Бо наздик шудани 9-уми сентябр ҳамасола дар садову симои давлатӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатии кишвар гузоришу барномаҳои аз меъёр зиёди таблиғӣ омода ва пахш мешаванд. Ин аст, ки доир ба мазмуну мӯҳтаво ва инъикоси барномаҳои якхелаи телевизионӣ дар ҳафтаномаҳои мустақил рӯзноманигорон борҳо матолиби гуногун навиштанд. Аммо ин навиштаҳо аз ҷониби ҳамкасбони давлатӣ ва роҳбарони шабакаҳои телевизонӣ "маводҳои ғаразомез" унвон шуда, ҳеҷ тағйироте дар самти барномасозӣ дида нашуд. Дар давоми солҳои Истиқлолият барномаҳои телевизионӣ ҳамоно бо таҳлили якҷониба омода шуда истодаанд. Хуб, дар ин баҳс мо мазмуну мӯҳтавои барномаҳоро ба виҷдону номуси муҳаррирон ва роҳбарони шабакаҳои телевизионии кишвар ҳавола намуда, таҳлили онҳоро ба ихтиёри кормандони идеологии давлат мегузорем.
Дар ин ҷо диққати шумо хонандаи мӯҳтарамро асосан ба якчанд дурӯғе, ки ҳамчун андеша аз ҷониби баъзе шаҳрвандони кишвар дар ВАО-и давлатӣ пешниҳод мешаванд, ҷалб намуда, умед бар он мебандам, ки худатон хондаву қазовати мунсифона мекунед. Зеро дурӯғи бисёр амали зишт ва нангин буда, метавонад дар фурсати наздик шунаванда, бинанда ва хонандаро роҳгум занонад. Дурӯғи аз ҳаду марз берун боиси касодии ахлоқ дар ҷомеа ва нафрати мардум гашта, балоҳои гуногунро метавонад ба бор орад. Хусусан, дурӯғе, ки фарқ байни ҳақу ботил ва шинохти арзишҳои инсониро ба дунбол дошта бошад. Инак таваҷҷӯҳ кунед ба ДУРӯҒҲОИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ:
Дурӯғи 1
Агар Шумо эътибор дода бошед, дар тамоми сӯҳбатҳои телевизионӣ вақте бо донишҷӯдухтарон ҳамсӯҳбат гашта, аз онҳо андешаашон дар хусусии таҳсил пурсида мешавад, дар посух мегӯянд: "Шукронаи Истиқлол, ки мо таҳсил карда истодаем" ё "Истиқлолият ба мо имкон дод то ба таҳсил роҳ ёбем". Гӯё пеш аз ба даст овардани Истиқлолият таҳсил барои духтарон мамнӯъ буд! Ё чунин ба назар мерасад, ки режими пештара барои босаводу соҳиби илм шудани духтарон монеа эҷод мекард. Аҷаб андешаи дурӯғине!
Тибқи шаҳодати бештари мардум ва қавонини Шӯравӣ, таълиму тарбияи ҷавондухтарон дар сатҳи баланд қарор дошт. Шароити дарсхонӣ ва таъмини моддии духтарони Шӯравӣ ба маротиб аз замони Истиқлол болотар буд. Аз ин рӯ, духтарон танҳо дар фикри илмомӯзӣ буда, ба бероҳагардиву корҳои ғайриахлоқӣ машғул намешудаанд. Аммо дар замони Истиқлолият бо тақозои шароит баъзе духтарон ба ивази маблағ номус ва ҳайсияти худро фурӯхта, даст ба корҳое мезананд, ки аз чаҳорчӯбаи одобу ахлоқ берун аст. Ҳамин боис гашта, ки имрӯзҳо фасоди ахлоқӣ дар байни ҷавондухтарон рӯ ба афзоиш дорад. Дар замони Шӯравӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе мисли даврони Истиқлол ҷавондухтарон бо либосҳои нимбараҳна дар даст пиво, дар даҳон сигор ҳатто аҳёнан ба чашм намерасид. Аммо имрӯз чӣ?! Пас, чаро дар назди экрани телевизион бояд дурӯғ гуфт? Чаро дар муқоиса сухан намегӯянд?
Баъзе бар ин андешаанд, ки чун ин насл дар фазои дурӯғгӯӣ тарбия ёфтааст, ҳар сухане, ки омӯзонандаш тӯтивор такрор мекунад. Ба ин насл дурӯғ гуфтаанд, ки ҳоло ин давр беҳтар аст, аммо нафаҳмонидаанд, ки бо кадом шароиту кайфият. Агар ҳакикатро рӯйпӯш карданиед, ҳади ақал рост гӯед, ки замони пеш аз Истиқлол ҳам духтарон таҳсил мекарданду барояшон монеа набуд, то ИН НАСЛ ДАР РУҲИЯИ ДУРУҒГӯӣ ТАРБИЯ НАЁБАД!
Дурӯғи 2
"Шукронаи Истиқлол, ки мардону занон баробарҳуқуқанд". Ин ҷумлаест, ки дар бештари маврид тариқи телевизион аз ҷониби занҳои ба қавле, бомаърифату равшанфикр садо медиҳад. Аҷабо! Кӣ гуфт пеш аз замони Истиқлол занону мардон баробарҳуқуқ набуда, ҳуқуқи занон поймол мешуд? Баръакс, зан - модар дар замони пеш аз Истиқлол соҳиби эҳтироми бештар буд. Мисли замони соҳибистиқлолӣ ҳақорату таҳқири модарону занон дар кӯчаву бозор, мактабу донишгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ сари ҳар қадам шунида намешуд. Дуруст, ки дар замони пеш аз Истиқлол занон дар колхозу совхоз ё дигар корҳои ҷисмонӣ мисли имрӯза кор мекарданд. Аммо онҳо ба маротиб аз занони замони Истиқлол хушбахтар буданд. Зеро фарзандону шавҳарҳояшон ҳамеша дар барашон буда, ба муҳоҷирати дарозмуддат намерафтанд. Шароити зиндагииашон хуб буд. Имрӯз вақте мебинем як зан тариқи телевизион мегӯяд "занони замони Истиқлол занони хушбахти замони худ ҳастанд" кас дар тааҷҷуб мефтад, ки чӣ гуна? Ин қадар модарону хоҳароне, ки бо музди ночиз машғули коранд, ё шавҳару фарзандонашон дар муҳоҷират қарор доранд, бархеаш ба назди зану фарзандаш бар намегарданд, онҳо чӣ гуна занони хушбахти замони Иситиқлол ҳастанд?! Магар он занҳоеро, ки дар раванди ин муҳоҷирати носолим шавҳару ҷигаргӯшаҳои худро аз даст доданд, метавон хушбахт номид?! Охир, намешавад бо ин чор сарояндаву рақосаи хандон, ки дар телевизион ва консерту чорабиниҳо мерақсанду месароянд, ҳамаи занону модарони тоҷикро хушбахт гуфт!
Дурӯғи 3
"Бо ба даст овардани Истиқлолият зиндагии мо омӯзгорон беҳ шуд. Шукронаи соҳибистиқлолӣ, ки мо имрӯз бо тарбияи насли наврас машғулем ва дар ин самт ҳеҷ мушкилие надорем". Ин иқтибосҳоеанд аз суханрониҳои омӯзгорон. Аз шунидани ин дурӯғҳо саволҳои зиёд пайдо мешавад, ки пеш аз гуфтани чунин суханҳо аввал бояд ҷавоби ин суолҳоро дошта бошанд. Масалан, омӯзгори мӯҳтарам бигӯ, ки пеш аз Истиқлолият зиндагиат чӣ гуна буд? То замони соҳибистиқлолӣ аз кадом мавқеъву обурӯ бархурдор будӣ? Устоди азиз, пеш аз Истиқлол дар тарбияи насли наврас чӣ мушкилӣ доштӣ?
Ҳақиқат ин аст, ки зиндагият олӣ буд, сазовори мавқеъ ва обурӯи баланд будӣ, дар тарбияи насли наврас ҳеч мушкилие надоштӣ… Омӯзгори мӯҳтарам, муаллими меҳрубон ва устоди азиз, пас чаро дар рӯ ба рӯи дастгоҳи наворбардорӣ дурӯғ мегӯӣ? Дар ҳоле хуб медонӣ, ки ба насли ҷавон дурӯғ гуфтан самараи хуб намедиҳад. Инчунин пӯшонидани ҳақиқат ҳамеша бар зарари кор анҷом меёбад. Чаро аз шароитҳои хуби замони худ ба шогирдонат намегӯӣ? Чаро фарқгузории як зиндагиву шароити хубро аз бад ба шогирдонат намефаҳмонӣ? Чаро бо шиорҳои пучу холӣ ҳамеша аз ин шароит таъриф мекунӣ чарову чарову чаро?????
Дурӯғи 4
"Шукрони Истиқлолият мо ба тайёр кардани кадрҳои воқеан миллӣ комёб гардидем". Ин ҳам суханест, ки борҳо дар телевизионҳои мо гуфта шудааст ва мешавад. Аҷиб! Пас, то ин замон кадрҳое. ки моро роҳбарӣ мекунанд ғайримиллианд? Охир, аз роҳбари давлат сар карда то идораву вазоратҳо, корхонаву фабрикаҳо ва сардорони раёсату шӯъбаҳо кадрҳои тарбиятёфтаи замони шӯравианд. Онҳо чӣ гуна худашонро шахсони миллӣ ва пешвоёни миллат меҳисобанд? Чӣ гуна мешавад, ки зимоми як миллат дар дасти кадрҳои ғайримиллӣ бошад? Мӯҳтарам, роҳбарони шабакаҳои телевизионӣ як бор ба мантиқи ҳамин сухан аҳмият диҳед. Охир, ин ҳама шоиру нависанда, зиёиёну олимон тарбиятгирифтаи замони пеш аз Истиқлоланд. Шумо андешаи баъзеҳоро дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба ин мазмун, ки "мо ба таёр кардани кадрҳои миллӣ мушарраф гардидем", дар замони соҳибистиқлолӣ борҳо пахш кардаед. Куҷост он кадрҳои воқеан миллиатон? Дар куҷо кор мекунанд? Ё байни кадрҳои миллии замони Истиқлол ва кадрҳои Шӯравӣ чӣ бартарие аст? Шояд кадрҳои замони соҳибистиқлол баъди 20 соли дигар пайдо шаванд. Зеро кадрҳои омоданамудаи замони Шӯравӣ ҳоло барои 20-30 соли дигар кофианд. Пас, чӣ лозим дурӯғ гуфтан инаш милливу дигараш гайримиллӣ? Ҳар касе, ки софдилона барои ин миллат хидмат мекунад, корашро дар сатҳи касбият медонад, ӯ барои мо кадр аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ бештари кадрҳои хуб дар хориҷи кишвар тарбия меёбанд.
Дурӯғи 5
"Шукронаи Истиқлолият ки мо ба як зиндагии арзанда ноил гаштем". Ин ҳам аз суханони машҳури телевизионӣ аст, ки дар арафаи ҷашни Истиқлол зиёд садо медиҳад. Мӯҳтарам, роҳбарони шабакаҳои телевизион кадом зиндагии арзандаро дар назар дошта бошанд? Зиндагие, ки се моҳ барқ дораду нӯҳ моҳи дигар не? Ҳамин зиндагии бидуни газу об? Зиндагие, ки як умр аз паси кори арзандаву мувофиқ мегардӣ? Зиндагие, ки як моҳ дар ватанию ёздаҳ моҳи дигар дар зери азобау машақат дур аз риояи ҳамагуна ҳуқуқҳои башарӣ? Агар ин зиндагиро дар муқоиса бо зиндагии пеш аз Истиқлолият хубу арзанда гуфта бошем, боз ҳам дурӯғ гуфтаем.
Инҷо метавон садҳо чунин дурӯғҳоро мисол овард, аммо ба ҳамин панҷ дурӯғ иктифо мекунем. Зеро барои дурӯғҳои телевизионҳоро навиштан, даҳҳо китоб камӣ мекунад. Вале барои он ки хонандаи мӯҳтарам дар ҳар сатр ғараз наҷӯяд, бояд махсус зикр намуд, ки бо ин навиштаҳо мо ҳеч мухолафате бо Истиқлолияти давлатии кишвар надорем. Ин Истиқлолиятро мо низ дастоварди бузурги миллати тоҷик медонем ва барояш арҷгузорӣ мекунем. Аммо мақсад ин аст, ки набояд ДУРӯҒ гӯем ва барои фиреби мардум калимаи Истиқлолро истифода накунем. Бояд ба мардум фаҳмонем, ки Истиқлолияти комил, яъне зиндагии арзанда ва пешрафти шумост на бадбахтиву хориву зиллат. Вагарна бо ин таърифу тавсифи дурӯғ ва ҳилаву найранг дур нахоҳем рафт.
Истиқлолият ба мо чӣ дод?
Ин ҳам яке аз саволҳои машҳури телевизионӣ аст, ки ҳар сол дар тамоми барномаҳо ба ҳамаи ҳамсӯҳбатони телевизионӣ пешниҳод мешавад. Онҳо ин дастовардҳоро чунон ҷилва медиҳанд, ки гуё мо бо бадаст овардани Истиқлолият як давлати пешрафтаву муқтадир шудаем. Кош чунин ҳам шавад. Аммо ҳанӯз ҳам истиқлолияти энергетикӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ надорем. Ҳанӯз ҳам ҳамсояҳо мушти зӯрашонро ба мо нишон дода, роҳҳову газу барқамонро маҳкам мекунанд. Агар Истиқлолияти воқеъӣ мехоҳем, бояд аз баҳри дурӯғу сафсатагӯиҳо бигзарем. Даври ҳам оему мушкилиҳоро бо ҳам бинем. Нагӯем ту аз маҳалли ман нестӣ ё ту ҳизби фалонию ман ҳизби фалон. Бо сохтани як парчаму нишону чанд қаср ё тарбияи ду варзишгар наметавон дар бораи дастовардҳои "бузург"-и истиқлол ҳарф зад. Ё сохтану таъмири чанд километр роҳ, кандани ду нақб, сохтани якчанд мактаб, ки он ҳам бештараш бо қарзҳову грантҳои хориҷӣ аст, намешавад аз истиқлолияти комил ҳарф зад. Ин сохтанҳо дигар вазифаи мо аст, на дастоварди касе. Вазифадорем барои ин ватан бисозем, агар сохтем, набояд бо таърифу тавсиф ба мардуми худ миннат кард. Зеро мардум ин дастовардҳои "бузурги" моро кайҳо дидаву баҳогузорӣ кардаанд.
Истиқлолият дар қафас
Вақте як парандаро аз хурдӣ дар қафас тарбия мекунӣ, он тамоми озодиву истиқлолияти хешро маҳз дар дохили ҳамон чаҳорчӯбаи танг мебинад. Ин аст, ки бо андак обу дона барои шумо суруд мехонаду табъатонро болида мекунад. Хусусан, агар ин паранда Тӯтӣ бошад, он ба ҷуз аз ҳарфҳои омӯхтаи Шумо чизе зиёд гуфта наметавонад. Тамошои парандаи дар қафас аз берун барои соҳибаш лаззат дорад. Аммо нафароне ҳам ҳастанд, ки аз тамошои ин қафас дилтанг мешаванд.
Дар маҷмӯъ қафас чизи хубе нест. Вале агар он паранда дар дашту марғзорҳо мегашт ва ақл медошт, то лаззати ин ҳама озодиҳову зебогиҳои табиатро мефаҳмид, кайҳо аз қафас гурехта буд. Тамоми кӯшишашро барои раҳоӣ аз он қафас мекард. Баъзан соҳиби қафас даричаи онро кушода ҳам мемонад, аммо паранда, ки унс гирифтааст, намегурезад. Баъди каме парвоз гашта дохили қафас медарояд. Гоҳҳо телевизионҳо низ ҳамин қафасро ба хотир меоранд. Аз ин хотир, шоиста нест, ки Истиқлолиятро дар қафас ҷилва диҳӣ. Зеро чун Истиқлолиятро дар қафас мебинӣ, арзишаш бароят гум мешавад ва аз маънои ҳақиқиаш бардоштҳои дигар мекунӣ…
Ба ҳар ҳол, имрӯз ҳар нафаре, ки дар хона, коргоҳ ё ҳар гӯшаву канори дунё қарор дорад, ҳамин ки эҳсос кард дар ватане чун ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ зиндагӣ мекунаду маҳз ин соҳибистиқлолӣ кафили ЗИНДАГИИ АРЗАНДАИ ӯСТ ва ё муҷиби ватандориаш шудааст, барои ин нафарон ИСТИҚЛОЛИЯТРО МУБОРАК МЕГӯЯМ!
Далер ШАРИФОВ