Ҷомеъаи хабарнигории Тоҷикистон ба хулосае омад, ки унвонии вазоратҳои қудратии кишвар муроҷиатнома ирсол намояд. Зеро вақтҳои ахир дар фаъолияти касбии онҳо мақомот монеъа эҷод менамояд…
Бахшида ба рӯзи ҳамраъйии журналистон дар толори хурди бинои «Шарқи озод» ҳамойиши вижа таҳти унвони «Нақши ВАО дар таъмини суботи ҷамъиятӣ ва ҳуввияти миллӣ» баргузор гардид.
Дар ин нишаст, Акбаралӣ Сатторов, райиси ИЖТ, Хуршед Ниёзов, котиби генералии Медиа-Алянси Тоҷикистон, Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири кулли Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Зафари Суфӣ, мудири кулли Гурӯҳи расонаҳои «Озодагон», Рустами Ҷонӣ, сарвари кулли ширкати "Ориёно-Медиа", Саймуддин Дӯстов, райиси бунёди «ИНДЕМ»,Нуриддин Қаршибоев, роҳбари АМВАОТ,Умед Бобохонов, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Азия-плюс”, Раҷаби Мирзо, роҳбари Маркази тадқиқоти сотсиологии “Бозтоб”, Қироншо Шарифзода, раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Журналист”, Ҳуриниссо Ализода, сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва намояндагони расонаҳои хабарии кишвар иштирок ва суханронӣ доштанд.
Дар нишасти мазкур бархе аз хабарнигорон ва муассисони расонаҳои кишвар аз муносибати сард ва бархӯрди дурушти ниҳодҳои қудратӣ тайи рӯзҳои ахир бо журналистон изҳори нигаронӣ карданд. Ба таъкиди онҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вақти зарурӣ ба ВАО аз додани иттилоот ба ҳар баҳона худдорӣ мекунанд, аснои иҷрои рисолати касбии хабарнигорон ба онҳо монеъа эҷод менамоянд.
Иштирокдорони нишаст атрофи ҳаводиси Хоруғ, қатъ шудани алоқаи мухобирот ва интернет, инчунин чанд ҳодисае дигаре, ки дар Душанбе рух дода буд, ёдовар шуда атрофи ин ду мавзӯъ бештар сӯҳбат намуданд.
Дар мавриди ҳодисаи 6-уми сентябр (аз сӯхтори бозори Корвон ва то раҳпаймоии тоҷирон) қайд шуд, ки он рӯз садҳо нафар фурӯшандагони бозори «Корвон» дар пайи сӯхтори макони тиҷорати худ ба маркази шаҳр баромада, бо кӯчаи Саъдии Шерозӣ ҷониби корхонаи нассоҷӣ маъруф ба «Текстил» қадам мезаданд. Савдогарон изҳор медоштанд, ки ба шаҳрдорӣ барои расонидани арзу шикоят ва додхоҳӣ мераванд, на бештар аз он: «Дар ин росто журналистон инъикоси ҳодисаи мазкурро рисолати касбӣ дониста, пайи анҷоми вазифа буданд, аммо бархеи онҳо мавриди боздошт ва таҳдиди мақомот қарор гирифтанд, ки ин мӯъҷиби нигаронӣ аст».
Маврид ба ёдоварист, зимни сабт намудани рафти ҳодиса дар назди корхонаи мавсум ба «Текстил» чанд журналист- Зарринаи Хушвахт, Ибодуллоҳи Тоир, Саймуддин Дӯстов, Зеваршоҳи Муҳаммад ва Ҳарамгули Қодиру чанд тани дигар мавриди таҳдиду зӯроварӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифта, аксбардору садогири онҳо гирифта шуд ва баъдан баргардонида шуданд.
Дар поёни ҳамойиш, ҷомеъаи хабарнигорон ба хулосае омад, ки унвонии мақомоти қудратии кишвар муроҷиатнома ирсол намояд.
Нилуфари КАРИМ