Ширкати «Компасс плюс» барандаи озмуни созмон додани Маркази протсесингии миллӣ барои кортҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон шинохта шуд.
Ба иттиллои маркази матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, ин озмун бо иштироки мутахассисони хориҷӣ ва мувофиқи меъёрҳои анҷом додани озмунҳо аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардидааст. Манбаъ афзуд, амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур ҷиҳати пешрафти хизматрасониҳои бонкӣ барои фаъолияти самараноки низоми пардохт ва зиёд намудани амалиёти ғайринақдӣ дар кишвар саҳми муассир хоҳад гузошт.{jathumbnail off}