Бо шунидани хабари он ки олимони маъруфу бузург ва хатибони масоҷиди шимоли кишвар ба минтақаи Кӯлоб омадаанд, одамони зиёд, ҳатто аз деҳаҳои дурдасти шаҳр ба ин ҷо омада, хостори мулоқот ва зиёрати эшон, инчунин гузоштани намоз шуданд, аммо…
Ҳафтаи гузашта як гурӯҳ аз намояндагон ва ходимони дини вилояти Суғд ба Хатлон сафар карда буданд. Ба иттилои Шариф Абдулҳамидов, раиси кумитаи дини минтақаи Кулоб, меҳмонон аввал аз навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа дидан карда, бо шароит ва фаъолияти шӯъбаҳои дин ва масоҷиди ноҳияҳои ин минтақа ошно шуданд. Баъдан, сафари кории эшон ба минтақаи Кӯлоб сурат гирифт. Меҳмонон рӯзи 5-уми август ба ноҳияи дурдасти ин минтақа- Ховалинг расида, дар баробари шиносоӣ бо фаъолияти кории мақомоти динӣ ва вазъи ислом дар ин мавзеи кӯҳистон, аз оромгоҳи шахси маъруфи олами Ислом, ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ зиёрат намуда, бо тиловати сураҳо аз «Қуръон» ба рӯҳи ин бузургвор, Ховалингро тарк намуданд. Рӯзи дигар ходимони динӣ ва имом-хатибони суғдӣ сафари кории худро дар шаҳри Кӯлоб бо зиёрати оромгоҳи алломаи бузург, ориф ва файласуф Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз намуда, аз шароити намозгузорӣ ва фаъолияти як масҷиди ин шаҳр шинос гаштанд.
Ҷаноби Абдулҳамидов мегӯяд, намояндагони дини вилояти Суғд бо пешниҳоди раиси уламои дини шаҳри Кӯлоб ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода, аз масҷиди ҷомеъи ба марказии шаҳр ба номи имоми Аъзам, ки воқеан миёнаи солҳои 80-уми асри гузашта ба тарҳи он даст зада, то ҳанӯз сохтмонаш шурӯъ нагардидааст, дидан карда, сипас ба масҷиди ҷомеъи ҳоҷӣ Алабердӣ рафта, бо намозгузорони он як сӯҳбати вижа ба анҷом расондаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, аснои фарорасии намози зӯҳр, намояндагони дин ва имом-хатибони Суғд дар якҷоягӣ бо ҳамтоёнашон аз Кӯлоб ва раиси уламои ин ду минтақа тарки масҷид намуда, бо намозгузорони ин масҷид намоз нагузоштаанд.
Рамазон, як сокини ноҳияи Кӯлоб мегӯяд, бо шунидани он, ки шахсони маъруфу бузург ва хатибони масоҷиди вилояти Суғд ба Кӯлоб ташриф кардаанд, одамони зиёде ҳатто аз рустоҳои дуру наздик ба шаҳр омада, хостори дидану мулоқот ва гузаронидани намоз бо эшон гардидаанд. «Аммо чун дидору мулоқот муяссар набуд, ҳамагӣ ба масҷиди Алабердӣ рафта, нияти гузаронидани намози пешин бо уламои динро доштанд. Вале, мутаасифона, дар ин маврид ҳам эшон ба мақсад нарасиданд. Уламои дини Суғд бо роҳбарии домулло Ҳайдар ба ҳангоми азони намози пешин масҷидро тарк карданд. Ин амали эшон хеле аламовар буд. Ҳатто аксарият онро таҳқир унвон карданд».
Ба қавли ҷаноби Абдулҳамидов, дар ҳақиқат меҳмонони суғдӣ бо сабаби камбуди вақт натавонистаанд дар Кӯлоб намоз гузоранд ва тибқи нақшаи пешакӣ сафари кориашонро ба ноҳияи Восеъ идома додаанд: «Ҳайати суғдиёнро, ки Маҳкамбой Алимардонов онро роҳбарӣ дошт, ба хотири ошноӣ бо диндорони минтақа ва таҷрибаивазкунӣ, яъне омӯзишу ҳамзамон фаҳмондани баъзе аз усулҳои кори кумитаи дину имом-хатибон ба вилояти Хатлон омада буданд».
Вале ҳамин масъул ҳеч гуфта наметавонист, ки дар ин маврид чӣ пешниҳоду кадом таҷрибаомӯзиро барои ҳамдигар ба анҷом расонда бошанд: «Масъалаи дигари накшаи кории суғдиҳо ба ҳангоми ин сафар, ин ташвиқот ва тарғиби мазҳаби имом Аъзам буд. Зеро, мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки гурӯҳе аз ҷавонон ба мазҳабу дигар ҷараёнҳои ба ном исломӣ мегараванд».
Аммо ои Абдулҳамидов ба саволи мо, ки чанд нафар аз ин гуна ашхос дар ҳамаи минтақа ба қайд гирифта шудаву чӣ тавр муҷозот шудаанд, раиси кумитаи дини минтақа гуфт, «то имрӯз ягон нафар расман ба қайд гирифта нашудааст».
Аслиддин Достиев