То кунун роиҷ буда, ки аз намак танҳо барои таъм додан ба ғизо истифода шавад, аммо намак корбурдҳои дигаре низ дорад, ки агар аз он иттилоъ дошта бошем, поро аз ошпазхонаҳо фаротар мегузорад.
Бисёре аз мо соатҳо пушти компютер менишинем ва аз ин систем истифода мекунем, ки муҷиби варам кардани чашмҳо мешавад, дар ин маворид танҳо кофист муште намакро дар оби ширгарм ҳал кунед ва бо оғушта кардани пахтае ба маҳлул ва молидани он атрофи чашм ба фурў нишондани варами атрофи чашмҳоятон иқдом кунед.
Намак рутубати атрофи чашмро гирифта ва бо кашидани пўст аз мизони варами онҳо мекоҳад.
Намак барои аз байн бурдани бисёре аз доғҳои сахт, ки бар либосҳо менишинад, кумак мекунад, ки аз ҷумлаи онҳо бояд ба пок кардани доғи хун бар либос бо истифода аз маҳлули намак ва оби сард ва пас аз он шустани либос бо собун ва оби гарм ишора кард.
Бо афзудани намак ба миқдоре руғани зайтун ва молидани он бар рўи пўст ба муддати чанд дақиқа метавонед латофатро ба пўстатон бозгардонед, афзун бар инки вуруди намак аз тариқи пўст гардиши хун дар баданро роҳаттар ва сареътар мекунад.
Дармони оругазидагӣ: Пас аз берун гирифтани неши замбўр маҳлуле аз обу намакро ба маҳали газиши замбўр изофа ва онро ба ҳоли худ раҳо кунед.
Нигаҳдории меваҳо: Маъмулан пас аз муддате, ки меваҳо дар яхдон боқӣ мемонанд, ранги табии худро аз даст медиҳанд, бавижа дар бораи меваҳое, ки ниме аз онҳо хўрда мешавад ва ними дигар боқӣ мемонад, дар ин сурат метавонед бо таҳияи маҳлуле аз обу намак ва оғўштани меваҳо ба ин маҳлул метавонед барои муддате монеъи тағири рангу таъми онҳо шавед.
Нигаҳдории шир ва аз байн бурдани талхии қаҳва : Бо афзудани як қошуқи чойхўрӣ намак ба шире, ки тоза харидорӣ шуда метавонед муддати нигаҳдории он дар яхчолро афзоиш диҳед, ҳамчунин метавонед бо афзудани миқдоре намак ба қаҳваи худ аз талхии он раҳоӣ ёбед.
Барои инки монеъи об шудани шамъҳо шавед, метавонед шамъҳои навро барои муддати ду то се соат дар маҳлули ғализ аз намак қарор диҳед то монеъи обшавии онҳо шавед.
Лифҳои ошпазхона, ки ба таври маъмул барои шустушўи зарфҳо аз он истифода мешавад, маҳали ҷамъшавии бисёре аз бактерияҳост, ки ё ба он аслан тавачҷуҳ накардаем ё ин мавзўъ камтар мавриди таваҷчуҳ қарор гирифтааст, дар ҳоле, ки ба осонӣ метавонед бо таҳияи маҳлули ғализе аз обу намак қарор додани лиф ба муддати ду то се соат дар он, онро зиддиуфунӣ кунем.
Агар муште намакро рўи шўълаҳои бухорӣ бирезед, натиҷаи ҳосил аз сўхтани газ шўълаҳои норинҷиранг аст, ки ба коҳиши дуда ва дуд кумак хоҳад кард.
Метавон бо афзудани як паймона намак дар як чаҳоруми финҷони дорои оби ширгарм ва ғарғара кардани он ба муддати 20 сония аз дардҳои дандон ва гулўи худ бикоҳед.
Манбаъ: Хабаргузории Форс