳо дар дили халқ задааст ва онҳо дигар ба чунин суханҳои мутантани беасоси хушомадгӯҳо бовар намекунанд. Ман фикр мекунам, ки чуноне бо фасод муборизаи қатъӣ эълон шудааст, мебояд, ки дар нисбати хушомаду чоплусиҳо ҳам як мубориза оғоз шавад. Ин мубориза бояд аз сатҳи боло шуруъ гардад. Ҳарчанд сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, аммо хушомадгӯёне боз пайдо мешаванд, ки худи муборизаи сарвари давлат дар атрофии хушомадгӯиро чунон мадҳу ситоиш мекунанд, ки ин боз ба чоплусӣ ва хушомадгӯии нав мебарад. Фикр мекунам, ки ҳар он роҳбареро, ки тамаллуқ мекунаду хушомад мезанад, аммо дар амал натиҷаи кораш маълум нест, бояд ошкоро бо нишон додани камбудиҳояш аз вазифа ронда шавад. Шояд дар ин ҳол пеши роҳи ин падидаи нанговар гирифта шавад. Ин падида дар тарбияи насли наврас, хусусан насли нави сиёсатмадорон халал ворид мекунад. Баъзан дар сатҳи созмонҳо ва кумитаҳои ҷавонон онҳо ба тақлид аз роҳбарони болоияшон ба хушомадгӯӣ ҳамчун василаи пешрафт дар зинаҳои мансаб одат мекунанд. Фикр мекунам, зарараш ба табақаи роҳбарони ояндаи кишвар зиёд хоҳад буд.
Абдураҳмон РАҲМОНОВ, журналист Аслан курсӣ раисону мансабдоронро хушомадгӯ кардааст ва баъдан хушомадгӯӣ дар ниҳодашон будааст. Аз сӯи дигар худи система одамонро ба ҳамин кор маҷбур месозад. Зеро мақоли халқӣ ҳаст, ки агар замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз. Бубинед, касе ки ин амалро написандад ба ӯ дар сохторхои давлатӣ ҷой нест. Паёмадаш маълум аст.