Mутаасифона шахсиятҳои барҷаста ва бузурги миллат дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз байн рафтанд ва моро хеле зиёд ақиб бурданд вагарна ба як дастоварди бузург ва ба як кишвари пешрафтатаре ноил мегаштем.
Cайфулло САФАРОВ, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии ТоҷикистонИстиқлолият ин ҷашн аст ва дар ҷашн аз бохтҳо сӯҳбат кардан хуб нест. Чунки бохтҳо маълуманд ва камтар аз онанд, ки бурдҳо дорем. Бурди нахуст ин аст, ки давлати мустақили Тоҷикистон ташкил ёфт ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро эътироф кард. Аз лиҳози сиёсӣ, равандҳои демократӣ дар кишвари мо хеле васеъ паҳн шуданд, интихоботҳо ташкил шуданд, дар интихоботи ахир намояндаи панҷ аҳзоби сиёсӣ дар Парлумон роҳ ёфтанд, ки ин худ бурд аст. Бунёд шудани мактабу сохтмонҳои барҳаво, қасрҳои варзишӣ, дар сатҳи байналмиллалӣ баромад кардани варзишгарони Тоҷикистон ва гирифтани ҷойҳои муайян аз тарафи онҳо бо шарофати истиқлолият буд. Китобхонаи беҳтарини минтақавии миллии Тоҷикистон, осорхонаи миллӣ, нақбҳои Истиқлолу Шаҳристону Чормағзаку Шар-шар, ки дар қисмате кор ба охир расидааст ва дар бахше дар ҳоли анҷомёбист. Ҳамчунин бунёди пулҳои бузург дар Бадахшон, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, аз дастовардҳои дигари замони истиқлол аст. Аз лиҳози иқтисодӣ низ бурдҳои зиёд дорем. Ҳатто дар замони бӯҳрони иқтисодӣ, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, рушди иқтисодии Тоҷикистон 3,4 %-ро ташкил дод. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ рӯ ба афзоиш аст ва аз 2,5 миллиарди соли 2000-ум ба беш аз 30 миллиард сомонӣ дар соли 2012 расид. Бурду бохтҳоро хуб медонам, вале ба хотири ҷашни истиқлолият, ки дар пеш аст, маҳз бурдҳоро номбар мекунам. Зеро дар ҷанги иттилоотие, ки сурат мегирад, баъзе таҳлилгарон ва рӯзноманигорон аз манфиатҳои миллӣ ҳимоя накарда истодаанд. Онҳо ба осиёби душманони иттилоотиву душманони манфиатҳои миллии Тоҷикистон об мерезанд ва бештар сари камбудиҳое ишора мекунанд, ки он камбудиҳо ислоҳшаванда аст. Мисол меоранд, ки дар Тавилдара чӣ буду дар Рашт чӣ гузашту дар Бадахшон чӣ воқеа шуд. Бояд таъкид кард, ки вақте давлат дар муқобили ҷинояткороон қарор мегирад, мардум бояд бо давлати худ бошад. Мардум бояд аз давлати худ ҳимоя кунад то ин ки сулҳу оромӣ аз даст наравад.
Озар ЮСУФӣ, сокини шаҳри ДушанбеАгарчи 21 сол аз истиқлолият сипарӣ мешавад, вале мутаасифона мардум ҳануз ҳам ба дарки аслии он нарасидаанд ва мо ҳануз ҳам дар пойбандӣ ба андеша ва ғояҳои бегонагон қарор дорем, ки ин худ истиқлолияти моро зери суол мебарад. Ҳарчанд истиқлолият давлатист, аммо ба он истиқлолияти комиле, ки миллат орзӯ дошт, мушарраф нашудаем. Бурдҳо бошад, ин зинда кардани арзишҳои миллӣ ба монанди байналмилалӣ кардани наврӯз дар сатҳи ҷаҳонист. Аммо дар соҳаи иқтисодӣ ба 3 ҳадафи стратегие, ки кишвари мо дар назди худ пеш гузоштааст, ба он нарсидаем. Чун амнияти озуқаворӣ пурра таъмин нест ва дар истиқлолияти энегетикӣ ҳам ҳануз норӯшанӣ вуҷуд дорад зеро сарнавишти Роғун номуаян аст. Барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳам он барномаҳои ҳукуматие, ки буданд амалӣ намешаванд. Дар бахши муҳоҷират ҳам камбудиҳо ҳалли худро наёфта мардум аз ночорӣ рӯ ба Русия меоваранду дар он ҷо ҳуқуқҳояшон поймол мегардад ва кишвари мо муваффақ нашудаст дар ин самт коре кунад то мушкили онҳоро каме ҳам бошад, осон кунад. Дар сиёсати хориҷиямон ҳам як номуаяние дида мешавад чун то имрӯз натавонистанд аз он манофеъи миллиямон ҳимоя намоянд. Инак наметавон гуфт, ки мушкилоти мавҷуда ба нафъи кӣ ҳал мешаванд.Сарнавишти объектҳои стратегӣ ба монанди Роғуну фурудгоҳи Айнӣ ва низ будубоши марзбонони рус ҳалли худро наёфтаанд. Сиёсати дарҳои бозамон бештар ба нафъи бегонагон анҷом меёбаду манофеъи миллӣ зери по мемонанд мисли оне, ки дар Бадахшон порае заминҳо аз даст рафтанду изҳороти расмие дар ин хусус пахш нашуд.Дар як истиқлолияти воқеӣ миллат бояд аз ҳамачӣ огоҳ бошад, вале тавре мебинем бештари чизҳо дар паси дарҳои баста анҷом меёбанд. Интизороте, ки мардум дар ин 21 сол аз ҳукумат дошт, бароварда нашуд ва ҳукумат бояд ҷиддитар андеша кунад, зеро бозӣ кардан бо сарнавишти 7 млн. нафар хуб нест ва мардум ба ояндаи нек чигуна метавонад умед бандад вақте ваъдаҳои дода шуда иҷро намешаванд. Бо гап наметавон кореро анҷом дод ва вақти он расида то ба амал гузарему барномаҳои ваъдагӣ ба мардум амалӣ гарданд.
Усмон СОЛЕҲ, мудири шӯъбаи таблиғотии ҲХДТ Истиқлолият пеш аз ҳама ба мо соҳибихтиёрӣ, мустақилият ва он чизеро дод, ки барои як ҷумҳурии мустақил дар арсаи ҷаҳонӣ даркор аст. Масалан мо ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлол дар созмонҳои байналхалқӣ минҷумла Созмони миллали муттаҳид овози мустақили худро дорем. Истиқлолият инчунин як ифтихор ҳам ҳаст, ки мо шаҳрванди як ҷумҳурии мустақил ҳастему истиқлолият боиси ифтихори баланди мардуми Тоҷикистон аст. Тинҷиву амониро бароямон ҳадя овард. Чунончи дар баробари созишномаи сулҳ эъломияи истиқлолияти давлатӣ ҳам дар як радиф қарор доранд. Агар як тояш бароямон сулҳу субот оварда бошад дигараш Тоҷикистонро ба давлатҳои ҷаҳонӣ шиносонд. Аммо истиқлолияти як ҷумҳурӣ ба сари худ ҳануз як чизи комил несту ҷумҳурӣ аз худ ташаббусҳо нишон медиҳад. Тавре бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин барномаҳо сурат гирифт, ки дар арсаи ҷаҳонӣ обрӯи ҷумҳурии моро баланд бардошт. Манзурам соли байналхалқии оби тоза, 10 солаи об барои ҳаёт ва пешгирии обшавии пиряхҳо аз ҷумлаи ташаббусҳои президенти мост, ки дар арсаҳои ҷаҳонӣ садо дода ва боиси дастгирӣ шудааст. Истиқлолият ба мо озодӣ ҳам дод, чун вақте тинҷиву оромист, ҳуқуқҳои инсон ҳимоя карда мешаваду худи шахсият ҳам рушд меёбад. Дар ин 21 сол бохте надоштем, фақат дар баъзе аз масоили иқтисодӣ минҷумла бунёди сохтмони Роғун бо монеъаҳои эҷод кардаи баъзе аз кишварҳои ҳамсоя ин масъалаи иқтисодӣ ба як масъалаи сиёсӣ табдил шудааст. Инҳо монеъаҳоест, ки барои мо ба таври сунъӣ доранд эҷод мекунанд, вале бохте надорем.
Сайидумар ҲУСАЙНӣ, муовини раиси ҲНИТДар ин 21 сол бурдҳову бохтҳои зиёде ҳам доштем, ки онҳо зиёданд. Аз умдатарини онҳо дар радифи бохтҳо метавон онро номбар кард, ки мо мутаасифона аз истиқлолият хуб истифода набурдем ва бо тавтеъаи дастҳои бегона дар кишвар ҷанге роҳандозӣ гардид, ки ба муддати 5 - 6 сол хеле кишварро хароб карду ба қафомондагӣ бурд ва ин бохтест, ки дар замони истиқлолият падид омаду ин чиз дар зеҳни бисёриҳо як сиёҳиро бар ҷо гузошт, ки гӯё истиқлолият як чизи баде бошад. Имрӯз агарчи вобастагӣ ҳам дошта бошем, вале ба ҳар сурат мо давлатдорӣ ва сиёсати худро ба даст овардему як икшвари мутақили тоҷиконем, ки инро метавон умдатарин бурди мо дар истиқлоляит номид. Замоне, ки тоза ба истиқлолият расида будем, нерӯҳои мухталифе, ки тавассути дастҳои бегона ба ҷони ҳам андохта шуда буданд яъне агар аз фикри он мардуме, ки миллатдусту истиқлолхоҳ буданд, агар аз онҳо истифода бурда мешуд, ба як пешрафти саноатии бузурге мерасидем. Вале мутаасифона шахсиятҳои барҷаста ва бузурги миллат дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз байн рафтанд ва моро хеле зиёд ақиб бурданд вагарна ба як дастоварди бузург ва ба як кишвари пешрафтатаре ноил мегаштем.
Алим ШЕРЗАМОНОВ, раиси ҲУСДТ дар БадахшонҲаракати тоҷикон барои озодихоҳӣ охири солҳои 80 то соли 1992 идома ёфт. Дар ин муддат бо пофишории равшанфикрони тоҷик Қонун дар бораи забони давлатӣ қабул гашт, ки муайянкунандаи тақдири минбаъдаи ин халқу ин давлат шуд. Манзурам, ин қонун дар Маскав ва Кумитаи марказии Ҳизби коммунист чун бонги изтироб қабул карда шуд ва сабабгори воқеаҳои минбаъдаи Тоҷикистон шуд. Интихоботи президентӣ дар ин сол мавқегирии гуруҳҳоро нишон дод. Яъне 30 дар сади мардум ҷонибдори дигаргуниҳо ва аксарияти кул ҷонибдори режими пештара ва нигоҳ доштани собиқ шӯравӣ баромаданд ва ахиран дар натиҷаи ГКЧП ҷумхуриҳои собиқ шӯравӣ яке паси дигаре инъоме бо номи истиқлолиятро ба даст оварданд. Имрӯз, ки мо ин рӯзро бо ҳашамат ҷашн гирифта истодаем, саволе ба миён меояд, ки оё дар он рӯзҳо касе буд, ки ба ин инъом хурсанд шуда бошад? Агар як гурӯҳ дар мотами шӯравӣ нишаста буданд, қисми дигар Тоҷикистонро ҳанӯз ҳам мустақил намешумурданд. Муқобилистии ин ду гурӯҳ дар Тоҷикистон сар шуд ва ба тадриҷ он аз мубориза барои истиқлолият ва демократия ба муборизаи маҳалҳо барои курсиҳо дар ҳокимият табдил ёфт. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки боиси хисороти зиёди молӣ ва ҷонӣ гашт, шуруъ шуд. Дар натиҷа як тарафи ҷанги шаҳрвандӣ ғолиб шуда, ин ғолибиятро сессияи "таърихӣ"-и 16-и Маҷлиси олӣ дар Хуҷанд тасдиқ кард. Минбаъд ин гурӯҳ, ки усулан дар ибтидои даргириҳо чи хеле, ки аз шиорҳояшон бар меомад, зидди истиклолияти давлатӣ буданд, мафҳуми истиклолиятро монанди дигар дороиҳо хусусӣ гардонданд ва то соли 1997 як гурӯҳи калони шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ғурбат қарор доштанд, онро ҳамчун як мағлубият мефаҳмиданд. Баъди имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ умед пайдо шуд, вале минбаъд он низ яктарафа нақз шудан гирифт ва оқибат бо воқеаҳои Хоруғ хулоса ҷамъбаст ёфт. Аз дастовардҳои истиқлолият агар ба қафо назар афканем, ба ҷуз эътирофи он аз тарафи ҷомеъаи ҷахонӣ ва суханрониҳо аз минбари СММ, ташаббусҳои оби тоза, ҷашнҳои ботантанаи истиклолият дигар чизе ба назар намерасад. Аз бохтҳои истиқлолият агар гап занем, ин асосан муносибат бо давлати ҳамсояи ӯзбакистон мебошад, ки ба сабаби истиқлолият ба он даст ёфтем ва имрӯз роҳҳои мо баста мешаванд, шаҳрвандони мо, ки дар он тараф хешу табор доранд дар сарҳад ба ҳалокат мерасанд, мардуми Тоҷикистон дар зимистон аз бебарқӣ азият мекашанд.
Аброри ЗОҲИР, директори китобхонаи ба номи Лоҳутӣ Бохти истиқлоли Тоҷикистон ин ҷанги шаҳрвандӣ буд ва бурдаш ваҳдат буду дигаргуниҳое, ки дар ҷомеа ба вуҷуд омадааст, мебошад. Қаблан истиқлолият надоштем ва ҳама кори мо аз марказ ҳал мешуд. Тоҷикистон мустақилона ягон тасмим гирифта наметавонист. Давраи истиқлолият нишон дод, ки мо миллионҳо тон пахта содир намекунем ва чунин тавоноӣ ҳам надорем, лекин сохтмонҳои азим, ободонӣ ва тараққиёт дида мешавад. Ҳарчанд ҳастанд нафарони норорзӣ, ки мегӯянд, ки ин корҳо ҳеч аст. Хуб, ин аз ношукрии афроди ҷомеае ҳаст, ки мо дар он зиндагӣ мекунем. Дар асл мо аз истиқлолият хеле бурд кардем, дигаргуниҳое, ки ба амал омада истодаанд, қонунҳое, ки ба тасвиб мерасанд, пайравӣ аз ҷомеаи демократӣ нишонаи бурди истиқлолияте ҳаст, ки мо ба он муваффақ шудем.
Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, таҳлилгари масоили иқтисодӣ
Мо истиқлолиятро муфт ба даст овардем. Давлати шӯравӣ барҳам хурд ва мустақил шудем. Дар замони собиқ шӯравӣ ҳам дар Конститутсияи СССР гуфта шуда буд, ки 15 ҷумҳурӣ мустақиланд. Вале дар сохти давлатдорӣ мо ҳукумати марказиро нигоҳ мекардем. Ин принсип дар тамоми давлатҳо ҳаст, ки ба ҳукумати марказӣ итоат мекунанд. Ҳамон давра ҳам мо мустақил будем, аз рӯи қонун ғуломи ҳеч давлати дигаре набудем. Мисли имрӯз, ки аз рӯи қонун соҳибихтиёрем, вале боз фишорҳо аз ҷониби баъзе давлатҳо ба назар мерасад. Замони шӯравӣ чунин фишорҳо ҳатто камтар буданд. Агар маънии савол ин бошад, ки дар 21 сол нисбат ба замони шӯравӣ чӣ пешрафт кардем, агар дар ин муддат ҳар сол рушди ММД-ро 13 дар садӣ боло мебурдем, баъд ба рушди иқтисоди соли 1992 мерасидем. Ҳоло мо тақрибан 50 сол аз соли 1992, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ фаъолият дошт, қафо мондем. Ин худ нишони он аст, ки мо ҳеч бурде надорем. Ба ҷуз аз он ки 5 дар сади аҳолӣ тамоми дороиҳоро дар даст доранд ва зиндагиашон шоҳона аст ва боқимонда мардум қашшоқу миёнаҳоланд.